Дар ин рӯзҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шодиву сурур ва хурсандиҳои беҳамто ғалабаи варзишгаронамонро ид мекунанд.
Дар майдони ҳавоии байналмилалии ба номи Ислом Каримов ғолибони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки дар Фаронса баргузор гардид ва дар маҷмӯъ бо ҳашт медали тилло, ду медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, ба таври шоиста ва тантанаи хос истиқбол гирифта шуданд.
Ҳайати олимпии мо бо ин нишондод дар ҳисоби медалҳо дар байни 206 кишвари ҷаҳон мақоми 13-умро касб кардад. Ӯзбекистон дар қитъаи Осиё чаҳорум шуд ва дар миёни кишварҳои ИДМ, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ҳамбастагии исломӣ ва Созмони кишварҳои туркӣ Ӯзбекистон мақоми аввалро ишғол намуд ва ин дастоварди беҳтарин барои Ӯзбекистони Нав аст.
Боз ҳамин нуктаро қайд мекунем, ки ғолибон бо мукофоту ҷоизаҳои хоси давлатӣ сазовор гардиданд, ки боиси ифтихор ва шодиву нишоти онҳову аъзои хонаводаашон гардид. Дар байни варзишгароне, ки пирӯзӣ ба даст овардаанд, ду нафар сокини вилояти Фарғона ва як нафар сокини вилояти Андиҷон мебошанд.
Ба ин тартиб, ғалабаи Асадхӯҷа Мӯйдинхӯҷаев ва Лазиз Муллоҷонови фарғонагӣ ва Ҳасанбой Дӯсматови андиҷонӣ ба таври ҳақиқӣ мақоми ғалабаи таърихиро касб намуд ва боиси ифтихору сарфарозиҳои мардуми ин ду вилоят низ қарор гирифт. Аз ҳама муҳимаш Президенти мамлакат тавассути телефон мустақим қаҳрамонони олимпиро бо пирӯзиашон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж самимона табрик намуд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни суҳбат бо Асадхӯҷа ва Лазизбек чунин гуфт:
«Ба шумо ташаккур арз мекунам ва шодбош мегӯям! Шумо бори дигар исбот кардед, ки Ӯзбекистон дар бокс дар арсаи ҷаҳон беҳамто аст. Шумо каҳрамонони ҳақиқии халқи мо гардидед ва барои ҷавонони Ӯзбекистони Нав мояи ибрати бузург мебошед. Тамоми аҳли ҷамъияти ҷаҳон дид, ки писарони мамлакати мо ба чӣ қодиранд ва ман бо шумо фахр мекунам!».
Чемпионҳо низ бо ифтихору шодмонӣ аз боварии Сарвари давлат ва халқи мо ибрози қаноатмандӣ намуданд ва ба Шавкат Мирзиёев барои таваҷҷуҳ ва шароите, ки дар мамлакат барои ба даст овардани чунин ғалабаҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст, изҳори сипос намуданд. Онҳо қавл доданд, ки минбаъд низ парчами Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд ва номи Ӯзбекистонро дар ҷаҳон тараннум мекунанд.
Дарвоқеъ, то ба пирӯзӣ расидан ва соҳиби медали тилло шудани се муштзани водии Фарғона дар зодгоҳи онҳо мардуми зиёд гирдиҳам омада, боиси баргузории манзараҳои ҷолибу хотирмон гаштанд. Ин гуна мухлисӣ кардан ва бо шӯру шавқ истиқболгирии пирӯзии муштзанҳоямон дар масофаи хеле дур аз Фаронса бори нахуст рӯй дод, ки назираш қаблан ҳаргиз ба вуқӯъ напайвастааст.
Ҳокими вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов баъди Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил ва пирӯзии Ҳасанбой Дӯсматов ба ҳавлии Маъруф Дӯсматов ташриф оварда буд. Аммо ин дафъа вай раванди мусобиқаи ниҳоии байни Ҳасанбой Дӯсматов ва Билол Беннамаро бевосита ҳамроҳи аъзои хонавода ва шавқмандони зиёд аз тариқи монитори калон тамошо кард.
Муштзани андиҷонӣ дар бозии ниҳоии Олимпиада бар рақиби 26-солаи фаронсавии худ ба ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Гуфта мешавад, ӯ дар таърихи Ӯзбекистон аввалин муштзане маҳсуб шуд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ду медали тилло ба даст овардааст. Баъди ӯ чунин ғалабаи хотирмонро Баҳодур Ҷалолов мардонавор такрор намуд ва ба мардуми мо шодӣ бахшид.
Ёдовар мешавем, ки Ҳасанбой бо рақиби худ – Билол Беннама соли 2023 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Тошканд вохӯрдааст ва бо нокаут бар ӯ пирӯзӣ ба даст овардааст. Барои ҳамин то андозае огоҳ буд, ки рақибаш аз кадом усулҳо бештар истифода хоҳад кард ва дар муқобили ӯ сахт ба ҷанг даромад ва вайро мағлуб сохт.
– Ин ғалабаи Ҳасанбойи мо дар арафаи ҷашни 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон туҳфаи хос, бар иловаи он ҳодисаи таърихӣ ва камназир мебошад. Чунки тӯли солҳои дароз чунин дастоварди бузург, яъне ду бор пирӯзии варзишгарони вилоятамонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ касе дар ёд надорад.
