ШУРӮЪ БА ПАРВАРИШИ БАРМАҲАЛ ХЕЛЕ МУҲИМ

Муассисаи таълими томактабии рақами 3-юми ноҳияи Сӯх баъди таъмиру тармим симои замонавӣ гирифт.

Вақте вориди он шудед, аз дучор омадан ба як манзараи диловез баҳри дилатон кушода мешавад. Ҳарчанд тирамоҳ асту хазон мерезад, дар ин ҷо тозагӣ ва озодагии ба худ хосе эҳсос карда, мепиндоред дар як гӯшаи баҳороғӯшед: гулҳои ҳаррангае, ки  шукуфтаанд, ба дил завқ бахшида, ҳисси зебоипарвариро ба таҳрик меоранд.
«Олами афсонаҳо» воқеъ дар саҳни боғча маҳсули эҷоди хаёлоти рангин ва «дасти гул»-и ҳунарварони маҳаллист. Бо дидан кардан аз онҳо, бидуни ихтиёр, кас худро дар олами беғубор ва афсонамонанди кӯдакӣ, дар оламе, ки ҳама ашёи он зебо, рӯҳафзо ва аҷибу ҳайратангез аст, тасаввур менамояд.
– Дар кӯдакистони мо 95 нафар дар чаҳор гурӯҳ тарбия мегиранд, – мегӯяд мудири муассиса Мадина Сафарова, зани кушодачеҳраву хушмуомила, ки собиқаи беш аз бистсолаи корӣ дорад. 
Ба ин бӯстони маърифат, ки воқеъ дар кӯчаи Маърифат мебошад, гулҳои ҳаёт аз маҳаллаҳои Ровон, Навобод, Янгиариқ ҷалб карда мешаванд. Бист нафар ходимон ҳаракат мекунанд вазифаҳои гуногунеро, ки дар зимма доранд, сидқидилона ба иҷро расонанд. Дар корҳои таълим ва тарбия хусусан мураббияҳо Соҷидахон Тошева, Шаҳзода Қодирова, Комила Атахонова, Шаҳноза Хидирова ва Умеда Бобоева масъулияти бештар ҳис карда, дар гузоштани аввалин хиштҳои маърифату тарбия дар бинои умри хурдтаракон эҳтиёткорона муносибат менамоянд.
Дар чаҳор гурӯҳ аз рӯи барномаи махсус бо кӯдакон машғулиятҳо гузаронида мешаванд. 
Дар хонаи хоб саранҷомӣ ва сариштагии шарқона мебинед. Бистару болин ва рӯйҷоҳои сап-сафед рӯи катчаҳо густурда шудаанд. Сачоқҳо покиза ва дарзмолхӯрда. Дар ҷевонҳо ягон чизи зиёдатӣ ё бетартиб нест.
Мусиқии гуворое, ки дар утоқи дигар садо медиҳад, эътибори шуморо кашида ва ғайриихтиёр ба он ҷо равона мешавед. Машқи суруду рақс мекунанд кӯдакон, ки дар дидаашон нури нишот ва завқ дурахшон аст. Чӣ қадар рӯҳафзо ва беғубор таронаҳои кӯдакӣ, ки аз қалби соф ҷӯш зада, мисле ба дунёи пок ва беолоише роҳбаладӣ мекунанд, торҳои дилро панҷа зада, касро ба рақсидан, ба сурудан водор менамоянд. Чӣ дар рақсу суруд, чӣ дар шеъргӯию суханронӣ ва  ҳаракатҳои серзавқи кӯдакон як ифодаи ҳаёти хушбахтона ҳувайдо.
Дар як утоқ тифлакон ба сохтани ашёи ҳархела, бозичаҳо, чизҳои ороишӣ машғуланд. Ба дасту панҷаҳои гиро ҳаваси кас меояд. Дар кас завқи эҷод ва офарандагӣ ҳанӯз дар давраи кӯдакӣ бедор шавад, чӣ хубе! Бедор кардани ин завқ бошад, аз мураббия ва ёрдамчиёни онҳо маҳорат талаб менамояд. Агар худи онҳо, ба маъние, эҷодкор набошанд, кор бо тифлаконе, ки ба сохтани ҳар гуна ашё машғуланд, самараи дилхоҳ намебахшад. Таълим ва тарбия, албатта, кори душвор ва хеле масъулиятталаб. Аксарияти алоқамандони соҳа, ки ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд, масъулияти дар зиммадоштаашонро ҳискунон вазифаи пурмашаққат, айни замон, шарафнокашонро сидқидилона ба иҷро мерасонанд.
Душвортар кори мактаб аст ё боғча? Ё худ муаллимӣ душвор аст ё мураббиягӣ? Зимнан, мураббияи имрӯз мураббияи оддӣ не, мураббия – педагог мебошад.
Вақте ба ҳаёти муассисаҳои таълими томактабӣ аз наздик шинос шудед, ба назаратон чунин мерасад, таълиму тарбияи хурдсолон нозукиҳои бештар дорад. Дар муассисаҳои томактабӣ – даргоҳҳое, ки хурдтараконро фаро гирифтаанд, бемулоҳизагӣ, сохтакорӣ, ҳилаю найранг тамоман мумкин нест, ки зуҳуроти ин гуна иллатҳо ба кӯдак зуд таъсир мерасонанд. Мураббия дар боғча бояд хеле эҳтиёткор бошад. Ҳар як амал ва ҳаракати тарбиядиҳанда барои бачаи хурдсол аҳамияти калон касб карданаш мумкин. Вай имрӯз дар боғча чӣ гуфт ва чӣ тавр амал намуд, бегоҳӣ кӯдак дарҳол ба падару модараш бурда мерасонад. Ҳар чӣ дид ва шунид, пинҳон накарда, ба ҳама ҳикоя мекунад. Тавре менамояд, ҳар як машғулот дар боғчаи кӯдакона ба навор сабт шуда ва дар ҷойҳои даркорӣ пахш карда мешавад.
Чи тавре ки мутахассисони соҳа таъкид сохтаанд, ҳамкории боғча ва волидон аҳамияти алоҳида дошта, ҳамфикрӣ дар амалӣ гардондани ин вазифа кӯмаки калон мерасонад. 
Бале, фаъолият дар муассисаҳои таълими томактабӣ ҷиҳатҳои махсус дорад. 
Як вақтҳо кор дар ин гуна муассисаҳо осон буд: вазифаи боғча мисле банд кардан, бо коре саргарм намудани кӯдакон буду халос. Ҳоло вазъ куллан дигар ва дар назди ходимони боғча вазифа гузошта шудааст фидокор ва ташаббуснок бошанд, пайи камолоти маънавию маърифатии хурдтаракон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
– Ҳар як ходими муассисаи мо барои татбиқи амалии худ ёфтани нуктаҳои қарори Президент «Дар бораи ташкил намудани фаъолияти Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз таҳти дил ҳаракат менамоянд. Мудири шуъбаи муассисаҳои томактабии ноҳияамон Маҳфуза Имомалиева зуд-зуд ба боғчаамон омада, фаъолияти мураббияҳоямонро таҳти назорат қарор дода, кӯмаки методӣ мерасонад, – мегӯяд мудира.
Назар ба таъкиди мураббия С.Тошева, ки таҷрибаи кории 41 сола доштааст, нишондодҳои барномаҳои «Болажон» ва «Қадами нахустин» низ дар муассисаи мазкур амалӣ мегарданд, ки онҳо дар дурусту рост гузошта шудани хиштҳои аввал, барпои пойдевори дониш чун дастуруламали муфид хидмат менамоянд. 
Аз 5 сентябри соли 2018 бадалпулӣ (взнос) аз падару модарон панҷоҳ фоиз, яъне аз 85 ҳазор ба 42 ҳазору 500 сӯм фуроварда шуд, ки ин низ зуҳуроти ғамхорист. Оилаҳои камтаъмин, ба замми ин, аз имтиёзҳое, ки муқаррар карда шудаанд, истифода менамоянд.
Як вақтҳо ба боғчаи бачагонаи рақами сеюм яке аз фидоиҳои таълими халқ, шодравон Албина Сафарова сарпарастӣ мекард. Кӯдакистони берун аз ноҳия низ машҳурро «Боғчаи Албина» мегуфтанд ва волидон ҳаракат мекарданд фарзанди хурдсоли худро маҳз ба ҳамин муассиса супоранд. Ташаббусҳои неке, ки замоне дар ин ҷо ба мардум қаноатмандӣ мебахшид, ҳоло аз ҷониби шогирд ва дастпарварони А.Сафарова болу пар мекушояд. Дар озмун-азназаргузаронии «Полвонҷон –соғломҷон» ва «Кичкинтой – ширинтой», ки чанде пеш байни муассисаҳои томактабии ноҳия сурат гирифт, боғчаи бачагонаи рақами сеюм ҷойи дуюмро гирифт.
Дар асоси барномаи «Деҳаи обод» ба ин даргоҳ 170 миллион сӯм ҷудо гардид ва тавре дар боло таъкид карда гузаштем, боғча намуди худро куллан тағйир дод ва ходиму ходимаҳои бо тафаккури нав мусаллаҳ, аз илму дониш ва таҷрибаҳои пешқадам бархурдор имкон ёфтанд дар фаъолияти худ аз тозатарин комёбиҳои илмӣ-техникӣ истифода баранд. Ҳаёт нишон дод барои хубу мувофиқи матлаб нашъунамо ёфтани навниҳолони боғи ирфон шурӯи бармаҳал ба парвариши онҳо хеле муҳим.

М.ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: