ШУҲРАТИ АБРЕШИМИ ӮЗБЕКИСТОН МЕАФЗОЯД

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ӯзбекистон такмили пурвусъати фазои тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи иқтидори содиротии субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ мебошад.

 Барои ин дар солҳои охир аз ҷониби сарвари давлат ва ҳукумати кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ оид ба дастгирии содироти субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ қабул карда шуданд. 
Дар давоми солҳои 2016-2019 ҳаҷми содироти Ӯзбекистон аз 12,6 миллиард доллар то 17,9 миллиард доллар ё худ 42 фоиз афзоиш кард. Аммо дар соли 2020 пандемияи коронавирус ба содирот таъсири манфӣ гузошта, ҳаҷми он 15 фоиз коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин, давлат барои барқарор кардани нишондодҳои қаблӣ қувва ва имконоти васеъ пайдо намуд ва ҳатто барои афзоиши минбаъдаи самараноки иқтисодиёт самтҳои нави инноватсионӣ ҷорӣ кард. Солҳои охир Ӯзбекистон роҳи дурусти рушди босуръат ва пурвусъати соҳоти саноатро пеш гирифт, ки дар натиҷаи ин маҳсулоти тайёр бо арзиши баланди иловашуда истеҳсол мегардад. Ин амал яке аз тадбирҳои дурусти роҳандозшудаи соҳаи хоҷагии миллӣ мебошад.
Таҳлили Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон дорои иқтидори зиёди содиротии баъзе намудҳои маҳсулот мебошад. Ин нишондод ба соҳаи кирмакпарварӣ низ дахл дорад. Ба туфайли диққати калон додан ва муносибатҳои нав афзоиши истеҳсоли ин соҳаро таъмин менамояд. Тайи чор-панҷ соли охир як қатор ҳуҷҷатҳои марбут ба ин соҳа, фармону қарорҳои сарвари давлат қабул гардида, пайваста амалӣ мегарданд. Дар натиҷа шуҳрати абрешими Ӯзбекистон дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад.
Тибқи қарори Президент аз 29 марти соли 2017 Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» таъсис дода шуд. Ин ҳуҷҷати муҳим вазифаҳои афзалиятнокро оид амиқтар кардани ислоҳоти соҳаи абрешим нишон дод: ташкили занҷири ягонаи ташкилию технологӣ, ки ба рушди босуръати соҳаи истеҳсолот замина мегузорад; равандҳои судбахши парвариш ва тайёр кардани пилла-абрешими тутро таъмин ва такмил медиҳад; усулҳои самараноки истеҳсол ва коркарди амиқи маҳсулотро ҷорӣ мекунад; истеҳсоли маҳсулоти тайёри абрешимро роҳандозӣ менамояд; иқтидори содиротии соҳаро афзоиш медиҳад; сармоягузоронро ҷалб месозад.
Бо шарофати тадбирҳои андешидашуда имконот пайдо шуд, ки ҳосили дилхоҳи босифат гирифта шавад. Танҳо дар соли гузашта 101 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 117,4 миллион доллар амалӣ гардид, ки ба ин далел шуда метавонад. Дар соли 2021 беш аз 862 ҳазор нафар дар соҳа кор карданд. Барои он ки ин рақам имсол аз 1 миллиону 130 ҳазор нафар зиёд шавад, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.
Бо ҳамаи коргарони хонагии хоҷагӣ шартнома баста шуд. Дар мавсими сеюм ва чорум ҳаҷми парвариши пилла то ба 27 ҳазор тонна расонда шуд, ки аз ин ба маблағи 96 миллион доллар маҳсулот содир мешавад. Дар соли 2022 соҳа 115 лоиҳаро амалӣ намудааст, ки ба ин 132 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Дар биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хом барои фурӯши маҳсулоти корхонаҳои Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» майдончаи махсус ба кор даромад.
Ба ҷои корхонаҳои кӯҳнаи пиллапарварӣ кластерҳои муосири кирмакпарварӣ ташкил карда шуданд, ки шумораи онҳо дар як муддати кӯтоҳ ба 74 адад расид. Дар соли 2017 ҳамагӣ 19 чунин корхона мавҷуд буд ва онҳо танҳо бо 30 фоизи иқтидори худ кор мекарданд. Ҳоло биноҳои кӯҳна, ки замоне корношоям шуда буданд, бо арзиши сифр ба ихтиёри соҳибкорон дода шудаанд. Дар натиҷа дар биноҳои таъмиршуда фаъолият ба роҳ монда шуд ва садҳо ҷойҳои корӣ ташкил гардид.
Дар панҷсоли минбаъда парвариши 2 миллиону 190 ҳазор қуттии кирмак дар назар дошта шудааст: дар соли 2022-320 ҳазор, соли 2023-380 ҳазор, соли 2024-460 ҳазор, соли 2025-500 ҳазор ва дар соли 2026-530 ҳазор.
Дар назар аст, ки то соли 2026 содироти маҳсулоти абрешим ба маблағи беш аз 191 миллион доллар афзоиш ёбад. Ин имкон медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи беш аз 104 миллион доллар бештар маҳсулоти абрешим содир карда шавад. Чунончи, то соли 2020 маҳсулоти абрешими ватанӣ ба 15 кишвари хориҷӣ содир мешуд, ҳоло бошад, абрешими моро 24 давлати дунё харидорӣ мекунанд.
Дар ин бора дар вилояти Сурхондарё вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди минбаъдаи абрешимпарварӣ муайян карда шудаанд. Агар дар соли 2021 танҳо 30571 қуттии кирмак парвариш карда шуда, 1715 тонна кирми зинда парвариш ёфта бошад, пас дар 5 соли минбаъда, ба сабаби рушди ин соҳа истеҳсоли онҳо то 2377 тонна меафзояд. Яъне, то соли 2026 аз ҳисоби таҳкими пойгоҳи соҳа дар ноҳияҳо боз 9 лоиҳаи нав ба кор андохта шуда, шумораи корхонаҳо ба 18 адад мерасад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Президент Ш. Мирзиёев ҳар гоҳе, ки ба Сурхондарё ташриф меоварад оид ба рушди босамари истеҳсоли абрешим алоҳида эътибор медиҳад, зеро иқлими мусоиди минтақа, нисбатан зиёд будани майдони тутзор, таҷрибаи бойи пиллапарварон имконоти васеъ медиҳад, ки соҳа беш аз пеш ривоҷ ёбад. Пиллапарварони воҳаи Сурхон ҳар сол нақшаҳои пешбинишударо пеш аз мӯҳлат ва барзиёд иҷро менамоянд. Саривақт пардохтани музди меҳнати пиллапарварон низ ба ин мусоидат мекунад. 
Дар айни замон дар минтақа корҳои фаъол оид ба рушди минбаъдаи соҳа идома доранд. Кластери абрешимпарварие, ки дар баъзе корхонаҳои мавҷуд амал мекунад, аз нав бо усули замонавӣ роҳандозӣ мегардад. Ба шарофати таъсиси «SILKROADTEXT» ва корхонаи калони «Агро пилла» дар соҳа истеҳсолоти нав ҷорӣ карда шуд. Аз содироти анъанавии пилла ба интиқоли маҳсулоти тайёр шароит муҳайё гардид, яъне фурӯши матоъи хушсифати тайёри абрешим ба хориҷа имконпазир шуд. Аз ин ба баъд, абрешимпарварони Сурхондарё ҳар сол 120 ҳазор метр матоъи абрешим истеҳсол мекунанд. Содирот ба 3,8 млн. доллар мерасад. Акнун абрешими Сурхондарё дар Италия, Фаронса, Туркия, Чин, Русия, Афғонистон ва даҳҳо давлатҳои дигари ҷаҳон маъруф аст.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: