Ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда дар мактабҳои мо муаллимони маълумоти олидор хеле зиёд буданд, дарс намерасид, нишастан ба курсии роҳбариро ҳама орзу мекард.
Ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда дар мактабҳои мо муаллимони маълумоти олидор хеле зиёд буданд, дарс намерасид, нишастан ба курсии роҳбариро ҳама орзу мекард. Барои роҳбар таъин шудан камаш панҷ сол собиқаи корӣ талаб карда мешуд.
Собиқаи кориамро панҷ сол шуда-нашуда, маро ба вазифаи мудири қисми таълими яке аз калонтарин дабистонҳои ноҳия тавсия намуданд. Дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Риштон (он вақт Сӯх ноҳияи алоҳида набуд) аз суҳбат гузаронданд. Нозири шуъба А.Бобоев (равонашон шод бод) саволҳое доданд, ки нигарон набудам. Масалан, пурсиданд, ки «Гов ҳаст? Замин ҳаст? Дар хона дастёрон ҳастанд?»
Нозир гуфтанӣ будаанд, ки агар мудири қисми таълим таъин гардӣ, лозим меояд корҳои хонаро сӯе гузошта, субҳ то шом дар мактаб банд шавӣ.
Ҳақиқатан ҳам вазифаҳое, ки дар назди мудири қисми таълим меистоданд, хеле зиёд буданд. Бинобар хонандаи зиёд доштани мактабамон синфҳои ибтидоӣ «завуч»-и алоҳида дошт. Тавре ба назар мерасид бори ташвиши мактаб, ки маскани таълим аст, асосан ба дӯши мудири қисми таълимист. Вале вақте ки директор таъин карданд, осон набудани ин вазифаро низ ҳис намудам. Талабҳои дар назди директори мактаб гузошташуда ҷиддитар буданд.
Дар шароити душвор кор мекардем. На синфхона мерасиду на мизу парта. Базаи моддӣ-техникӣ ба талаб ҷавоб намедод. Хонандагон маҷбурӣ ба корҳои саҳро ҷалб карда мешуданд. Душвории шароити зиндагӣ низ ба давомоти онҳо таъсир мегузошт. Моҳонаи муаллим нисбатан ночиз. Вай маҷбуран ба Русия мерафт аснои таътил, бо оғози соли таҳсили нав расида омада наметавонист. Хуллас, мушкилиҳои зиёд дошт директорӣ.
Ҳоло вазъ куллан дигар аст. Ҳамаи ин дигаргуниҳо самараи татбиқи ислоҳот дар соҳаи таълим, ғамхории ҳукумат нисбати баланд бардоштани нуфузи мактаб ва омӯзгор.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ – чӣ қадар тағйирот... Вале ба муаллим ва директори имрӯза, бо вуҷуди он ки шароити корӣ куллан мусоид шудааст, низ осон нест.
Хусусан, директорӣ масъулиятест бузург – тавре ба назар мерасад талаботе, ки назди ӯ гузоштаанд, боз ҳам калонтар шудааст. Лозим меояд вай нафаси замон, шиддати даврро ба амиқӣ идрок созад, усулҳои замонавии идоракунӣ дар муассисаи таълимиро ба роҳ гузорад, таҷрибаҳои пешқадам, комёбиҳои илмӣ-техникиро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро дар фаъолияти худ татбиқ намояд.
Агар роҳбари муассисаи таълимӣ оиди самтҳои идоракунӣ ба таври кофӣ дониш, таҷриба, маҳорати педагогӣ, малакаи касбӣ надошта бошад, дар ҳалли мушкилоти таълиму тарбия оҷизиаш ошкор мегардад. Яке аз муҳимтарин шартҳои пешгирии ҳолатҳои номатлуб, такмили фаъолияти касбии ходимони педагогӣ ва дар натиҷа ривоҷ додани ҷараёнҳои таълими замонавӣ дар асосҳои илмӣ ташкил намудани фаъолияти идоракунӣ мебошад. Замон дар назди директори имрӯз талаб мегузорад, ки ба касб содиқ бошад, ташаббус нишон диҳад, ҳалол ва покизакор бошад, дар роҳи расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ҷомеаи педагогиро раҳнамоӣ карда тавонад. Вай ба худ суол диҳад, ки оё худ аз муаллимони пешқадам аст ва дар гузаштани дарсҳои замонавӣ ба дигарон намуна шуда метавонад?
Зимнан, ҳамон директоре, ки ҷӯянда аст, таҷрибаҳои пешқадам ва усулҳои замонавии таълимро ба амал татбиқ месозад, малакаи роҳбариро ҳамеша такмил мебахшад, дар муносибат бо зердастон таҳаммул аз даст надода, меҳнати онҳоро сазовор қадр мекунад, адолатнок аст ва қатъият дар ҳаракатҳояш ҳувайдо, ба ҳурмату эътибори ҳамкорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа сазовор мегардад. Вай танҳо обрӯ ва мақоми худро не, обрӯ ва шаъни мактабро низ бояд фикр кунад, ҳамкасбонро муҳофизат намояд, вале вақте камбудиҳо зоҳир гашт, рӯйхотир накарда чораҳо андешад. Ба талаб ва меъёрҳои Низом дар бораи ташкил кардани мактаби таълими умумӣ ва Устави мактаб, ки дар ҳамин асос кор карда бароварда шудааст, қатъиян риоя созад, супоришот марбут ба таълиму тарбияро, ки аз қонунҳо, қарорҳо, фармону фармоишҳо баромада меоянд, дар вақташ иҷро намояд. Идоракунии мактаб, хусусан, сохтори идоракунии дохилиро дуруст ба роҳ гузорад. Мавқеи директор дар мактабро, ғолибан, лавозим ё худ ӯро ҳарҷониба дастгирӣ карда истодани роҳбарони идораҳои болоӣ не, балки меҳнати худи вай, муносибати ба ӯ доштаи ҷамоаи омӯзгорӣ муайян менамояд.
Директори мактаб, дар навбати аввал, педагог аст – бояд ӯ ба сифати омӯзгор консепсияи муайян дошта бошад. Бинобар он ки омӯзгорон аз шахсҳои гуногунхислат таркиб меёбад, барои он ки ба ҳама забон ёфта тавонад, аз психология огоҳ буданаш лозим.
Директоре комёб аст, ки қобилияти хуби ташкилотчигӣ дорад, баробари омӯзгори пешқадам будан чашми кори идоракуниро медонад, дар баробари ин соҳибкор аст. Дар пешравии маънавиёт моддиёт таъсири хуб мегузорад, маблағ бошад, таълими бариловаро ба роҳ гузоштан мумкин. Дар ҳоли таъсир накардан ба ҷараёни таълиму тарбия директор метавонад синфхонаҳои холӣ ё чизҳои дигари мактабро дар асоси қарорҳои дахлдори ҳукумат ба иҷора диҳад. Бо роҳҳои гуногуне, ки қонун манъ накардааст, мактабро бой гардонад. Дар ҳамаи даврҳо дарёфти шахси муносиб ба лавозими директорӣ аз мушкилтарин масоили таълими халқ шуда омадааст. Дар давраи бозсозии горбачёвӣ як муддат тартиби аз тарафи коллективи педагогӣ интихоб карда шудани директор ҷорӣ гашт. Ин усул ҷиҳатҳои хуб низ дошт, аммо куллан худро сафед накард, гурӯҳбозӣ оқибатҳои нохуб овард ва аз ин тартиб даст кашиданд. Дар рӯзҳои мо директори мактаб бо ризоияти шӯрои депутатҳои халқӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳоло роҳбарони идоракунии таълими халқ мушовирони ҳокимҳо дар масъалаҳои таълиму тарбия ҳисоб меёбанд. Дар асоси фармони Президент «Дар бораи чораҳои рушди соҳаҳои таълиму тарбия ва илму фан дар давраи нави тараққиёти Ӯзбекистон» ба лавозимҳои холии директорӣ, ки аз ҷониби идоракунии таълими халқи ҳудудӣ пешбарӣ шудааст, номзадҳо ба тарзи озмун тавассути қарори шӯрои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тасдиқ карда мешаванд. Номзадҳо ба лавозими директорӣ бо барномаҳои худ, ки ба се соли охири фаъолияти кориашон вобастаанд, иштирок менамоянд.
Хубии кор дар он ки акнун дар охири соли таҳсил директори муассисаи таълимӣ бо навбат дар ҳузури шӯрои депутатҳои халқӣ ва ҷамоатчигӣ оиди корҳое, ки дар асоси барномаи сесолаашон пеш бурдаанд, ҳисобот медиҳанд. Назар ба натиҷаҳои ҳамин ҳисобот ба фаъолияти директори мактаб баҳо дода мешавад.
Навигарӣ дар ин самт, албатта, қобили таваҷҷӯҳ. Вале наҳама ҳисобот ба амалҳое, ки ба иҷро расидаанд, мувофиқат мекунанд. Фикр мекунем, танҳо бо шунидани ҳисобот ё шинос шудан ба ҳуҷҷатҳо ба фаъолияти директор ё ҷонишинҳои ӯ баҳо додан нодуруст. Баробари коғаз бояд корҳое ҳам, ки ба иҷро расидаанд, ба назар тобанд.
