ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ – СОҲАИ СЕРДАРОМАД

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Шӯрои вилоятии ҳизби O`zLiDeP ва шӯрои ҳамин ҳизб дар ноҳияи Оқолтин саёҳати ҷавонони ноҳия ба субъектҳои соҳибкорӣ ташкил карда шуд.

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Шӯрои вилоятии ҳизби O`zLiDeP ва шӯрои ҳамин ҳизб дар ноҳияи Оқолтин саёҳати ҷавонони ноҳия  ба субъектҳои соҳибкорӣ ташкил карда шуд.
Тамомкунандагони коллеҷи гидромелиоратсияи ноҳияи номбурда бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сирдарё Оқолтин страус” аз наздик шинос шуданд.
– Соли 2017 аз вилояти Фарғона чор сар шутурмурғ оварда будем, – гуфт роҳбари ҷамъият Дониёр Тошпӯлатов ба ҷавононе, ки бо ҳайрат ба ҷонварони ғароиб нигоҳ мекарданд, – пас аз як сол шумораи онҳо ба 18 сар расид. Ҳоло тавре ки мебинед, миқдори ин  мурғҳои азимҷусса сад сарро ташкил мекунад. Ба наздикӣ инкубатори замонавӣ харид кардем, дар он 280 дона тухми шутурмурғ меғунҷад, бад-ин тариқ чӯҷабарориро ба роҳ мондем.
Воқеан, Дониёр тавре ки худаш низ иброз дошт, корро аз парвариши чор сар шутурмурғ оғоз карда буд. Ӯ истиқболи ин соҳаро дарк карда, аз шуъбаи ноҳиявии “Бонки халқӣ”-и Оқолтин 125 миллион сӯм, андаке баъд аз шуъбаи вилоятии «Саноатқурилишбанк» ба миқдори 600 миллион сӯм вом гирифт. Баробари шутурмурғпарварӣ мурғобию мурғ ва мурғи марҷонпарвариро низ ба роҳ монд.
Маълум аст, ки паррандапарварӣ аз соҳаҳои асосии бо хӯрокворӣ таъмин кардани халқ мебошад. Имрӯзҳо дар вилояти Сирдарё ба паррандапарварӣ, алалхусус ба шутурмурғпарварӣ аҳамияти хосса медиҳанд. Алҳол дар ноҳияҳои Мирзообод, Сайҳунобод, Боёвут ва Оқолтин ин ҷонварро бо меҳр парвариш мекунанд.
Бино ба шаҳодати Дониёр Тошпӯлатов, шутурмурғ ба сармои 20 ва гармои 50 дараҷа тобовар буда, то 50 сол умр мебинад, 30-35 сол тухм медиҳад. Вазни тухмаш то ду килограмм мебошад ва 8-10 нафар онро истеъмол мекунанд. Боз як хусусияти ба худ хоси ин ҷонвар он аст, ки вазнаш то ба 220-230 килограмм расида, 170-180 килограмм гӯшт медиҳад. Пари онро барои дӯхтани либосҳои маскарад харид мекунанд. Аз миҷгонаш мижаҳои сунъӣ, аз нохунаш бошад, бозичаҳои гуногун месозанд,  пӯсти тухмашро бинобар аз калсий ғанӣ буданаш дар тиббиёт истифода мебаранд, аз пӯсташ пойафзору сумкачаҳо медӯзанд... Соҳибкор ҳоло саъй дорад, ки сехи дӯзандагӣ кушода, аз пӯсти шутурмурғ пойафзор ва дӯхтани сумкачаҳои занонаро ба роҳ монад.
То имрӯз Дониёр дар дохили ҷумҳурӣ соле 3000 сар шутурмурғ мефурӯхт, аз соли равон дар ин бобат бо кишвари Қазоқистон шартнома бастааст.

Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сирдарё.    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: