СИМОИ ТАРҒИБОТГАР ДАР МАКТАБ

Дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26-уми марти соли равон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани сохтори корҳои маънавӣ-маърифатӣ» дар ҳар як муассисаи таълими умумӣ вазифаи тарғиботгар доир ба масъалаҳои эҷодӣ-фарҳангӣ ҷорӣ гардид.

Дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26-уми марти соли равон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани сохтори корҳои маънавӣ-маърифатӣ» дар ҳар як муассисаи таълими умумӣ вазифаи тарғиботгар доир ба масъалаҳои эҷодӣ-фарҳангӣ ҷорӣ гардид.
Хӯш, вазифаи тарғиботгар аз чӣ иборат аст? Онҳо бояд кадом чорабиниҳоро амалӣ намоянд? Мо маҳз бо ҳамин савол ба сардори Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд Зебунисо Шодиева муроҷиат кардем.
– 19-уми январи соли равон дар таърихи навини Ӯзбекистон дар соҳаи такмилдиҳии корҳои маънавию маърифатӣ ва тарғиботи ғояи миллӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваст, – гуфт Зебунисо Шодиева. – Сарвари давлатамон доир ба баланд бардоштани самарабахшӣ ва таъсирнокии корҳои маънавию маърифатӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги мутолиа, ривоҷ додани ҷараёнҳои таълими замонавӣ, ҳамнафасу ҳамқадами замон тарбия кардани насли наврас машварати видеоселекторӣ гузаронида, дар назди мо – педагогҳо, умуман аҳли фарҳанг вазифаҳои таъхирнопазир гузоштанд. Дар асоси супориши Раисҷумҳур Вазорати таълими халқ, Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар бораи дар мактабҳои миёна ҷорӣ кардани лавозими тарғиботгар оид ба масъалаи эҷодӣ-фарҳангӣ қарори муштаракро “Дар бораи дар амал ҷорӣ намудани вазифаи тарғиботгар доир ба масъалаҳои эҷодӣ-фарҳангӣ дар муассисаҳои таълими умумӣ” имзо намуд, ки аз 1-уми апрели соли равон дар амал мебошад.
– Муаллима, ба ин вазифа киҳо қабул шуданд? Вазифаи асосии онҳо аз чӣ иборат аст?
– Номзадҳои асосӣ – шоир, нависанда ва журналистоне мебошанд, ки узви Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошанд. Инчунин, омӯзгорони фанни забон ва адабиёт, ки салоҳияти хуби эҷодӣ доранд, ба ин вазифа қабул карда мешаванд.
Вазифаи асосии онҳо хонандагони соҳибистеъдодро пайдо карда, ба фаъолияти эҷодии онҳо кӯмак намудан, бо иштироки шоиру нависандагон гузаронидани вохӯриҳои адабӣ, дар «Студияи театри ҷавонон» дар асоси асарҳои бадеии эҷодкорон ба саҳна гузоштани саҳначаҳо, афзун сохтани меҳру муҳаббати хонандагон ба мутолиаи китоб ва дар ин замина дар дили насли наврас пурзӯр намудани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, садоқат ба истиқлол, гиромидошти арзиш ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
– 25-уми май дар ҳамаи мактабҳо «занги охир» садо дод. Барои истироҳати хуби бачаҳо чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд?
– Воқеан, соли ҷорӣ 50647 нафар хонандагон мактабҳои ҳамагониро хатм карданд. Онҳо пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ, ба имтиҳонҳои муассисаҳои таълими олӣ тайёрӣ мебинанд. Мо барои пурмазмун ташкил кардани таътили тобистонаи хонандагони синфҳои поёнӣ низ чораҳо меандешем. Ҳоло дар доманакӯҳҳои Зарафшон – деҳаҳои хушҳавои Оҳалик, Миронқули ноҳияи Самарқанд ва дигар ноҳияҳо истироҳатгоҳи мактаббачагон ташкил шуд. Инчунин, дар ҳар як ноҳия ва шаҳри Самарқанд майдончаи сиҳатмандгардонӣ амал мекунад. Ин маънои онро дорад, ки барои тарғибгарони маънавияту фарҳанг майдони эҷод фарох аст.
Хубии кор дар он аст, ки акнун фарзандону наберагони мо вақти пурқимати худро беҳуда нагузаронида, бо эҷодиёт, мутолиаи китоб, саёҳат ба оғӯши табиат, вохӯрӣ бо аҳли қалам мегузаронанд. Умед дорем, ки тарғибгарон дар пешравии корҳои маънавию маърифатӣ саҳми арзанда гузошта, барои баланд бардоштани сатҳи маънавияти насли наврас, чун инсони комил ба камол расидани онҳо хидмат мекунанд. 

Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: