Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и пойтахт маросими муаррифии шумораи махсуси маҷаллаи озарбойҷонии «Шахсони таърихӣ» бахшида ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба амал омад.
Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии дар Ӯзбекистон номнависшуда, аз ҷумла сафирони як қатор давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мамлакати мо Гусейн Гулиев, сармуҳаррири маҷаллаи «Шахсони таърихӣ» Халил Караҳмедов ва дигарон алоҳида таъкид карданд, ки ҳамчун «Шахси сол» эътироф шудани Президенти мамлакати мо баҳои холисона ва одилона ба фаъолияти ӯ мебошад, чунки ислоҳоти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии бинобар миқёс бесобиқаи дар кишвар татбиқшаванда ва натиҷаҳои баланде, ки Ӯзбекистони ба маънои том нав, ки имрӯз ба ҷаҳон кушода мешавад, ба даст меоварад, бевосита бо номи Шавкат Мирзиёев вобаста мебошад.
Дар шумораи махсуси маҷаллаи байналмилалии «Шахсони таърихӣ», ки бо забони русӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ӯзбекистон ва Маркази фарҳангии Озарбойҷон ба номи Ҳайдар Алиеви назди сафорат нашр шудааст, аз ҷумла чунин гуфта шудааст:
«Барои фаъолияти пурмаҳсулаш дар барқарор намудани анъанаҳои таърихӣ, саъю ҳаракати бемислаш дар баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миқёси ҷаҳонӣ ва инчунин барои саҳмгузориаш дар рушди муносибатҳои бародаронаи Ӯзбекистон ва Озарбойҷон бо қарори якдилонаи ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии Озарбойҷон «Шахсони таърихӣ» Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соли 2019 «Одами сол» эътироф шуд».
— Маҷаллаи “Шахсони таърихӣ” нашрияи дар миқёси байналмилалӣ эътирофшуда мебошад, – мегӯяд Гусейн Гулиев. – Нуфузи озмуни «Одами сол» низ баланд аст. Пеш аз эълони «Одами сол» ҳайати доварон дар байни сиёсатшиносони маъруф, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии Озарбойҷон, инчунин кишварҳои мухталифи ИДМ пурсиш баргузор мекунанд. Андешаҳои ҷамъоваришуда бодиққат омӯхта ва таҳлил карда мешаванд. Баъд аз ин, қарори ниҳоӣ қабул карда мешавад. Ин дафъа, аксар коршиносон аз байни якчанд номзадҳо ба Президент Шавкат Мирзиёев овоз доданд. Ва ин қарори одилона аст. Зеро бо назардошти таҳлили фаъолияти роҳбари давлати шумо дар се соли охир, интихоби номзади дигар ғайриимкон буд. Бо ташаббуси ӯ, дар кишвар дигаргуниҳои мусбат ҷараён доранд, ки онро тамоми ҷомеаи ҷаҳон мушоҳида мекунад. Аз ҳама муҳимаш, Президентро мардуми Ӯзбекистон дастгирӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки маҷалла, ки аз соли 2006 дар Озарбойҷон нашр мешавад, ба таври анъанавӣ ҳамасола «Одами сол»-ро аз байни пешвоёни ҷаҳон ва шахсиятҳои намоёни ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ муайян мекунад. Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қаблан ин унвонро соҳиб шуда буданд.
Дар чорабинӣ мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов, А. Абдувоҳидов ва Р. Қосимов иштирок намуданд.
Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
Озода БЕКМУРОДОВА,
мухбирони ӮзА