СИФАТ ВА САМАРАНОКИИ ТАЪЛИМ АФЗУН МЕГАРДАД

Ислоҳоте, ки дар соҳаи таълим амалӣ мешавад, баробари баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, барои аз худ кардани дониши баланду сифатноки фарзандони мо шароит фароҳам меоранд.

Ба шарофати имзо гардидани як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар ин самт, сифат ва самаранокии таълим, инчунин дастовардҳои соҳа бамаротиб афзуд.

 

Аз тарафи Президент имзо гардидани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми феврали соли 2024 «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ қадами муҳим дар ин самт шуд. Дар қонуни мазкур ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ, кафолатҳои асосии фаъолияти педагогҳо, музди шоистаи корӣ, рағбатноксозӣ ва тамоюлҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо ба таври мушаххас муқаррар гардиданд.
Мувофиқи қонуни мазкур минбаъд ба шахсе, ки бори аввал дар муассисаи таълими умумӣ фаъолияти касбии худро оғоз мекунад, барои пешбарии фаъолияти муаллимӣ дар давоми як соли таҳсил педагоги ботаҷриба вобаста карда мешавад. Ин албатта, барои идома ва пурзӯртар гардидани анъанаи «Устоду шогирд» дар мактабҳои ҳамагонӣ мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, дар асоси қонун як қатор талабот ва супоришот ба омӯзгорон манъ карда шуд. Аз ҷумла, ҷалб намудани педагогҳо ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии онҳо алоқаманд нестанд, масалан, корҳои ободонӣ ва хоҷагии қишлоқ, аз омӯзгорон талаб кардани таҳия ва тақдим намудани ҳисобот ва дигар маълумотҳое, ки ба ӯҳдадориҳои касбиашон вобастагӣ надоранд (масалан, ташаккули ҳисобот дар бораи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон), ба зиммаи муаллим вогузоштани маҷбурияти хариди мол ва хидматҳо, бе ризоияти хаттии ӯ аз маош нигоҳ доштани маблағ барои молу хидматрасонӣ манъ карда шудааст. 
Имрӯзҳо дар мактаби мо бо мақсади таъмини иҷрои қонуни мазкур чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд. Бахусус, мо дар бобати ба роҳ мондани хамкории «Падару модар, мактаб, маҳалла» корҳои амалиро оғоз намудаем. 
Набояд фаромӯш кард, ки илм роҳи ягонаи наҷоти инсон аст. Ҳалли ҳамаи масъалаҳо, албатта, ба соҳибони илм вобаста мебошад. Беҳуда олими маърифатпарвар Абдулло Авлонӣ нафармудааст, ки «Таълиму тарбия барои мо масъалаи ҳаёт ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат аст».

Рауф РАУПОВ, 
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 19-уми ноҳияи Сайҳунободи
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: