ШУМОРАИ БИНАНДАГОН МЕАФЗОЯД

15 апрел – рӯзи таваллуди устод Айнӣ

Асосгузори адабиёти  навини тоҷик ва яке аз поягузорони адабиёти ӯзбек С.Айнӣ баҳри равнақи адабиёт, илм, фарҳанги ду халқи бародар хидматҳои арзанда кардааст. Боиси ифтихор аст, ки вай бо асарҳои барҷастааш байни адибони сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ хос дорад. Беҳуда нест, ки соли 1978 100 - солагии ӯ бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси олам ҷашн гирифта шуда буд.Дар повесту романҳои устод рӯзгори пурпечутоб ва таърихи пурмоҷарои халқҳои Осиёи Миёна акси худро ёфтааст.

Хидматҳои ӯ бобати тарбияи як зумра зиёиён, адибони намоёни минбаъдаи тоҷику ӯзбек сазовори таҳсин аст. Устод  С. Айнӣ бо садоқат, меҳнатдӯстӣ, фидокориҳои илмию адабиаш ба мукофотҳои олитарин сазовор гардид. Солҳои охир дари осорхонаи вай дар зодгоҳаш - деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиҷдувон барои зиёраткунандагон кушода шудааст. Бо шарофати эҳёи муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои ҳамсоя аз ҷумла бо Тоҷикистон сафи зиёраткунандагони музей беш аз пеш меафзояд. Хусусан ду соли охир олиму шоир, талабаю коргари оддӣ, вазиру ҳунарманд, фермеру сайёҳ хуллас намояндагони касбу кори гуногун ба ин ҷо ташриф меоранд. Ҳар сол дар арафаи зодрӯзи устод зиёрати осорхонаи вай бароямон одат шудааст. Дидани дидори ҷонфидои музей Мастура Зикриёеваи қариб садсола ва наздикони ӯ моро пайваста ба ваҷд меоварад. Тартиботи карантин бо мақсади пешгирии коронавирус имсол моро водор намуд, ки нақшаи сафари худро ба таваққуф гузорем. Бо вуҷуди ин тавассути мулоқоти телефонӣ бо Матлаб Муслиҳиддинов (вай аз наздикони С. Айнӣ буда, баҳри таъмири осорхона азм дорад.) аён гардид, ки имсол бо нияти таъмири ҷиддӣ аз маркази вилоят мутасаддиёни зиёд ба музей омада чораю тадбирҳо андешидаанд. Мутаассифона, таҳдиди маризии хатарнок ба амалӣ гардидани он имкон намедиҳад. Албатта, ин муваққатист. Ҳанӯз рӯзҳои пурнишоти мардуми диёрамон дар пеш аст, шоир дуруст гуфтааст:         

Аз ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сиёҳ  сафед аст.

Амрулло   Авезов ,  мухбири  "Овози  тоҷик"  дар вилояти  Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: