ШӮРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН — НИҲОДИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ИҶТИМОИИ МО

Президентамон дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис таъкид намуд, ки «Боз ҳам тақвият додани нақш ва ҷойгоҳи занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои устувори ислоҳоти мо мебошад».

Президентамон дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис таъкид намуд, ки «Боз ҳам тақвият додани нақш ва ҷойгоҳи занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои устувори ислоҳоти мо мебошад». Имрӯзҳо дар низоми ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ тақрибан 1400 нафар занон вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Ҳиссаи онҳо дар соҳаи тандурустӣ ва хидмати иҷтимоӣ 82 фоиз, соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва санъат 72 фоиз, кишоварзӣ 45 фоиз, саноат 38 фоизро ташкил медиҳад. 
Маълум аст, ки таъмин кардани шуғли бонувон муҳимтарин масъалаи рӯз маҳсуб меёбад. Аксари мушкилоти мавриди ҳаллу фасл қарордошта ба ин масъала вобастаанд. Дар кишварамон тақрибан 1 миллион занони бекор мавҷуд мебошанд, агар ба ин шумораи заноне, ки ҷои кори доимӣ надоранд ва бо корҳои мавсимӣ машғуланд, илова кунем, шумораи онҳо ба 2-2,5 миллион нафар мерасад. Масъалаи бо манзил таъмин кардани модарони танҳое, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор доранд, низ яке мушкилоти  дардноктарини имрӯза аст. Аммо бисёр занон намедонанд, ки бинобар ин масоил ба куҷо муроҷиат кунанд. 
Сарвари давлати мо дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис оид ба ислоҳот дар соҳаи самаранокии идоракунии давлатӣ изҳори назар намуда, ба масъалаи бонувон таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Дар давраи пандемияи дар соли 2020 рухдода мушкилоти беш аз 6 миллион зан дар саросари кишвар ҳамаҷониба омӯхта шуданд. Дар асоси инҳо «Дафтари занон» ташаккул ёфт ва дар ҷараёни он бисёр мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки занонро азият медиҳанд, дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти маҳаллӣ қарор гирифтанд. Ба ин раванд «Шӯроҳои машваратии бонувон», ки дар маҳаллаҳо  нав таъсис дода шудаанд, аз наздик кӯмак мерасонанд. 
«Мо бояд барои шароити муносиб фароҳам овардан ба беш аз 17 миллион хоҳарон, духтарон, модарон ва модаркалонҳоямон, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд,  тамоми кори имконпазирро ба харҷ диҳем» — таъкид намуд сарвари давлат дар Муроҷиатномаи худ. 
Дар натиҷаи ислоҳот дар самти баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ 30 фоизи аъзои нави парлумонро занон ташкил медиҳанд. Вазифаи мушовир оид ба масъалаҳои занон дар назди ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ҷорӣ карда шуд. 
Ҳоло, сарвари давлати мо таъсиси Шӯрои ҷамъиятии занони ҷумҳуриро ҳамчун як қадами муҳим дар баланд бардоштани нақш ва эътибори занон дар ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои онҳо пешниҳод кард. Ба фаъолияти шӯроҳои маҳаллии занон бошад,  мушовирони ҳокимон оид ба ин масъалаҳо роҳбарӣ мекунанд. 
Пешниҳод оиди ба ихтиёри шӯроҳои навташкилмешуда гузарондани фондҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳудудии дастгирии бонувон низ механизми иҷрои иҷтимоию иқтисодии ин масъаларо муайян мекунад.
Шӯрои занон ташкилоти ихтиёрӣ, худидоракунанда, ғайритиҷоратӣ ва мустақили ҷамъиятӣ буда, бо ташаббуси бонувон бо мақсади ҳифзи муносиби манфиатҳо ва ҷойгоҳи сазовори занон дар ҷомеа, баланд бардоштани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсис дода мешавад. Мақсадҳои асосии шӯро инҳоянд: 
— ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои занон; 
— фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи стратегияи умумӣ ва самти устувори сиёсати давлатӣ оид ба татбиқи принсипи конститутсионии баробарии мардон ва занон дар ҷомеа; 
— омӯхтани таъсири омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, равонӣ ва ғайра ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии мардон ва занон; 
— амалӣ гардондани эҳтиёҷоти ҳуқуқӣ, ба назар гирифтани манфиат ва имкониятҳои мардон ва занон, худшоносии онҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, мутобиқсозии занон ба шароити нави иқтисодӣ;
— мустаҳкам кардани нақши оила дар ҷомеа, ҳифзи модарӣ, падарӣ, кӯдакӣ, фароҳам овардани шароит барои татбиқи ҳуқуқҳои репродуктивии мардон ва занон; 
— фароҳам овардани шароити зарурӣ барои оила барои иҷрои вазифаҳои худ, баланд бардоштани сифати зиндагии оилавӣ. 
Ба сифати вазифаҳои асосии Шӯрои занон инҳоро муайян намудан мувофиқи мақсад ба ҳисоб меравад: 
— дар ҷунбишҳо оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандӣ муттаҳид гардондани иттиҳодияҳои занони ноҳия, пешгирии амалҳои ғайриқонунии ноболиғон ва аъзои оилаи онҳо, расонидани ёрии амалӣ ба иттиҳодияҳои занон дар маҳалҳо; 
— ҳимояи шоистаи манфиатҳо ва ҷойгоҳи шоистаи занон дар ҷомеа, баланд бардоштани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ. 
— таҳкими оила, баланд бардоштани аҳамияти модарӣ; 
— мусоидат ба ташаккули шароити мусоид барои рушди мутаносиби кӯдакон, қонеъ намудани ниёзҳои моддию маънавии онҳо, тарбияи ғояҳои ватандӯстӣ ва гуманитарӣ; 
— иштирок кардан дар муайян кардани сабабҳо ва шартҳое, ки ба татбиқи амалҳои зиддиҷамъиятӣ мусоидат мекунанд, хабардор намудани  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
— мусоидат ба беназорат мондани бачаҳо ва пешгирии ҷинояткории даври наврасӣ; 
— муайян кардани оилаҳо дар марҳилаҳои аввали нооромиҳо ва иштирок намудан дар сари вақт андешидани чорабиниҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои манфӣ аз ҷониби ҳамаи идораву муассисаҳои манфиатдор; 
— ба таври муназзам хабардор намудани роҳбари ноҳия дар бораи чораҳо оид ба ошкор намудани вайронкунии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии занон ва кӯдакон, муайян намудани ноболиғон ва аъзои оила, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ моиланд. 
Президент таъсиси шӯрои бонувонро пешниҳод намуда, рӯшан зикр кард, ки баланд шудани сатҳи зиндагии ҷомеаи мо аз занон вобаста аст. 
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2020 узви Шӯрои ҳуқуқи инсон, ки  ниҳоди муҳими СММ мебошад, шуд. Ин худ аз худ ба амал наомадааст. Бо ин мақсад, мамлакати мо мутобиқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ, ки оид ба ҳуқуқи инсон дар миқёси ҷаҳон қабул шудааст, як қатор ислоҳотро анҷом дод ва ин ҷараёнро идома медиҳад. Раванд баъд аз аъзо шуданамон ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳам вазифаҳои мураккаби ба худ хосро ба пеш мегузорад. Муҳимтарини ин вазифаҳо ҳуқуқи бонувон, нақши онҳо дар ҷомеа, талошҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мебошад. 

Ойдин АБДУЛЛАЕВА, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
узви фраксияи ҲСДТ «Адолат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: