Дар тӯли 8 моҳ ба Ўзбекистон ба маблағи қариб 1 миллиард доллар автомобили сабукрав ворид карда шуд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар моҳҳои январ-августи соли 2024 ба Ӯзбекистон 48 055 адад мошин ворид шудааст. Воридоти мошинҳои сабукрав нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8352 адад зиёд шудааст. Арзиши умумии мошинҳои воридотӣ 912 миллион долларро ташкил додааст. Кишварҳое, ки дар 8 моҳи соли 2024 ба Ӯзбекистон бештар мошинҳои сабукрав ворид кардаанд:
— Хитой — 38085
— Корея — 8729
— ИМА - 622
— Япония — 139
— Олмон — 104