Бар асари обхезӣ дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дасти кам 22 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора хабаргузории AFP бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи он, шумори қурбониён дар минтақаҳои Квазулу-Натал ва Кейпи Шарқӣ ба 22 нафар расидааст. Зиёда аз 50 кас ҷароҳат бардоштааст. Қаблан дар бораи ҳалокати 12 нафар хабар дода шуда буд.
Report.az хабар медиҳад, ки аз замони оғози обхезӣ беш аз ду ҳазор сокинон аз манотиқи хатарнок кӯчонида шудаанд.