«ШУМОРО ЁД КАРДАМ, ЗУЛФИЯАПА»

Умр мегузарад.

Умр мегузарад. Баробари гузаштани умр инсон роҳи тайкардаи худ, рӯзу моҳу солҳои аз сар гузарондаи худро зуд-зуд ба хотир меорад. Чист он роҳ ва солҳои тайкардаи инсон? Масофа, вақт ё дигар чиз? Ба фикри ман, он дӯст, бародар, устодон ва наздикон ҳастанд, ки дар давоми умр ба мо рӯ ба рӯ омадаанд. Афсус, аксарияти онҳо аллакай, ба гуфтаи шоир Шайхзода, ба мамлакати «ҳечистон» реҳлат кардаанд, аммо руҳи поки онҳо зинда, баъзан бо онҳо суҳбат мекунем, дарди дил мегӯем. Бо гузаштани вақт ҷойи онҳо, симо, чашму рӯйи онҳо боз ҳам равшантар намоён мегардад. Ба ёд овардан, хотири онҳоро пос доштан руҳияти касро болида мегардонад, мамнуният мебахшад.
Дар давоми умр бо шахсиятҳои бузург рӯ ба рӯ, ҳамфикр, ҳамнафас, ҳамдард шудам, пас умрам беҳуда нагузаштааст.
Субҳи имрӯз Зулфияапаро ба ёд овардам. Зани олиҷаноб, нуронӣ. Ӯ бо шеърҳои худ, бо хулқу атвор, бо ҳаё, ибо, бо эътиқоди покиза, бо донишу фикри зукко дар ҳаёти ман ҷой гирифт, ӯ инсонест, ки қисми зиёди ҳаёти маънавии маро ташкил медиҳад. Ӯ чунон зани батамкин, босалобат ва ҷиддӣ буд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан худро ҳушёр дошта, мӯй ва сару либосамро ба тартиб медаровардам, тугмаҳои нагузарондаамро мегузарондам, хулоса, барои ба чашми ӯ ороста намудан кӯшиш мекардам.
Номи Зулфияро аз солҳои ҷанг сар карда шунида будам. «Ҳиҷрон» ном маҷмӯаи шеър, достони «Ӯро Фарҳод меномиданд»-и шоираро азёд карда, дар давраҳову шабнишиниҳо хонда мегаштам. Ӯро аз наздик дидан дертар ба ман насиб кард.
Соли 1962 дар Қазоқистон Даҳаи адабиёти Ӯзбекистон баргузор шуд. Ба он ман ҳам рафтам. Дар самолёт бо Зулфияапа паҳлуи ҳам нишастем. Дар атрофи мавзӯъҳои мухталиф суҳбат карда, гузаштани вақтро надонистем. Дар миёни гап Зулфияапа нимшӯхию нимҷиддӣ пурсид:
– Озодҷон, дар хусуси шеърҳои ман ҳеҷ чиз наменависед? Ё ки онҳо маъқул нашуданд?
Ман забон хоида чизе гуфтам, аммо фикр кардам, ки дарҳақиқат, то ҳанӯз дар бораи Зулфияапа чизе нанавиштаам. Шахс эҷодиёти хубро ҳис накунад, бо хурсандӣ онро тарғиб нанамояд, он гоҳ чӣ гуна мунаққид шуданаш мумкин?
Рости гап, ҳамон даҳа барои ман даҳаи кашф намудани Зулфия гардид. Дар аэропорт баробари нишастани самолёт дӯстони қазоқ ба пешвоз баромада, моро ба оғӯш кашиданд. Собит Муқонов бо Ғафур Ғулом аллакай суҳбати самимона доштанд. Бо Зулфияапа дар мошин нишастем. Ба мо Турсунхон Абдураҳмонова ном шоираи қазоқ ҳамроҳ шуд. Ӯ ба ҳаштод даромада бошад ҳам, ҷавон менамуд. Баробари қироати шеър ӯ овози хушу форам низ дошт, то ба манзил расидан  уланҳои аҷоибро иҷро намуд. Дар давоми сафар мо ба Кӯкчатов рафтем. Он ҷо маскани ниҳоят хушманзара, боҳаво ва сердолу дарахт буд. Аз дур кӯҳҳо аранг ба чашм намудор буданд.
Баъди ноништа ҷамъомадагон ба шеърхонию суруду рақс оғоз намуданд. Дар ҳамин ҷо Зулфияапа ногаҳон ғоиб шуд. Ба куҷо рафтани ӯро ҳеҷ кас намедонист. Мизбонон бошанд, «хавотир накунед, ҳамзамон омада мемонанд» гуфтанд. Баъди фаро расидани торикӣ Зулфияапа бо ду ҷавон, ки дар дасташон халтаи калонеро бардошта меомаданд, пайдо шуд. Маълум шуд, ки онҳо моҳигирони Балхаш будаанд. Онҳо дербоз мехостаанд, ки бо Зулфияапа вохӯранд. Баъди суҳбати самимӣ, шеърхониву суруд ба шоира моҳии думетраро туҳфа карданд. Гап дар сари он аст, ки ин эътибор ифодаи дӯстдорӣ, иззату ҳурмати халқи оддии қазоқ нисбати шоира буд.
Дертар дар шабнишиниҳои эҷодии шоира бисёр иштирок кардам. Вохӯрие, ки дар Қӯқанд барпо гардид, хеле хотирмон буд. Қӯқандиён ба шоира сиёҳдон туҳфа карданд. «Ин сиёҳдони Нодирабегим. Шоира қаламашро ба шумо мерос гузоштааст», лутф намуданд онҳо.
Зулфияапаро ҷаҳониён шинохтанд. Ӯ соҳибаи мукофотҳои байналхалқии «Нилуфар», ба номи Неру гардид. Аз ҳама муҳимаш – Шоираи мардумии Ӯзбекистон буд. Худи ӯ гуфта буд: «Бахтам ин аст, ки Зулфияи ӯзбек ҳастам».
Ман, албатта, дар хусуси Зулфия навиштам. Доир ба шеърҳои нави ӯ тақриз, фикру мулоҳизаҳои худро баён намудам. Аммо ин навиштаҳои ман дар назди ашъори бепоёни шоира қатрае аз баҳр буд. Зулфияапа дар бисёр шеърҳояш дар хусуси «бахти нопурра»-и худ сухан меронд. Дар достони «Хотираҳои шикаста», ки дар лаҳзаҳои охири умраш навишта буд, доири машаққатҳои ҳаёташ мардонавор навишта буд.
Ҳаёти оилавӣ, таърихи муҳаббати шоира ба ҳамагон маълум. Зулфия шоир Ҳамид Олимҷонро дӯст дошта, бо ӯ соли 1935 издивоҷ кард. Баъди 9 сол ба туфайли фалокати ногаҳонӣ бо ду фарзандаш бева монд. То охири умр муҳаббати Ҳамид Олимҷонро эҳтиёт ва пос дошт. Дар синни 29 аз ҳаловату хушиҳои ҷавонӣ даст кашид, ҷисму ҷонашро ба фарзандонаш бахшид. Духтари ӯ Ҳулкар олима, писараш Амон ҳуқуқшинос гардиданд.
Зулфия – шоираи шинохта, арбоби давлатӣ, дар корҳои ҷамоатӣ фаъол, инсоне буд, ки дар дили мардум ҷо гирифтааст. Ӯ дар шеърияти ӯзбек мактаби ба худ хосро офарид. 

Ёддоштҳои 
Озод ШАРОФИДДИНОВ
аз китоби «Зулфия дар хотираи ҳамзамонон» 
тарҷумаи С. БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: