СИНАСИПАРКАРДАГОН КАМ МОНДАНД

Дар баъзе гузару маҳалла ва шаҳру деҳоти мамлакат аз иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ба қавле «ҷанги хунину бераҳмона буд», нафаре боқӣ намондааст.

– Бобо, маъзарат мехоҳам, тақозои вазифа, бо ягон иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон суҳбат карданӣ будам. Шумо-ку иштирокчии ҷанг нестед?
– Не, бародар, он солҳо мо наврас будем.
– Шояд дар гузаратон, ноҳияатон нафареро медонед, ки дар ҷанг ширкат ҷуста бошад?
– Бубахш, бароят кӯмак расондан наметавонам. Як нафар иштирокчиро медонистам, ки соли гузашта вафот кард.
Бо чунин суол ба бисёр касон муроҷиат кардам. Ҷавоб қариб ки як хел буд.
Бале, дар баъзе гузару маҳалла ва шаҳру деҳоти мамлакат аз иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ба қавле «ҷанги хунину бераҳмона буд», нафаре боқӣ намондааст. Синни зиндаҳояшон бошад аз 90-у 100 болост, базӯр мегарданд, ё бар асари фартутию беморӣ фикрашонро рӯшан баён карда наметавонанд.
Нозири минтақа, майори корҳои дохилии маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Яшнобод Абдуҳамидако бароям кӯмак кард. Рақами телефони иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Петрунин Николай Георгиевич ва писари 60-солаи ӯ, бошандаи ноҳияи Чилонзор Георгий Николаевичро бароям дод. Занг задам, гӯшакро писараш бардошт. Баъди муаррифии худ падару писарро бо фарорасии иди Ғалаба табрик кардам. Николай Георгиевич канда-канда ҳарф мезад, аз табрикам хеле хушнуд шуд. Суҳбат дар ҳузури ӯ бо кӯмаки писараш идома ёфт.
– Соли 1941, вақте ҷанг оғоз ёфт, 16 сол доштам. Ба комиссариати ҳарбии шаҳри Тошканд ихтиёрӣ барои ба фронт рафтан ариза додам. Гуфтанд, ки 16-солаҳоро намегирем. Пофишорӣ кардам. Ниҳоят, дар қатори 17-солагон ба фронт сафарбар намуданд. Як моҳ дар курси радистон таҳсил гирифтам. Сипас таҳсили кӯтоҳмуддатро дар омӯзишгоҳи артиллеристон идома додам. Маро командири батарея таъин намуданд. Бо ҳамсилоҳон душмани саропо мусаллаҳро дар шаҳри Луганск «пешвоз» гирифтам. Даҳшату ваҳшати он солҳоро наметавон бо сухан ифода кард. Таркиш, сӯхтор, харобӣ, нолаҳои ҷонгудоз, мисли оби ҷӯй равон гардидани хун...ин ҳама даҳшатангез буд. Гоҳо он манзараҳоро дар хоб мебинам. Ман ба насли имрӯз, ки тинҷу осуда ба сар мебарад, ҳавас мекунам. Бигузор, фарзандони мо ҳеч гоҳ рӯйи ҷангро набинанд.
– Ин осудагӣ ва озодию ободиҳо ҳамааш ба туфайли ҷоннисориҳои шумо баринҳо, Николай Георгиевич!
– Хайр, будаем, ки ҷангидаем. Дар озод кардани шаҳру деҳоти Русия, Белорусия, Украина ва ними Аврупо бо ҳамяроқон саҳм гузоштам. Медонед, як чиз ба кас сахт таъсир мекардааст. Оташи ҷанг тару хушкро баробар сӯхт. Ман дар фронт бо бисёр инсонҳои некдил ва боистеъдод вохӯрдам. Хеле мехостам, ки онҳо зинда монанд, аммо афсӯс... Имсол по ба зинаи 94-уми умр мегузорам. Вале онҳо бароям ҷовидон ҷавонони 20-сола мебошанд, зеро дар ҳамин синну сол ба хоби абадӣ рафтаанд.
– Николай Георгиевич, эпизодеро аз ҳаёти ҷангиатон нақл мекардед.
– Дар остонаҳои Курск ҷанги шадиде ба вуқӯъ пайваст. Танки душман наздик меомад. Вале ҳарчанд тӯпро ба кор меандохтем, тир аз хонааш намебаромад. Шарикон тӯпро ба ҳоли худ гузошта ақибнишинӣ карданд. Вале камина масъулиятро дарк намуда, хонаи тирро кушодам ва зуд тирро иваз кардам. Тири навбатӣ ба ҳадаф расид, дуди сиёҳи танки душман дар фазо печид. Зердастон ба ҷойи худ баргаштанд...
Николай Георгиевич, ки дар оғози ҷанг унвони ҳарбӣ надошт, баъди ғалаба бар фашистон, бо рутбаи лейтенанти калон ва ордену медалҳои зиёд ба Ӯзбекистони азизаш баргашт. Вай тибқи фармони Сарфармондеҳи олӣ бо ду ордени Ситораи Сурх, ордени «Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи II», «Барои озод кардани Кенигсберг», «Барои ишғоли Берлин» ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардонда шудааст.
Ӯ баъди ҷанг, дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил гирифт, солиёни зиёд ба насли наврас аз фанни математика дарс гуфт, чанд сол директори мактабҳои таълими ҳамагонӣ буд. Шогирдон, ҳамкорон ва наздиконаш ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба ба табрикаш мешитобанд.
Вақте аз лутфу карами сарвари давлатамон ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон сухан ба миён овардам, чеҳраи Николай Георгиевич шукуфт. Ба назарам дар чеҳраи ӯ ин ҳангом чеҳраи тамоми иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон таҷассум ёфта буд. Онҳо имсол тибқи қарори Президент метавонанд бо кӯмаки наздикони худ ройгон аз мавзеъҳое, ки амалиёти ҷангиашон сурат гирифтааст, дидан кунанд, дар санаторияҳои беҳтарин сиҳҳатиашонро барқарор намоянд, ба ҳар кадоми онҳо 5 миллион сӯмӣ мукофот дода хоҳад шуд.
Оре, дидани ин рӯзҳо на ба ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, ки аз фронт ба фронти меҳнат зинда баргашта буданд, насиб кард.
– Ин қадрдонию қадршиносии танҳо мо баринҳо нест, балки қадршиносии ҳамаи  собиқадоронест, ки рӯзгоре аз шаҳру деҳоти ҷумҳуриамон ба фронт сафарбар шуда буданд, – гуфт дар поёни суҳбат Николай Георгиевич.

А.СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: