Соли 2022 дар таърихи матбуоти тоҷик соли фаромӯшношуданист.
Зеро пас аз қариб як аср боз дар Самарқанд (зеро гаҳвораи “Овози тоҷик” ҳам ин шаҳри бостонист) маҷаллаи илмию адабии тоҷикии “Дурдонаи Шарқ” бо кӯшишу ғайрати аҳли фарҳангу адабпарвари шаҳр ва таҳти сарпарастии шоир, ношир ва мутарҷим Асадуллоҳ Исмоилзода ба дунё омад.
Ин навиди хуш аз ҷониби аҳли ирфону адаби ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Умед аст, ки нашрияи тоза барои ҳифзу пуштбонӣ ва тарғибу ташвиқи адабиёти дирӯзу имрӯзи тоҷикони муқими Ӯзбекистон камар баста, ҳамчунин намунаҳои беҳтарини адабиёти ӯзбекро дар тарҷума, ҳамзабонони эронию афғонистониро дар саҳифаҳояш ҷой медиҳад, дар пешрафти маориф ва робитаҳои адабӣ хидмат менамояд.
Инак, шумораи 3-юми маҷаллаи аллакай писандидаи мардумамон рӯйи чопро дид.
Он бо табрикномаи депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, номзади илмҳои филология, профессор Таваккал Чориев оғоз ёфтааст. Шеъри Исмоил Зарифӣ “Дурдонаи Шарқ” низ ба муносибати чопи он ба ҳукми мухлисон ҳавола шудааст. Намунаҳо аз ашъори Э. Муқимов, Р. Наимӣ, С. Ҳушёрӣ, И. Қушматов, Ш. Сайфӣ, М. Маҳмудова, М. Қурбонзода Б. Қурбониён, Ш. Сироҷ, М. Шомақсудова, М. Нормуҳаммад, П. Маҳмудова, ҳикояи Шарифи Халил (“Гулҳои ошиқ”) “Андешаҳо”-ҳои Дилафрӯз Облоқулова ва дигарон дарҷ ёфтаанд, ки аз соҳати фарохи адабию бадеии тоҷикӣ дар сарзамини Ӯзбекистон дарак медиҳанд.
“Қасидаи инсон”-и Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов дар тарҷумаи Ҷаъфар Муҳаммад, ҳикояи “Ступка”-и Нависандаи халқии Ӯзбекистон Эркин Аъзамов (тарҷумон Юнуси Имомназар) низ таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб хоҳанд кард.
Забони мо сарҳад надорад, масъулини маҷалла ба ин ҳақиқати таърих амал карда, аз он сӯйи уқёнус ҳаҷвияҳои сокини шаҳри Бруклини иёлати Ню-Йорки Амрико Парда Тӯра Ҳамдамиро ба ҳукми хонандагони худ ҳавола кардаанд, ки қобили қайд аст.
Ашъори пурмуҳтавои Абӯалӣ ибни Сино, рубоиёти Абӯсайиди Абулхайр, мақолаи олими фаронсавӣ Масъуди Миршоҳӣ бо номи “Шамси Табрезӣ”, намунаҳои ашъори Маҳдии Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Муҳаммадризо Кадканӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ, Наҷиби Борвар, “Ҳофизнома”-и Иоҳан Ҳёте ва устод Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Камол Насрулло дилҳои ташнаи мухлисони каломи бадеъро шодоб хоҳанд кард.
24-уми декабр 80-солагии устоди ҳунар, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов ҷашн гирифта мешавад. “Дурдонаи Шарқ” низ чун дастагули табрикӣ мақолаи узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Ш.Муҳаббатзодро зери унвони “Сабақҳои одамияти устоди ҳунар” дарҷ кардааст.
Ин ҷо бамаврид аст таъкид кунем, ки алҳол обуна ба ин маҷалла низ дар саросари кишварамон идома дорад. Бовар дорем, ки дӯстдорони каломи Ноби тоҷикӣ низ аз ин ҷараёни муҳими худшиносӣ дар канор намемонанд ва ба он обуна мешаванд. Маҷалла дар се моҳ як бор интишор мешавад, обунаи яксолааш ҳамагӣ 150 ҳазор сӯм аст. Агар хоҳед, ки аз дуррҳои ин “Дурдона” бебаҳра намонед, пайи обуна шитобед!
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
намояндаи маҷалла дар Тошканд.