Ба шумо, падару модари ӯ, ташаккур, ки чунин фарзанди қобил ва муштзани тавоноро ба воя расонидаед, – гуфт бо хурсандӣ ва ифтихор Шуҳрат Абдураҳмонов.
Бояд қайд намуд, ки Ҳасанбой Дӯсматов 24-уми июни соли 1993 дар вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Дар айни ҳол яке аз муштзанҳои ҳирфаии мамлакат маҳсуб мешавад. Вай аллакай ду карат Чемпиони олимпӣ мебошад, инчунин соли 2023 дар вазни худ қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Соли 2017 барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, соли 2018 барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиё, солҳои 2015, 2017, 2022 дар чемпионати Осиё пирӯзӣ ба даст овардааст.
***
Чунин манзараҳои пур аз шодиву нишот дар деҳаҳои Булоқбошии ноҳияи Риштон ва Лоғони ноҳияи Фарғона низ ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар ҳавлии Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев дар баробари волидону ҳамсояҳо ва наздикон, инчунин бо даҳҳо ҳаводорони бокс мусобиқаи ниҳоиро тамошо кард. Вақте ки он бо пирӯзии Асадхӯҷа анҷомид, тамоми мардум ба по хеста, ин ғалабаро бо хурсандӣ ва шӯру шавқи зиёд истиқбол гирифтанд.
Муштзани 23-солаи риштонӣ Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев нахустин қаҳрамони олимпӣ аз байни варзишгарони вилояти Фарғона мебошад, ки дар вазни 71 кило дар Бозиҳои олимпӣ ширкат намуд ва дар мусобиқаи ниҳоӣ бар зидди Марко Верде Алвареси мексикоӣ ба майдон баромада, ба таври боварибахш бар рақиби худ пирӯзӣ ба даст овард.
– Имрӯз барои тамоми риштониҳо, чи пиру чи барно, рӯзи нишот буд. Ҳарчанд синну соли мо аз мухлисӣ намудани мусобиқаҳои гуногун андак гузаштааст, аммо дар ин панҷ-шаш соли охир бори нахуст бо шавқи том муштзании Асадхӯҷаро тамошо кардам ва бо чунин паҳлавон ифтихор намудам. Мо мусобиқаи ниҳоии ӯро дастаҷамъона тамошо кардем. Вай нишон дода тавонист, ки дар Ӯзбекистон муштзанҳои пурзӯр сабзида баромадаанд, ки борҳо пояи аз ҳама баланди олимпиадаро ишғол карда метавонанд, – мегӯяд раиси хазинаи “Нурониҳо”-и ноҳияи Риштон Турсунхӯҷа ҳоҷӣ Абдураҳмонов.
Ба таъкиди ӯ чунин хурсандии беҳадду канор бори нахуст дар ноҳияи Риштон рух дод ва ба он ҷавонписаре аз деҳаи Булоқбошӣ Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев сабаб гардид, ки бо зӯри бозувон ҳамаи рақибонашро дар олимпиада мағлуб намуд ва ба онҳо низ рӯҳу тавон бахшид. Т. Абдураҳмонов боз ибрози умедворӣ кард, ки Асадхӯҷа дар мусобиқаҳои олимпиадаи Фаронса хеле обутоб ёфт ва минбаъд низ шуҳрати ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаро беш аз пеш шукуҳи тоза хоҳад бахшид.
Зодаи деҳаи Лоғони ноҳияи Фарғона Лазизбек Муллоҷонов низ дар рақобати ниҳоӣ дар вазни то 92 кило бар Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон ғолиб баромад ва соҳиби медали тиллои олимпиада шуд. Вай соли 1999 таваллуд шудааст. Лазизбек узви дастаи мунтахаби бокси Ӯзбекистон, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон дар соли 2021 байни хидматчиёни ҳарбӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё-2022 буда, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2023-ро низ ба даст овардааст.
Дар ин деҳа низ садҳо нафар бо ҳокими вилоят раванди мусобиқаи Лазизбекро бо рақибаш тамошо карданд ва аз натиҷаи он шоду мамнун гардиданд. Ҳамон шаб то наздикии субҳ мардуми деҳа шодиву хурсандӣ намуданд ва парчами Ӯзбекистонро бо виқор баланд бардошта, бо раҳпаймоӣ ин ғалабаро истиқбол намуданд.
– Вақте ки Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев мустақим бо Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаеви риштонӣ ва писарам – Лазизбек тавассути телефон суҳбат ва ӯро бо чунин муваффақияти бузург муборакбод кард, аз шодӣ чашмонам пури ашки хурсандӣ шуданд. Ғурурам низ боло гирифт, ки чунин писари забардасту паҳлавонро тарбия кардаам ва ӯ Лоғони моро дар кишвару олам маъруфу машҳур кард, – мегӯяд Ҳасанҷон Муллоҷонови лоғонӣ.
Ҳамин тавр, пирӯзии муштзанҳои мо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Фаронса ба ҳодисаи таърихӣ ва ҷашни воқеӣ табдил ёфт. Ҷашну тантанаҳо ба ифтихори ин ғалабаҳои таърихӣ дар саросари Ватани азизамон идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».