СИФАТИ ХИДМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

Корҳои сохтмониву таъмирӣ анҷом ёфтанд ва бинои дорои 146 ҷойи қабул дар Беморхонаи бачагонаи шаҳри Андиҷон ба истифода супурда шуд.

Корҳои сохтмониву таъмирӣ анҷом ёфтанд ва бинои дорои 146 ҷойи қабул дар Беморхонаи бачагонаи шаҳри Андиҷон ба истифода супурда шуд.
Солҳои охир дар мамлакати мо ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус ҳифзи модару кӯдак, сохтмони биноҳои нави муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз сохтани онҳо эътибори зиёд дода мешавад. Дар натиҷаи ислоҳоте, ки амалӣ мешаванд, сифати хидматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад ва барои шаҳрвандон қулаиҳои зиёд фароҳам меоянд. Аз ҷумла, аз таъмири асосӣ баровардан ва ба истифода супурдани бинои дорои 146 ҷойи қабул дар Беморхонаи бачагонаи шаҳри Андиҷон мисоли равшани чунин корҳо мебошад.
Беморхонаи бачагона, ки ҳоли ҳозир дар он 35 нафар шифокорон, 194 нафар ходимони маълумоти миёнаи тиббӣ ва 64 нафар кормандони ҳалқаи поёнӣ кор мекунанд, барои 204 ҷой пешбинӣ шудааст, 10 шуъба, 7 зершуъба дорад, соли 2018 як қисми беморхона аз таъмири асосӣ баромада буд. Корҳои бинокориву таъмирӣ дар бинои дуюми шуъбаи табобатӣ моҳи январи соли равон оғоз ёфтанд.
– Барои корҳои бинокориву таъмирӣ ва муҷаҳҳаз сохтани шуъбаи таваллудгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон зиёда аз 6 миллиард сӯм харҷ шуд, – мегӯяд сардухтури беморхонаи бачагонаи шаҳри Андиҷон Баҳодурҷон Бегматов. – Дар натиҷа имконияти пешакӣ муайян кардани бемориҳои бачагона, табобати самарабахш, хидматрасонии тахассусии тиббӣ ба модарону кӯдакон фароҳам омад.
Дар бинои замонавии дорои таҷҳизоти махсус ва хонаҳои равшану васеъ барои духтурон ва мизоҷон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.
Дар маросими кушоиши бинои нав ҳокими вилояти Андиҷон Шуҳратбек Абдураҳмонов иштирок кард.

Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: