ШУМОРАИ АҲОЛИИ ДОИМИИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАР РӮЗ ЧАНД НАФАР ЗИЁД МЕШАВАД?

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бино ба ҳолати 1 октябри соли 2024 шумораи доимии аҳолии ҷумҳурии мо 37,4 миллион нафарро ташкил кард.

Дар ин бора Агентии омор хабар дод.

Шумораи аҳолии доимии ҷумҳурӣ нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 2,1 фоиз афзудааст.

Аҳолии мамлакати мо аз аввали соли ҷорӣ 555,6 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Аҳолии Ӯзбекистон дар ҳар як моҳи соли 2024 ба ҳисоби миёна 61,7 ҳазор афзудааст.

Ҳар рӯзи соли 2024 шумораи сокинони доимӣ ба ҳисоби миёна 2000 нафар меафзояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: