Дирӯз дар Донишкадаи молияи Тошканд аз ҷониби сарраёсати адлияи шаҳри Тошканд доир ба моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи силоҳ», ки 28 июли соли равон ба тасвиб расидааст, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Мақсад аз қабули Қонун чӣ буд, чанд намуди силоҳ вуҷуд дорад, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон киҳо ҳуқуқи гирифтани силоҳ ва тиру туфангро доранд, барои гирифтани силоҳу тир аз кадом мақомот бояд рухсат гирифт, силоҳи шаҳрвандӣ ба киҳо дода намешавад?
Ба ин суолҳо ходимони сарраёсати адлияи шаҳри Тошканд то ҷое посух доданд. Аз ҷумла, сардори шуъбаи фаъолияти назорату рухсатдиҳии Гвардияи миллии шаҳри тошкандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, лейтенант Қаҳрамон Бегимқулов изҳор дошт:
– Мақсади Қонун ба тартиб андохтани муносибату муомила бо тиру туфанг, ҳифзи ҳаёту тандурустӣ, молу мулки шаҳрвандон ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мебошад. Се навъи силоҳ вуҷуд дорад: силоҳи шаҳрвандӣ (барои шикор ва варзиш, ҳамчунин, барои дифои худ); силоҳи хидматӣ (аз ҷониби шахсони юридикӣ барои ҳифзи ҳаёту тандурустии шаҳрвандон, молу мулк, ҳифзи табиат, захираҳои табиӣ, борҳои гаронбаҳою хатарнок, ҳамчунин, аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои таъмини бехатарии шахсӣ ба кор бурда мешавад); силоҳи ҷангӣ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати давлатии бехатарӣ, Хидмати давлатии бехатарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии гумрук, сохторҳои ҳарбии Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, Вазорати рушди технологияи ахбор ва коммуникатсияҳо бо худ доранд, ки барои амалиёти ҷангӣ ва иҷрои вазифаҳои хидматӣ пешбинӣ шудааст).
Шаҳрвандони 18-сола ҳуқуқи гирифтани силоҳи варзишӣ ва худмуҳофизаткунанда, шаҳрвандони 21-сола бошад, ҳуқуқи гирифтани силоҳи шикорӣ ва худмуҳофизаткунандаро доранд.
Силоҳи шаҳрвандӣ ва хидматӣ бино ба рухсатномаи мақомоти Гвардияи миллӣ ба шаҳрвандон ба муддати 3 моҳ дода мешавад.
Шаҳрвандон барои гирифтани рухсатнома ба мақомоти Гвардияи миллӣ аз ҷойи манзили зисти доимӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: ариза, шиноснома, ҳуҷҷатҳое, ки донишашонро доир ба дуруст истифода бурда тавонистан аз силоҳ тасдиқ менамоянд, хулосаи тиббӣ ҳуҷҷате, ки пардохтҳои заруриро тасдиқ менамояд, гувоҳномаи сайёдӣ, ки аз ҷониби иттиҳодияи ҷамъиятии сайёдон дода мешавад (барои гирифтани силоҳи шикорӣ), гувоҳномаи варзишгар, ки аз ҷониби шахси юридикӣ ба оне, ки бо ин навъи варзиш машғул мешавад, дода шудааст(барои гирифтани силоҳи варзишӣ).
Ҳамчунин, аз суханони баромадкунанда маълум шуд, ки шахсони ба воя нарасида, занони ҳомила ва онҳое, ки аломатҳои маъюбӣ доранд, ҳуқуқи кор фармудани силоҳи шаҳрвандӣ ва хидматиро надоранд.
Дар поёни нишаст ходимони Гвардияи миллӣ ба суолҳои зиёди журналистон ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».