ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ КУЛОЛҲОИ ҒИЖДУВОН

  • ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ КУЛОЛҲОИ ҒИЖДУВОН
  • ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ КУЛОЛҲОИ ҒИЖДУВОН
  • ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ КУЛОЛҲОИ ҒИЖДУВОН

ё худ Усто Ибодулло ва фарзандони ӯ

Охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX бо шарофати Усто Шарофиддини чинисоз сафоли Хоҷаи Ҷаҳон – Ғиждувон ба дараҷаи зарфҳои чинӣ қадру қимат пайдо кард. Ба туфайли идомаи анъанаи «Устоду шогирд» ва хидматҳои содиқонаи Усто Эргаш, Усто Нарзулло, Муллотош, Усто Усмон, Усто Ибодулло барин кулолон шуҳрати мактаби кулолии Ғиждувон то ба имрӯз омад.
Давраи зиндагии авлоди панҷуми кулолон Ибодулло Нарзуллоев (1927-1987) ба замони шӯро рост омад. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳсули дастони кулолҳои Ғиждувон чун осори санъат дар вилояти Бухоро ягона аст. Бо шарофати Усто Ибодулло ин ҳунар на фақат дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар миқёси байналхалқӣ шуҳратёр гардид. Маҳорати худодод ва ҳунари аҷдодӣ ӯро сарбаланд намуд. Маҳсули  дастони узви Иттиҳоди мусаввирони СССР Ибодулло Нарзуллоев дар осорхонаҳои 27 мамлакати дунё гузошта шудаанд. Усто Ибодулло соҳиби ду писару нӯҳ духтар буд. Ӯ фарзандонро бо ҳамсараш хуб тарбия кард, аз асолати фазилатҳои олии инсонӣ бархурдор намуд. Ҳамаашонро хононд, соҳиби маълумоти олӣ кард. Дар дили онҳо нисбат ба забони модарӣ ва ҳунари аҷдодӣ меҳри бепоён ангехт. Вай мехост, ки анъанаи аҷдодии хонадон идома ёбад, мактаби кулолҳои Ғиждувон пойдор бошад. Бо ин мақсад нури чашмонаш – Алишер ва Абдуллоро ҳанӯз солҳои кӯдакӣ бо орзую умедҳои зиёд ба коргоҳаш бурда, мехост, ки бӯйи лою гил ба машоми онҳо шишта, дар дили эшон меҳри ҳунари аҷдодӣ ошён гузорад. Вақте ки онҳо шашсола шуданд, аллакай дастёри падар гашта ба вай кӯмак мерасонданд. Дар ҷараёни кор бародарон бо чархи кулолӣ, шола, каҷкорд, лабгир, каш-каш барин воситаҳо шинос шуданд. Падар тадриҷан ба писарон намудҳои гуногуни маҳсулоти кулолӣ: табақча, коса, нимкоса, тақсимча, табақ, табақи лангарӣ, табақи қашқарӣ, шоҳкоса, косаи дубоғӣ, косаи шӯрбоӣ, кӯза, хум, офтоба ва ғайраро, ки намудашон аз 60-адад зиёдтар аст, нишон медод. Диққати ҳунармандони наврасро нақшу нигори падар аз қабили бодомӣ, меҳробӣ, мадохилӣ, лола, ислими Эрон, ислими Самарқанд, морак, даҳ намуди «Миандраи юнонӣ» (онҳо аз 300-хел зиёданд) бештар сӯйи худ мекашиданд.
***
Тақрибан 15-20 сол муқаддам бо тақозои вазифа ба Ғиждувон рафта, бо ҳокими ҳамонвақтаи он Арслон Муъминов мулоқот карда будам. Вай он гоҳ дар бораи ифтихори ғиждувониён, кулоли овозадор Алишер Нарзуллоев навиштанро ба банда тавсия кард ва маҳсули дастони ӯ – табақи кулолии даруни ҷевонро нишон дод. Маскани аслии кулолони Ғиждувон қалъаи Ғиждувон аст, вале ҳоло дар дарунтари шаҳр буду бош доштанд. Ниҳоят назди дарвозаи онҳо таваққуф кардам. Лавҳаи мармарини девори шафати дарвоза диққатамро ҷалб кард: «Дар ин ҳавлӣ аъзои Иттиҳоди рассомони СССР Ибодулло Нарзуллоев зиндагӣ кардааст»...
Алишер авлоди шашуми кулолони Ғиждувон аст. Вай баъди хатми мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии меъморию сохтмони Самарқанд дар корхонаи сохтмон тайи солҳо чун муҳандис, сармуҳандис фаъолият нишон дод. Ба заводи кулолии Ғиждувон сарварӣ кард. Падар он гоҳ нахустфарзандашро наздаш хонда гуфт, ки «Завод дер намепояд, зеро дар он миқдор боло меистад на сифат. Вале шуғли мо анъанавист». 
Алишер чизе нагуфт ва аз назди падар хомӯш берун баромад. Дере нагузашта косаю табақҳои чинӣ афзуд ва бозори маҳсулоти заводи кулолӣ касод шуд. Падар рӯҳафтодагии писарро дида гуфт: «Ноумед нашав, кори мо, ҳунари мо кӯҳна намешавад. Ҳафт пушти моро ин касб сарбаланд кардааст ва мекунад. Рӯзе ҳаётӣ будани ин гуфтаҳои маро мебинӣ. Фарзандонат низ ин ҳунари аҷдодиро бояд омӯзанд...»
Падар аз олам рафт, вале устохонаи ӯ чароғон монд. Бародарон Алишер ва Абдулло ба ҳу-нари асили аҷ-додӣ рӯ оварда, комёб гардиданд. Фотиҳаи хайр, дуои падар ба онҳо болу пар бахшид. Со-ли 1995 Усто Алишер соҳиби шаҳодатномаи «Устои тоифаи байналхалқӣ»-и ЮНЕСКО ва 1000 доллари амрикоӣ гардид. Дере нагузашта устоди филмҳои ҳуҷҷатӣ Малик Қаюмов дар бораи кулоли ғиждувонӣ таҳти унвони «Тупроқ тилга кирганда» филм офарид. Баъд аз як сол А. Нарзуллоев сазовори ордени «Дӯстлик» гардид. Соли 1999 кулол ғолиби озмуни «Ташаббус – 1999», соҳиби медали тилло ва автомобили тамғаи «Тико» шуд. Соли 2001 бошад, ба вай пирӯзӣ дар озмуни «Офарин» ва ҷоизаи тиллоии «Ҳумо» насиб кард. Соли 2002 дар ҳаёташ воқеаи таърихӣ рух дод: «Устои халқии Ӯзбекистон» шуд. Як сол пас кулоли машҳурро ба узвияти «Академияи бадеии Ӯзбекистон» муносиб диданд. Аз гӯшаву канори олам ба ҳавлии онҳо мухлисони ҳунар ташриф оварда, орзуи омӯхтани касби кулолӣ кардаанд ва Алишер ифтихор дорад, ки ҳоло дар ИМА, Ҷопон, Дания шогирдонаш фаъолият доранд. Писаронаш Шерзодҷон, Олимҷон, Обидҷон ва духтараш Шаҳзодахон дар корхонаашон – Маркази таълими эҷодиёти амалии халқӣ – «Устозода» анъанаи аҷдодӣ – кулолиро идома медиҳанд.
Ба қарибӣ дар хонадони Алишер боз як хурсандӣ рух дод. Мактаби бачагон – «Баркамол авлод»-и назди Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ таҳти унвони «Мероси аҷдод» озмун-азназаргузаронӣ эълон кард. Дар марҳилаи ҷумҳуриявии он шогирди Мактаби бачагонаи ҷумҳурии «Баркамол авлод»-и ноҳияи Ғиждувон, набераи Алишер Нарзуллоев – Дурдона Нарзуллоева дар равияи кулолгарӣ иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардид. Боиси хушнудист, ки анъанаи авлодии хонадони кулолони Ғиждувон идома дорад.
Абдулло ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна, кор дар сохтмон, таҳсил дар факултети муҳандис-педагогии Институти давлатии омӯзгории Бухоро, омӯзгорӣ дар мактаби миёна низ коргоҳи падарро тарк  накард. Вақти холиашро ба омӯхтани асрори ҳунари падар сарф мекард. Соли 1987, ҳангоме ки падар вафот кард, вай 24-сола буд. Ӯ фаъолияташро дар мактаб қатъ карда, масъулияти кори падарро пурра ба дӯши худ гирифт. Аз соли 1994 то имрӯз дар зиёда аз 140 намоишгоҳи байналмилалӣ бо маҳсулоти худ иштирок намудааст.
Дар 10 музейи Британияи Кабир,  маҳсули дастони ӯ намоиш дода шудааст. Ин қабил намоишҳо дар шабакаҳои телевизионии як қатор мамлакатҳо аз ҷумла, Фаронса дар бораи А. Нарзуллоев барномаи махсус таҳия кардаанд. 
Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон дар ҳаёти депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Бухоро Абдулло Нарзуллоев воқеаи таърихӣ рух дод. Вай бо Фармони Президенти Ӯзбекистон соҳиби унвони «Устои халқии Ӯзбекистон» гардид. Ба қарибӣ Абдулло бо ҳамсараш Гулбаҳор аз сафари ИМА баргашт. Онҳо 11-14 июли соли ҷорӣ дар ярмаркаи байналмилалии ҳунарҳои халқӣ, ки таҳти унвони «XV international Art Market» ба амал омад, иштирок карданд. Ин сафар бобати таҷрибаивазкунӣ ва муаррифии маҳсули дастони худ ба аҳли олам барои эшон имконияти хубе буд. Вақте вориди ҳавлӣ шудем, он хонамузей ва коргоҳро мемонд.
Пеш аз он, ки бо ҷараёни кори ҳунармандон шинос шавем, Усто моро ба  музей таклиф кард. Дар ҳақиқат, осорхона хеле дилкаш ва пурҷозиба буд ва  дар он маълумоти таърихӣ оид ба мактаби кулолии Ғиждувон, намунаҳо аз мактабҳои кулолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, факту рақам, аксу нигораҳо, ҷиҳозҳои ҷолиби диққат гузошта шудаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин ҳавлӣ шомили харитаи сайёҳии сайёҳони маҳаллию хориҷӣ гардидааст ва  бешубҳа бо ҳусни нотакрор ва мазмуну мундариҷаи худ ҳар як бинандаро мафтун мекунад. Аз тамошои толорҳо мебаромадему соҳибхона аз ғамхориҳои беназири давлат нисбати ҳунару ҳунармандон бо муҳаббат  ҳарф мезад. Тафсилоти мулоқоташро бо сарвари давлат нақл мекард. Мо ба устохонаи кулолӣ сар халонда, писари Усто Абдулло Нарзуллоев – Акмалҷон Нарзуллоев ва усто Ҳасанҷон Шарифовро саргарми кор дидем. Аён гардид, ки ин ҷо ғайр аз кулолӣ намудҳои дигари санъати амалии халқӣ: кашидадӯзӣ ва гилембофӣ низ ҷараён дорад. Бо роҳбарии хоҳари калонии Абдулло – Мавлуда ва ҳамсари усто Гулбаҳор 40 нафар бонувони Ғиждувон дар ин ҷо бо кашидадӯзӣ шуғл меварзанд.
Духтари калонии хонадон Дилноза бо даҳ нафар ба истеҳсоли гилемҳои қадимӣ шурӯъ кардаанд.
Ҳамин тариқ, ба туфайли фаъолияти дурандешонаи фарзандони асили кулоли машҳур Ибодулло Нарзуллоев мактаби кулолии Ғиждувон на фақат рушд ёфта, ҳунари меросӣ оламгир шуд, балки боз чандин нафар  ҳамдиёрон соҳиби касбу кори доимӣ гардиданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: