СИМОИ ПИРИ ТАРИҚАТИ ХОҶАГОН ДАР ЯК РИСОЛАИ КУҲАН

(Ба пешвози 915-солагии зодрӯзи Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ)

Дар инкишофи таърихии афкори динию фалсафӣ ва маънавию адабии мардумони Машриқзамин, аз он ҷумла халқҳои тоҷику ӯзбек тасаввуф нақши назаррас дорад. Тасаввуф таълимоти серпаҳлӯ ва бисёр мураккаби динию фалсафӣ ба шумор рафта, дар аксар адабиётҳои Шарқи асримиёнагӣ паҳн шуда буд. Ин таълимоти пурмуҳтаво дар кишварҳои ҷудогона алоқамандона бо вазъи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маданию маънавии ҳар кадоми онҳо ба таври хос дар шакли сулуку тариқатҳои махсус зуҳур намудааст. Дар Мовароуннаҳри асримиёнагӣ яке аз силсилаҳои машҳури тасаввуф дар тӯли асрҳои ХII-ХIV ташаккул ёфта ва бо номҳои силсилаи Хоҷагон ва ё тариқати Нақшбандия маъруф гардида буд. Ин фирқаи тасаввуфӣ дар давраи мавриди назар ба ҳайси як ҷараёни фикрии мустақилу махсус шакл гирифта, дар даврони баъдӣ ба Ҳинду Осиёи Сағир интишор меёбад ва дар ҳаёти маънавии мардумони кишварҳои номбурда мавқеъ ва нақши муҳим мебозад.
Пайдоиш ва инкишофу интишори фирқаи мавриди баҳс ба фаъолияти як силсила шайхони маъруфи мовароуннаҳрӣ алоқаманд аст. Гарчанде пайдоиши ин силсилаи тасаввуфӣ бо фаъолияти шайхи машҳури ғиҷдувонӣ Баҳоуддини Нақшбанд беиртибот нест ва унвони ин сулук аз номи ӯ гирифта шудааст, тарҳрезии асосҳои назарии ин силсила ба номи фарзанди дигари Ғиҷдувон – Шайх Абдухолиқ, ки дар таърихи тасаввуф бо номи Хоҷаи Ҷаҳон машҳур мебошад, алоқаманд аст. 
Шахсияти Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ ва таълимоти сӯфиёнаи ӯ ҳанӯз дар даврони асримиёнагӣ таваҷҷӯҳи муҳаққиқони тасаввуфро ба худ ҷалб намуда будааст. Дар аксари тазкираҳои ба шарҳи ҳоли шайхони тасаввуфӣ тахсисёфта ва рисолаҳои ба тасаввуфи Мовароуннаҳр бахшидашуда, номи Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ зикр ва доир ба таълимоти ӯ андешаҳои ҷолиб баён мешаванд. Таҳқиқу баррасии онҳо дар кори барқарор кардани ҷараёни зиндагӣ, омӯхтани мероси илмию адабӣ ва афкору орои Хоҷаи Ҷаҳон маводи фаровон медиҳад. Яке аз маъхазҳои пурарзише, ки дар бораи Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ маълумоти пурқиматро фаро гирифтааст, рисолаи «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ б.Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад. Азбаски он дар тадқиқу баррасии минбаъдаи ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва афкору ақоиди Хоҷа Абдухолиқ назар нақши муҳим дорад, мо тавсифашро дар ин мақола муносиб мешуморем.
Маълумоти  «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-ро оид ба Абдухолиқ Ғиҷдувонӣ ба ду бахш қисмат намудан мумкин аст. Муаллифи рисола дар бахши аввали гузориши худ маълумоти шарҳиҳолии мухтасаре оварда, муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагиномаи Хоҷаи Ҷаҳонро баён мекунад. Мутобиқи маълумоти Алии Сафӣ гузаштагони Хоҷаи Ҷаҳон, аз он ҷумла волидайни ӯ аз вилояти Маллотияи Рум (Туркия) буда, «ба сабаби ҳаводиси айём» бо мутааллиқони худ ба диёри Мовароуннаҳр афтидаанд ва ба вилояти Бухоро омада, дар Ғиҷдувон сокин шудаанд. Дар Ғиҷдувон Хоҷа Абдухолиқ мутаваллид шуда, нашъунамо ёфт ва дар шаҳри Бухоро таҳсили улум намуд («Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ б. Ҳусайн Воизи Кошифӣ. – Лакҳнав: Нувол Кишор, 1323 ҳ.қ., с. 18).
Дар рисолаи мавриди баҳс аз устодони бухороии Хоҷа Абдухолиқ номи Имом Садриддин, ки аз донишмандони шинохтаи илми ғайб ҳисоб мешуд, зикр ва таъкид мешавад. Аз муҳокимаҳои  муаллифи рисола бармеояд, ки мубодират варзидани Хоҷа Абдухолиқ бо илми ладунӣ (ботинӣ) зоҳиран дар назди имоми мазкур оғоз шуда, шуғли ҷиддии ӯ ба ин илм дар назди Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, ки пиру муршиди вай маҳсуб меёбад, воқеъ гардидааст. 
Алии Сафӣ  таҳсилоти Хоҷа Абдухолиқро дар назди Юсуфи Ҳамадонӣ бо нақл аз таҳрироти худи Хоҷа Абдухолиқ чунин менигорад: «Бисту дусола будам, ки хоҷаи зиндадилон ҳазрати Хизр (а) маро ба ҳазрати шайхи раббонӣ Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ (қ.с.) супориданд ва тарбияти манро васият карданд ва то эшон дар Мовароуннаҳр буданд, ман дар хидмат ва мулозимат будам ва аз эшон истифода ва истифоза менамудам» (Асари мазкур, с.19).
Бахши сонии маълумоти «Рашаҳот» бо таҳқиқу тафсири таълимоти Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ оид аст. Дар ин бахши гузориши худ Алии Сафӣ тавассути иқтибосе аз васиятномаи ба Хоҷа Авлиёи Кабир унвоннамудаи ӯ афкори ахлоқии Хоҷаи Ҷаҳонро ба муҳокима гирифтааст. Андешаҳои ахлоқии Хоҷа Абдухолиқ, мувофиқи хулосаҳои Алии Сафӣ, дар гуфтаҳои зерини ӯ, ки дар васиятномаи мазкур омадааст,  ифода ёфтааст: «васият мекунам туро, эй писараки ман, ки ба илму адаб ва тақво дар ҷамеи аҳвол бар ту бод, ки тадбеи осори салаф кунӣ ва мулозими  суннат ва ҷамоат бошӣ ва фиқҳ ва ҳадис омӯзӣ ва аз сӯфиёни  ҷоҳил пардозӣ, ҳамеша намоз бо ҷамоат гузорӣ, ба шарте ки  имом ва муаззин набошӣ, ҳаргиз талаби шуҳрат накунӣ, ки офат аст ва ба мансабе муқайяд машав. Доим камном бош ва дар қаболаҳо номи худ манавис ва ба маҳкамаи қазо  ҳозир машав ва замони (зомин) касе машав ва ба васоёи мардум дармаё ва бо мулук ва абнои мулук суҳбат мадор ва хонақоҳ бино макун ва дар хонақоҳ манишин ва самоъи бисёр макун, ки самоъи бисёр нифоқ падид орад ва бисёрии самоъ дилро бимиронад ва бар самоъ инкор макун, ки самоъро асҳоби самоъ бисёранд. Кам гӯй ва кам хӯр ва кам хусб... мулозими хилвати худ бош ва бо амрадон ва занон ва мубтадиён ва тавонгарон ва омиён суҳбат мадор». (ҳамон асар, саҳ.20). 
Муаллифи «Рашаҳот» гузашта  аз андешаҳои ахлоқии Хоҷа Абдухолиқ моҳияти таълимоти тасаввуфии ӯро, ки аз риояи ҳашт талаб – «Ҳуш дар дам», «Назар бар қадам», «Сафар дар Ватан», «Хилват дар анҷуман», «Ёдкард», «Бозгашт», «Нигоҳдошт» ва «Ёддошт» таркиб ёфтаанд, муайян намуда, ҳар кадоми онҳоро ба истинод ба андешаҳои  шайхону муҳаққиқони тариқати Хоҷагон шарҳу тавзеҳ додааст, ки имрӯзҳо низ дақиқтарин тавзеҳоти  мусталаҳоти номбурда ба шумор меравад.
Ба ин тариқа, рисолаи  «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ маъхази пурқиматест, ки баррасии ҳарҷонибаи он ба паҳлӯҳои норавшани  тариқати Хоҷагон, махсусан таълимоти  тасаввуфии  Хоҷа Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ рушанӣ меандозад.

М. ДАДАБОЕВ,
омӯзгори мактаби махсуси рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: