Ватани аслии шутурмурғ Африқо мебошад.
Вале онро дар бисёр гӯшаҳои олам вохӯрдан мумкин. Шутурмурғҳо дар як қатор вилоятҳои ҷумҳурии мо, айни замон парвариш меёбанд.
Соҳибкори намангонӣ Комилҷон Носиров даставвал фаъолияти худро бо нигоҳубини 15 сар шутурмурғ сар кард. Ҳоло ният дорад тарзи парвариши онро бо ҷалб сохтани ҳамкорон аз ноҳияҳои Мингбулоқ,Чортоқ ва Тӯрақӯрғон дар доираи васеъ ба роҳ гузорад.
Шутурмурғ дар ду сол ба воя расида ва 80-100 килограмм гӯшт доданаш мумкин. Ба наздикӣ Комилҷон аз тухмҳои шутурмурғҳое, ки ба воя расидаанд, 70 сар чӯҷа гирифт. Ба таъкиди ӯ, шутурмурғ то 45 сол тухм доданаш мумкин. Парвариши чӯҷаҳо душвор не.
Яке аз хусусиятҳои хуби ин навъ мурғҳо он ки пурбардошт ва сахтҷон буда, ҳар гуна хӯрокро истеъмол мекунанд. Тез фарбеҳ мешаванд. Гӯшти шутурмурғ барои онҳое, ки диабети қанд доранд, беҳтарин таоми парҳезӣ. Пашмашон барои болин ва кӯрпа мӯинаи хуб. Онҳоро ба ороиши гиребони палто низ истифода кардан мумкин. Аз пари шутурмурғ мӯйқалам барои рассомон омода месозанд.
Роҳгардии шутурмурғ андак дағал бошад ҳам, он паррандаи зирак, ҳушёр ва чаққон. Соате 40-50 километр тохтанаш мумкин.
Соҳибкор К.Носиров дар кӯча бо шутурмурғҳояш тохта, диққати ҳамаро ҷалб мекард. Ҳоло ба онҳо рақсро ёд додааст. Дар ҳавои мусиқии рӯҳбахш китфҷунбону пойкубон барақсоии ҷонварон эътибори одамро ба худ мекашад.
М. МАҲМУДҶОНОВ.