СИНТАБ ДАР ХАТСАЙРИ САЙЁҲӢ

Меҳри ватани кӯчаки бобоӣ — деҳаи кӯҳии Синтаби ноҳияи Нурато аз овони хурдсолӣ дар дил нишастааст.

Меҳри ватани кӯчаки бобоӣ — деҳаи кӯҳии Синтаби ноҳияи Нурато аз овони хурдсолӣ дар дил нишастааст. Вақте бобою бибиён ва падару модарон аз зодгоҳи худ бо дилбастагии зиёд ҳарф мезаданд, пеши назарамон кӯҳу чашма ва манзараҳои нотакрори як деҳаи кӯҳӣ падид меомад. Гӯиё онҳо афсона мегуфтанду мо мешунидем. Дертар он меҳр дар қаламиҳо рӯ зад:

Чу модар Синтабашро ёд мекард,
Дилашро аз қафас озод мекард.
Зи сангу чашмаҳо дар домани Сир,
Ту гӯӣ Синтабе бунёд мекард.
***
Падар аз Чашмаи Акко ҳамегуфт,
Зи Поён гаҳ, гаҳ аз Боло ҳамегуфт.
Надонам ман чаро он кӯҳзода,
Сухан як умр аз он ҷо ҳамегуфт...

Ҳар боре Синтаб равам, чашм аз тамошои кӯҳу шахҳои сар ба осмон кашида, рӯди хушоб, мавзеъҳои таърихӣ, чашмаҳои мусаффо сер намешавад. Дил суҳбати солхӯрдагони донишмандро меҷӯяд. Наққоши азал гӯё кӯҳҳоро дар таблуи кабуди осмон наққошӣ кардааст. Субҳ, пеш аз тулӯи офтоб, онҳо ба назар асрорангез менамоянд. Баъди ба серӣ нӯши ҷон кардан, мисле ки ҳоҷиён аз оби Замзам ба хона меоранд, аз оби Чашмаи Акко зарфҳои обгириро пур карда, ба шаҳр бармегардам...
Чанде қабл, ба муносибати таҷлили 110-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода ва 80-умин солгарди устод Лоиқ Шералӣ, бино ба даъвати маъмурияти мактабҳои рақами 38 ва 21-уми ноҳия аз  ватани бобоӣ бори дигар дидан кардам. Ин бор низ гӯё Синтабро бори аввал медидам. Хеле тағйир ёфтааст. Меҳмонхонаҳои сайёҳӣ қад афрохтаанд. Ҳунар, аз ҷумла, ҳунари деворзанӣ низ бо мурури вақт рушд мекардааст. Аҳсант! Устоёни гулдасти синтабӣ, бино ба усули «боли пашша», санги девору биноҳоро чунон мураттабу ҳамвор чидаанд, ки ангушти ҳайрат мегазед. Усули «боли пашша» усулест, ки баъди ба тарзи анъанавӣ ду-се қатор чидани девор, сангҳои қатори навбатӣ рӯйи девор дар шакли боли пашша гузошта мешаванд.  Сутуни меҳмонхонаҳои сайёҳӣ чун сутуни масҷиду мадрасаҳои қадим нақшдоранд.
Чанд даҳсола қабл мардум дар даромадгоҳи деҳа, ки доманаш дар дасти  дашт асту селҳо сангу харсангҳои хурду бузургро ҷо-ҷо амонат гузоштаанд, манзили зист намесохт. Ҳоло техникаву технологияи замонавӣ мушкили мардумро осон кардааст, аҳли деҳ дар домани кӯҳ низ манзили зист месозад. Насосҳои обкашӣ барои обёрии замини назди ҳавлӣ обро аз рӯди зеризаминӣ мекашанд. 
— Мо гирду пеши Чашмаи Аккоро низ обод кардем, — гуфт раиси нави ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Синтаб» Мурод Мирзоев. — Аз он ҷо низ дидан хоҳед кард.
— Агар обод намекардед ҳам, ба хотири Чашмаи Акко, мерафтам, — гуфтам бо лабханд.
Хатмкардаи факултаи фанҳои техникии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Мурод Мирзоев соле чанд дар мактаби рақами 38 омӯзгор буд. Бо назардошти қобилияти ташкилотчигиаш ӯро ба вазифаҳои мудири қисми илмӣ ва ҷонишини директор таъин намуданд. Тӯли ин солҳо ба рушди таълими халқ саҳм гузошт. Чанде қабл аҳли деҳ номзадии ӯро низ ба раисии ҷамъияти шаҳрвандони маҳалла пешниҳод намуданд. Дар байни ду нафар бо 85 овоз пирӯз гардид.
Бо назардошти рушди сайёҳии дохилӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва омӯхтани мероси таърихию фарҳангӣ минтақаҳои кӯҳии вилояти Навоӣ, аз ҷумла, маркази Нурато ва яке аз деҳаҳои хушманзари қаторкӯҳи Нурато — Синтаб, ба хатсайри сайёҳон дохил шудааст. 
