Имрӯз ба кадом соҳа назар андозем, шоҳиди бунёдкориҳо, ҷустуҷӯ ва навгониҳо мешавем.
Хусусан корҳои дар соҳаи саноат татбиқшуда, рушди босуръати ҳаракати соҳибкорӣ хурсандибахш аст. Дар ин бобат ташаббускорони тӯрақӯрғонӣ низ қадамҳои устуворона мегузоранд.
Дар ноҳия 6 минтақаи хурди саноатӣ ташкил карда шуда, аз ҳисоби татбиқи 40 лоиҳаи арзиши умумииашон 263,7 млрд. сӯм таъсиси 2876 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби ҶММ «Ифтихор кийим саноати», ки дар он 3 ҳазор нафар кор мекунанд, лоиҳаи истеҳсоли риштаи калоба ба маблағи 182 млн. евро татбиқ карда мешавад.
Боз як чунин корхона ҶММ «Ibrat TST Group» мебошад, ки дӯзандагон ба маблағи 8 миллион доллар риштаи калоба ва маҳсулоти тайёри бофандагӣ истеҳсол мекунанд.
Дар корхонаи «Ruhan TEX» бо роҳбарии Маҳфуза Гюмгош 700 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Корхона бо технологияи замонавӣ ҷиҳо-зонида шуда, 41 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол намудан пешбинӣ шудааст.
– Дар вилоятамон барои ташаббускороне, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд, шароити кофӣ мавҷуд. Дар бобати дастгирӣ кардан, фароҳам овардани имкониятҳо ба онҳо мушкиле нест, – мегӯяд роҳбари корхона. – Барои ҳамин ҳам бедудилагӣ ба кор шурӯъ кардам. Дар аввал дар асоси иҷора кор кардам. Баъди муроҷиат ба ҳокими вилоят ташаббуси маро дастгирӣ карда, ин ҷоро бароям доданд. Барои равуои коргарон микроавтобусҳо ташкил кардем. Музди кор мувофиқи кори иҷрошуда дода мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.