СИМО ВА САДОИ ОШНО

Чанд нафар барои иштирок дар тадбири кушодашавии гузаргоҳи Ҷартеппа – Панҷакент мерафтем.

Чанд нафар барои иштирок дар тадбири кушодашавии гузаргоҳи Ҷартеппа – Панҷакент мерафтем. Ронанда гӯшаки радиоро тофт. Аз он суханҳои тоҷикӣ садо доданд:
– О, ин Собирҷон, сухангӯйи мо-ку, – гуфт кадоме аз ҳозирон.
– Барандаи хуб аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд дигаре. – Худо садои форам ва гӯшнавоз додааст.
– Воқеан, Собирҷон, аллакай дар байни кормандони телевизион соҳиби обрӯ ва эҳтиром аст, – ба суҳбати мусофирон ҳамроҳ шуд сармуҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонги” Нормурод Каримзода. – Овози хуш, чеҳраи пурнур, нутқи равон дорад. Ҳар як калимаро дона-дона, бо маҳорат талаффуз  мекунад. Камина бо ӯ борҳо ҳамсуҳбат шуда, пай бурдам, ки касби худро хеле дӯст медорад, дар омодасозии барномаҳо маҳорати хоса зоҳир мекунад. Барномаи “Чашми дил”, ки чанд дақиқаро фаро мегирад, барои мо тамошобинон басо хуш аст. Собирҷон бо меҳнатдӯстӣ, устои касби худ будан дар байни ҳамкорон маҳбубият пайдо кардааст.
Саргарми суҳбат ба гузаргоҳ расидем. Дар сарҳади байни ду давлат қариб панҷ ҳазор нафар мардум ҷамъ омада буданд. Дере нагузашта ҳокими вилояти Самарқанд ва раиси вилояти Суғд ташриф фармуданд ва анҷумани бошукӯҳ оғоз ёфт. Аҷаб тасодуф: барандаи анҷуман муҳаррири бахши тоҷикии ширкати садо ва симои вилоят Собири Бурҳон буд. Ӯ бо табассуми ширину садои дилнишини худ тадбирро ифтитоҳ бахшид ва меҳмонону мизбононро ба забони модарӣ хайра мақдам гуфт.
– Номаша гиру гӯшаша каш, – завқ кард яке аз ҳамроҳони мо. – Собирҷон дар ин ҷо низ ҳозиру нозир.
Баранда чанд байтро дар васфи дӯстии халқҳо қироат карду риштаи суханро як-як ба вакилони расмӣ дод. Алалхусус, мардуми Тоҷикистон ба ровии самарқандӣ, ки ба тоҷикӣ озод, ширин, гуворо ҳарф мезад, қоил шуданд.
Бояд гуфт, ки Собирҷон ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 39-уми ноҳияи Самарқанд ба касби наттоқӣ шавқу ҳавас дошт. Ба журналистон тақлид мекард, давраҳоро мебурд. Боре дар майдони варзиш ду дастаи футбол қувваозмоӣ мекард. Собирҷон дафтареро гирифту як навъ «микрофон» сохт ва бо овози баланд шореҳ шуд.
Муаллими тарбияи ҷисмонӣ, ки шоҳиди ин ҳунари шогирдаш гардид, завқ карда хандид ва гуфт: «Марҳамат, журналист, нотарсона гап зану ҳамаро қоил кун! Охир аз гузари мо ҳам наттоқ барояд-дия».
Фаришта ба нияти омӯзгор «омин» карда будааст, ки Собири Бурҳон ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашта, номи донишҷӯйро гирифт. Солҳои таҳсил дар мактаби олӣ риштаи ҳамкориро бо идораи рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Гулобод тонги», ширкати садо ва симои вилоят мустаҳкам намуд. Пас аз гирифтани дипломи донишгоҳ бо маслиҳати устодаш Ғафурҷон Маҳмудов фаъолияти меҳнатии худро дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” оғоз кард. Сипас, дар ширкати садо ва симои вилоят ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радио фаъолияти меҳнатии худро давом дод. Аз журналистони варзида Ӯктам Иброҳим, Ҳамза Ҷӯраев, Эдуард Соколовский, ровиёни соҳибтаҷриба Хайринисо Валихоҷаева, Гулчеҳра Аҳмадова, Абдураҳмон Бошмонов ва дигарон асрори радиожурналистика ва роҳҳои омодасозии барномаҳои телевизиониро омӯхт.
Бо гузашти айём муҳаррири бахши тоҷикии ширкати симо ва садои вилоят таъин шуда, то ҳол дар ин вазифа кор мекунад ва барои пурмазмун, шавқовар ва хотирнишин гардидани барномаву гузоришҳо саҳми арзанда мегузорад.
– Кӯшиш мекунем, то мухлисону муштариён аз ҳар як барномаи мо ғизои маънавӣ гиранд, – мегӯяд Собири Бурҳон. – Бо ин мақсад зери рукнҳои «Минбари депутат», «Муроҷиат ва муносибат», «Сарчашмаи маънавият», «Ганҷи одоб», «Пайки меҳр», «Мулоқоти ошкоро» ва ғайра гуфтор ва барномаҳоро омода ва пешкаши шунавандагони радиову мухлисони оинаи нилгун менамоем.
– Собирҷон, барои рушди фаъолияти бахши тоҷикӣ бо кӣ ҳамкорӣ доред? Яъне, киҳо такягоҳи бахши тоҷикӣ ҳастанд?
– Рост мегӯянд, ки «машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад». Ҳамкории мо бо рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шуъбаи таълими халқии ноҳияи Самарқанд, маркази миллӣ ва фарҳанги тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва дигар идораву ташкилотҳо мустаҳкам ва мунтазам аст. Мо тадбирҳои гуногунро дар ҳамкорӣ ташкил намуда, пешкаши ҳаводорон менамоем. 
– Дар мавриди нақшаҳои ояндаи худ чанд сухан мегуфтед. Оё зиёд кардани соати барномаҳои тоҷикӣ ҳам дар назар аст?
– Пеши худ мақсадҳои калон гузоштаем. Дар оянда роҳандозии рукнҳои навро ба нақша гирифтем. Мо дар назди роҳбарияти ширкати садо ва симои вилоят масъалаи зиёд кардани вақти барномаҳои тоҷикиро низ мондаем. Умед дорем, ки дар ояндаи наздик ин масъала ҳалли худро меёбад…
– Собирҷон, таманнои шумо?
– Сарвари давлатамон ба фаъолияти журналистон баҳои баланд дода, боре таъкид карданд, ки «танқид кунед ва барои пешравии ҷомеа саҳми арзанда гузоред».
Ҳоло давлат дар пеши кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ вазифаҳои таъхирнопазир гузоштааст, ки аз ҳар як паёмнигор фидокорӣ, ҷасорат, донишу хирадро тақозо мекунад. Мо ҳамчун ҳамқадаму ҳамнафаси замон барои сари вақт ба бинандагон ва шунавандагони худ расондани навидҳои кишвар кӯшиш мекунем.
Аз имконият истифода бурда, ҳамқаламон ва ҳамаи ходимони расонаҳои ахборро бо иди касбиашон табрик мекунам ва ба якояки онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: