Чанде пеш ба мо донишҷӯёни гурӯҳи журналистикаи курси дуюми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд рӯзи фаромӯшнопазире гардид.
Зеро, бо рухсати декани факулта, профессор Ҷӯлибой Элтазаров ва ҷонишини декан оид ба корҳои хониш, дотсент Ғайрат Раҳимқулов, зери роҳбарии муаллими фанни журналистика, доктори фалсафа оид ба фанҳои филологӣ Дилрабо Назарова дар асоси барномаи таълими фанни журналистика як ҷуфти машғулоти амалиро дар таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» гузарондем. Дар байни мо донишҷӯёне буданд, ки бори аввал ба Хонаи матбуот омадаанд.
Сараввал муаллим ба мо дар бораи аҳамияти биное, ки ин рӯзнома ва боз ду рӯзномаи дигари вилоятӣ ҷойгир буд, ҳарф зад. Дар даромадгоҳи таҳририят бошад, дар бораи фаъолияти сармуҳаррирону кормандони рӯзнома аз аввал то имрӯз маълумот гирифтем. Сипас, мо ба утоқи кории яке аз мухбирони собиқадору бомаҳорат, публитсист, ҳаҷвнигор ва нависандаи соҳибқалам, устод Бахтиёри Ҷумъа даромада, ҳамсӯҳбат шудем. Устод аз таҷрибаи чандинсолаи худ ба мо ҳарф зада, оиди нозукиву душвориҳои касби журналистӣ нақл карданд ва чунин таъкид намуданд:
– Мақола менависед, камбудие меёбанд. Ҳеҷ вақт дилмонда нашавед! Хатогии худро ислоҳ намоед ва кӯшиш кунед, ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед....
Дар рафти сӯҳбат ҷонишини сармуҳаррир Тошқул Азимзода низ ба саволҳои ҳамсабақонам ҷавоб доданд.
Сипас, котиби масъули рӯзнома Шаҳзод Кенҷаев ба мо дар бораи музейи таърихи матбуоти Самарқанд, нигораҳое, ки дар ин ҷо маҳфузанд ва аз таърихи рӯзномаю маҷаллаҳои ин шаҳри бостонӣ қисса мекунад, маълумот дод. Албатта дидани якумин нусхаҳои рӯзнома, дастнавис, таҷҳизоте, ки дар гузашта дар матбааю нашриётҳо вазифаи технологияҳоро иҷро мекарданд, дидан ва тасаввур кардани машаққату заҳмати ходимони он давра хеле хотирмон буд. Ҳар як шуъбаю утоқҳои кории идораи рӯзномаро дидан кардем. Он маълумоти назарие, ки дар давоми дарс омӯхта будем, ин ҷо дар амал дидем. Ба қавли дигар гӯем, шунидаҳоямонро дидем ва бори дигар амин гардидем, ки мақоли «шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтани мардум беасос набудааст.
Кормандони рӯзнома ба донишҷӯён китобҳо туҳфа карданд ва ба гирифтани сурати хотиравӣ бо журналистони варзида насибамон гардид. Хулоса, он рӯз хотирмон ва аз таассуротҳо ғанӣ гардид. Дар диламон нисбати ин соҳа меҳр ва шавқ пайдо шуд.
Хадича ҲАБИБУЛЛОЕВА, донишҷӯйи соли дуюми бахши тоҷикии факултаи филологияи донишгоҳ.