Мутаассифона, дар бисёр маврид ба фаъолияти роҳбарони мактаб танҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳо баҳо медиҳанд. Ҳуҷҷат ё ҳисоботи коғазӣ ё электрониро бошад, котиб ё барномасоз ба таври схемавӣ омода кардааст.
Чандин директорро медонам, ки чи дар ташкили корҳои намунавӣ марбут ба таълим ва чи дар омодасозии ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ фаъолияти ибратбахш нишон медиҳанд. Ин гуна директорҳо, хусусан, дар солҳои ҳаштодум-навадуми асри гузашта дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сӯх зиёд ба назар мерасиданд. Беҳтарин омӯзгорон директорӣ мекарданд дар як қатор мактабҳо. Масалан, муаллимони мардумии ҷумҳурӣ Обидхӯҷа Иброҳимов ва Абдураҳим Абдусаломов (равонашон шод бод). Директорҳои пешқадам Орифҷон Мустафоев ва Назирҷон Қосимов солҳои зиёд ҳамчун мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия низ фаъолияти ибратбахш нишон доданд. Ё худ Додобек Иброҳимов, ки дар ШТХ аз кормандони фидоӣ буд, ба яке аз мактабҳо директор таъин шуд ва то дами вопасини умр ба пеш бурдани сифати таълим дар дабистон ҷидду ҷаҳд намуд. Фаъолияти ҳарҷиҳата ибратомези соҳиби ордени «Меҳнат шуҳрати» Ботурхон Ақрабов низ чун яке аз директорҳои фидоӣ сазовори эътироф. Мактаберо, ки ӯ роҳбарӣ мекард, дар тамоми вилоят мешинохтанд. Умуман, нафароне, ки зикр шуданд, чун директор ё роҳбари идораи таълими халқ дар вилояти Фарғона машҳур буданд.
Имрӯз чун директори мактаби пешқадам киҳоро мешиносем?
Директорҳои чашмикордон, ки талабҳои дар наздашон гузошташударо виҷдонан ба иҷро мерасонанд, эҳтимол ҳамон фаъолият мебаранд дар ноҳия. Аммо дар бораи фаъолияти ибратбахш не, оиди корҳои ношоистае, ки дар баъзе мактабҳо содир шудаанд, мутаассифона овозаҳо бештар ба гӯш мерасанд. Аз болои роҳбарон ба идораҳои болоӣ, хусусан ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ навишта шудани аризаҳои шикоятӣ кам намешаванд. Дар дабистони рақами дуюм, ки як вақтҳо роҳбарӣ мекардам, тӯли 20 соли охир наздик 10 директор иваз шуд.
Нафаре нақл намуд: «Тасодуфан ба мактабе рафта, гувоҳ шудам, ки муаллиме чӣ тавр ба директор нописандона, ҳатто бо дӯғ муомила мекунад. Баъд фаҳмам директор назди дигарон – забонкӯтоҳ...»
Директори забонкӯтоҳ, ки «хӯрдааст», аз муаллимон меҳаросад ва дониста муомила месозад, то аз болояш нанависанд.
Муаллими мардумӣ, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мавлуда Исматоваи тошкандӣ низ директори мактаб буд. Аз яке аз дарсҳои маҳорат, ки ӯ гузашт, роқими ин сатрҳо низ баҳраманд шудааст. Дили бузург дошт муаллимаи фидоӣ, мехост директорҳо дар омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар монда нашуда кор кунанд, назорат намоянд, таҳлил созанд, хулосаҳои дуруст бароварда, навигариҳоро дар мактабҳои худ ҷорӣ кунанд, дар ташкили хидматҳои таълимӣ-методии муттасил ба омӯзгорони ташаббускор такя намоянд.
Яке аз шахсони шуҳратманд Хосият Қараева, бо вуҷуди он ки синнаш аз 80 гузаштааст, ҳанӯз дар яке аз мактабҳои таълими умумии вилояти Сурхондарё директорӣ мекунад. Нафақат чун директори пешқадам, балки чун саховатпешаи камназир номи ӯ вирди забонҳост. Вай ҳар моҳ аз ҳисоби нафақаи худ ва даромади боғаш 3 миллионсӯмӣ барои тақдирсозии толибилмони пешқадам, ки аъло хонда ва дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ пирӯз шудаанд, ҷудо менамояд.
Қиёс созед ин пиразанро ба бархе аз директорҳои тамаъгар:
Яке дар қулла ҷӯяд ошёна,
Дигар аз қулла ҳезум
мекашонад.
Хуб мешуд корбарии Х.Қараева байни мактабҳо бештар тарғиб ва ташвиқ карда шавад, санъати роҳбарӣ, коршиносӣ, ҷавонмардиро, хусусан, директорҳои ҷавон аз вай омӯзанд. Директор, ба маъное, симои мактаб.
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
омӯзгор ва рӯзноманигор.