— Синтаб хеле обод хоҳад шуд, — ба суханаш идома дод раис. — Ҳоло дар ҳудуди маҳалла 12 меҳмонхонаи сайёҳии замонавӣ мавҷуд. Дар оянда, бино ба қарори Девони Вазирон «Дар бораи ташкил додани меҳмонхонаҳои оилавӣ» теъдоди соҳибкорон ва меҳмонхонаҳои шинам ба маротиб меафзоянд. Дар кори меҳмонхона соҳибкорон Шодибой Бобоев, бародарон Рӯзибой ва Муҳиддин Бобоевҳо, Ҳусан Ҳамроев ва Нигора Олибоеваҳо таҷриба андӯхтаанд... 
Олимон муайян кардаанд, ки пиктографҳои Синтаб ба қарнҳои V-VI милодӣ мутааллиқанд. Навиштаҷоти Санги Навишта низ қадимист. Қалъаи (ҳисор, қӯрғон) бостонии деҳа олами дигарест. Ба ҷуз ин шаршараю ғорҳо, олами ҳайвонот ва кӯли назди кӯҳи Фозилмонато ба экотуризм хеле мутобиқат мекунад. Бино ба лоиҳаи тасдиқшуда, дар назар аст, ки роҳи танги қад-қади рӯди деҳа (дар бар ба андозаи 4 метр) то Чашми Акко мумфарш карда хоҳад шуд. Ташкил ва таъмири пиёдароҳҳои велосипедгард дар назар аст. Дар гӯшаҳои биҳиштосои деҳа истироҳатгоҳҳои кӯчак низ бунёд мегарданд. Байни Қалъаи (қӯрғон) таърихию роҳи асосӣ ду пули (кӯпрук) замонавӣ сохта мешавад. Кӯҳнавардӣ низ роҳандозӣ мегардад... 
Аз Англия, Русия, ИМА, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҳар сол сайёҳони зиёд аз деҳа дидан мекунанд. Барои зиёрат ва истироҳати онҳо бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Хонум Софи Элизабет Эботсон, аз Бритониёи Кабир, таассуроташро дар бораи деҳа чунин иброз доштааст: «Ба вилояти Навоӣ пештар ҳам омада будам. Аммо ба деҳаи Синтаб бори аввал меоям. Обу ҳавои тоза, тарзи зиндагии аҳолӣ, сангнавиштаҳо, манзараҳои дилангези табиат ва иқлими хоссаи деҳа маро мутаваҷҷеҳ сохт. Синтабиёни меҳмонпарвар ва покдил ба дилам нишастанд...»
Барномаҳои иттилоотии телевизиони марказӣ доир ба минтақаҳои сайёҳии вилояти Навоӣ, аз ҷумла ноҳияи Нуратою деҳаи зебоманзари Синтаб, корҳои анҷомдодашуда дар ин росто ва сайру гашти сайёҳони хориҷӣ хабару намоишҳои зиёде омода кардаанд. Тамошо кардани чанде аз онҳо насиб гардид. Ҳамааш хуб. Фикр мекунам, дар онҳо як чиз намерасад. Ӯзбекистон кишвари сермиллат аст. Бояд ин ҷиҳат дар намоишҳои телевизионӣ, бо назардошти объекти тасвир, дар хабару филмҳои мустанад таҷассум ёбад. Мисолан, Синтаб деҳаи тоҷикнишин аст, дар ин деҳа ду мактаби тоҷикӣ ба фарзандони мардум таълим медиҳанд. Вале дар ин хусус дар хабару намоишномаҳо ҳарфе нест. Лоақал, суҳбати кӯтоҳи як нафарро пахш кардан мумкин буд, ки тақрибан чунин гӯяд: «Дар ин деҳа тоҷикон дар оилаи ягона барои рушди Ӯзбекистон меҳнат мекунанд. Таҳсил дар мактабҳо ба забони тоҷикист...» ва ҳоказо. Ин гуна ишораҳо, дар навбати аввал эҳтироми ақаллиятҳои миллӣ бошад, дар навбати дуюм дӯстии халқҳоро таҳким мебахшанд...
Гирду пеши Чашмаи Акко, воқеан, обод шудааст. Деворсанг, новаи обрезӣ ва меҳробҳои он ба ҳусни чашма афзудаанд. Машрабу Иззатулло зарфҳои пури обро дар бордони сабукрав гузоштанд. Ин маънои «Хуш омадед, меҳмонсайёҳ, Худо ҳофиз»-ро дошт.

Синтаб сою Ҳисори боло дорад,
Девор зи сангу кӯҳу шахҳо дорад.
Аз Санги Навиштааш бихондам осон,
Таърихи дусад асру замонро дорад.
***
Синтаб, Синтаб, диёри зебо Синтаб,
Як деҳаи тоҷикони дунё Синтаб.
Дар рӯйи харита гарчи з-он нест нишон,
Дар синаи ҳар зодаи худ ҷо Синтаб.

Абдулло СУБҲОН.
ТОШКАНД – НУРАТО — ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: