Аз тарафи Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ роҳандозии сафарҳои матбуотӣ ё пресс-турҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Ташкили чунин сафарҳои матбуотӣ дар ду соли охир нисбат ба солҳои пеш мусоидат намуд, ки журналистону блогерҳо бевосита бо ислоҳот дар соҳаи таълими томактабӣ ва кору фаъолияти муассисаҳои он аз наздик ошно шаванд. Дафтари матбуоти вазорат ҳамеша масъулияти ин чорабиниҳоро бар дӯш дорад.
Танҳо соли 2021-2022 журналистон ва блогерҳо аз се вилояти водии Фарғона, вилоятҳои Самарқанду Бухоро ва Навоӣ, Сурхондарёву Қашқадарё, Сирдарёву Ҷиззах ва Тошканд, инчунин Ҷумҳурии Қароқалпоқистон боздид намуданд.
Дар айни ҳол шумораи умумии ташкилотҳои таълими томактабӣ дар пойтахт 915-торо ташкил менамояд. Аз ин шумор 487-то давлатӣ, 7-то тобеи вазоратҳои гуногун, 371-то ғайридавлатӣ, 9-то шарикии давлатӣ-хусусӣ ва 44-тоаш муассисаи таълими томактабии оилавӣ мебошанд.
Аз 1 январи соли 2022 бо сабаби васеъ шудани ҳудуди шаҳри Тошканд аз ҳисоби вилояти Тошканд ба ноҳияҳои Бектемир, Мирзо Улуғбек, Сергели ва Яшнобод 37-то ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ҳамроҳ гардид. Барои ҳамин 41 муассисаи таълими томактабии он ба тасарруфи Садорати таълими томактабии шаҳри Тошканд ворид шуд.
Дар соли 2022 аз ҳисоби ташкил намудани 11 муассисаи таълими томактабии давлатӣ, 2 муассисаи таълими томактабии шарикии давлатӣ-хусусӣ, 13-то оилавӣ, 21 муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ таъсис дода шуд ва ҳамаи он ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар натиҷа, зиёда аз 800 нафар кӯдаконе, ки дар навбат буданд, ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шуданд.
То 1 октябри соли равон 8 боғчаи бачагон пурра аз таъмир бароварда шуд, 2-тоаш нав сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин кӯдакистонҳо 1 ҳазору 840 нафар ҳоло таълиму тарбия мегиранд.
Ин бор журналистону блогерҳо маҳз аз чаҳор ташкилоти таълими томактабии шаҳри Тошканд боздид намуданд. Аввал онҳо ба кӯдакистони ғайридавлатӣ ё шарикии давлатӣ-хусусии “Little Tots akademy”, воқеъ дар ноҳияи Юнусобод ташриф оварданд.
Директори “Little Tots akademy” Нигина Аловуддинова ба меҳмонон тавзеҳ дод, ки ин кӯдакистон барои 240 нафар сохта шудааст. Маблағи барои лоиҳаи он ҷудошуда 7,2 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Аз он 5,4 миллиард сӯм кредитҳои имтиёзнок буда, 1,8 миллиард сӯми боқимонда аз кисаи соҳибкор харҷ гардидааст. Кӯдакон дар 11 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
– Мо ба кори чунин кӯдакистонҳо ҳаргиз дахолат намекунем. Тавре ки мебинед, падару модарони зиёд бо хоҳиши худ фарзандони худро оварда месупоранд – гуфт котиби матбуоти Вазорати таълими томактабӣ Мавлуда Аскархӯҷаева.
Тавре ки вай боз илова намуд, дар кӯдакистонҳои давлатӣ ва аксари кӯдакистонҳои оилавӣ миқдори бадал барои як кӯдак 246 ҳазор сӯм муқаррар шудааст. Ин бесабаб нест. Онҳоро давлат таъмини молӣ мекунад ва пардохти маоши ду нафар кормандони кӯдакистонҳои оилавӣ низ бар дӯши давлат мебошад.
Ҳоло дар тамоми кӯдакистонҳо тарзи нав ҷорӣ шудааст. Яъне зимни қабули кӯдак вайро аккосӣ мекунанд ва ин акс мустақим ба реестри Вазорати таълими томактабӣ ворид мегардад ва вазорат огоҳ аст, ки рӯзмарра давомот дар кӯдакистонҳо чи гуна мебошад.
Боздид аз ташкилоти таълими томактабии давлатии рақами 42, воқеъ дар ноҳияи Сергели, дар журналистону блогерҳо хеле таассуроти хуб боқӣ гузошт. Ин кӯдакистон “Кишвари донишҳо” номгузорӣ шуда, барои сохтани он аз буҷаи давлат 13 миллиард сӯм харҷ шудааст. Дар он низ тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Дар айни ҳол 345 нафар кӯдак метавонанд дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Дар ин кӯдакистон журналистону блогерҳо ҷараёни дарсу машғулиятҳои гуногунро мушоҳида намуданд. Дар ин раванд аз 44 нафар ходим бештар аз 20 нафар мураббиёну омӯзгорон ширкат намуданд. Дар кӯдакистони “Кишвари донишҳо” кӯдакон чаҳор маҳал хӯрок мехӯранд. Тановули ду маротиба хӯроки гарм барои саломатӣ ва парвариши хуби онҳо хеле мусоидат хоҳад кард.
Баъд сафари матбуотӣ ба ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 122-юми ноҳияи Янгиҳаёт давом кард, ки тарҳи он ғайритабиӣ мебошад. Бинои мазкур дар шакли доираи калон сохта шуда, ҷойгиршавии утоқҳои дохили он низ шакли доираро касб намудаанд. Чи хонаҳои таълимиву омӯзишӣ ва варзишӣ, чи хонаҳои хӯрокхӯриву даҳлезҳои он бо ҳамин гуна меъморӣ сохта шудаанд.
– Ин кӯдакистон барои 720 нафар кӯдак муқаррар шудааст. Дар 24 гурӯҳ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳанӯз маросими кушодашавии он баргузор нашудааст. Аммо дар ҳамин ҳол ин бино куллан барои баҳрабардорӣ омода мебошад. Маблағе, ки давлат аз буҷа барои сохтмони он сарф кардааст, дастикам 46 миллиард сӯмро ташкил мекунад, – гуфт мудири шӯъбаи МТТ ноҳияи Янгиҳаёт Умеда Ийшанбекова.
– Ҳоло дар кишвари мо ба кӯдакистонҳо фаро гирифтани фарзандони аҳли шаҳру деҳ аз масъалаҳои басо умдаву ҳаллашон ногузир шумурда мешавад. Агар кӯдак аз хурдӣ дуруст таълиму тарбия гирад, ҳатман дар оянда он барои халқу Ватан фарзанди сазовор шуда ба воя мерасад. Маҳз барои ҳамин ин масъала ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст,– гуфт иштирокчии ин сафари матбуотӣ Марҷона Қурбонова.
Шаҳноз ТӮРАЕВА,
мутахассиси бахши матбуоти
Вазорати таълими томактабии
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.