Дар ин деҳаи дурдасти кӯҳӣ тадбири идона ва сайри Наврӯзӣ доир гардид.
Он гӯша, ки гулшан аст, Синтоби ман аст,
Орои рӯҳу тан аст, Синтоби ман аст.
Он ёри басо азиз, к-андар ҳама умр,
Чун дил ба бари ман аст, Синтоби ман аст.
(ПАЙМОН).
Оре, гӯшаи зебое, ки шоиронро дар оғӯши хеш парвардаасту бо чаҳ-чаҳи булбулон, манзараҳои дилфиреб, ёнаву ёлаҳо, кӯҳсору чашмасоронаш ҳазорҳо тан одамонро аз дуру наздик мафтун сохтааст, ҳамин Синтоб аст. Имрӯз зодагонаш аз гӯшаву канори мухталиф ба зиёрати зодгоҳи худу аҷдоди хеш меоянд. Ба қавли шоир Паймон:
Бар ту қабл аз Ҳаҷҷи акбар, Ҳаҷҷи асғар
мекунанд,
Мардуми дур аз канорат, марду зан,
Синтоби ман...
Ҳамаи деҳоти кӯҳпояи Нурато табиати зебо, ҳавои тоза, оби софу зулол доранд. Дар чор фасли сол аз ҳар куҷо мардум барои даме бошад ҳам истироҳат кардан ба ин гӯшаҳои зебо мешитобанд. Деҳаву деҳкадаҳои тоҷикнишини Порашт, Асраф, Ӯхм, Андаген, Моҷарм, Синтоб, Соб, Симбулоқ ва Эҷ аз ҳамин ҷумлаанд.
Тайи се-чор соли охир барои рушду инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президент як силсила қарор ва фармону фармоишҳо ба тасвиб расиданд. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳо ҳам имконияти истиқбол гирифтани меҳмонон – сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд омад. Барои ба деҳаи сайёҳӣ табдил додани якчандтои онҳо корҳои амалӣ оғоз ёфта буданд, инак анҷом ҳам пазируфтанд. Деҳаи кӯҳии Синтоб, воқеъ дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ яке аз онҳост.
Назар ба маълумотҳо панҷ километр дарозии роҳҳои дохилии ин ҷо асфалтпӯш карда шуд. Саросари роҳ сутунчӯбҳои барқии филизӣ насб гардиданд.
Мардуми деҳа ва умуман аҳли маҳаллаи «Синтоб» барои гузаронидани як чорабинии идона хеле омодагӣ гирифтанд. Чанд рӯз пеш бахшида ба мақоми сайёҳӣ гирифтани Синтоб ва таҷлили Иди Наврӯз чорабинии фарҳангиву фароғатӣ ва сайри наврӯзӣ баргузор шуд. Меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Майдончаи назди мактаби рақами 38-ум идона оро ёфта шуда буд. Барои тамошобинон хони зиёфат ҳам оростаанд.
Як тараф маҳсули ҳунари ҳунармандони маҳаллӣ, шаҳри Нурато, дар тарафи муқобил намунаҳо аз ҳунари рассомии мактаб-интернати ихтисосонидашудаи санъати вилояти Навоӣ (воқеъ дар шаҳри Нурато) ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
– Ҳунармандони мо сӯзанӣ ва ҳар гуна қуроқу ҷилдҳои болин ва кӯрпача оварданд, – мегӯяд зимни суҳбат роҳбари шуъбаи ноҳиявии Иттиҳоди «Ҳунарманд» Заррина Сафарова. – Қариб 300 нафар ҳунармандон номнавис шудаанд ва аллакай ба комёбиҳо низ ноил гаштаанд.
Дар саҳна гурӯҳи ҳунарии «Чӯли Ироқ» ва дастаи халқӣ, фолклорию этнографии «Нурҷаҳон» бо навбат ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев дар маърӯзаи хеш аз боби бунёдкориҳое, ки дар деҳа ба хотири рушду инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ ба сомон расонида шудаанд, чанд ҳарф зад. Назар ба таъкиди ӯ, ду пули ларзон барои пиёдагардон аз нав сохта шуд. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба сӣ адад расид. Аҳолии маҳал дар хонаҳои худ гилембофӣ, қуроқдӯзӣ, ширдӯшиву қуруттайёркунӣ ва дигар ҳунарҳоро ба роҳ мондаанд, ки ҷамъ 15 намуди хидматрасонии сайёҳиро ташкил медиҳад, – афзуд ӯ.
Мудири шуъбаи Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Лола Зикруллоева ба раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб» Мурод Мирзоев ҳуҷҷатро бобати мақоми сайёҳӣ гирифтани деҳаи Синтоб супурд.
Сипас тасмаи рамзиро буриданд.
– Корҳои ободонӣ аз соли 2020 инҷониб идома доранд, – мегӯяд Мурод Мирзоев. – Барои бунёдкориву ободиҳо ҳашт миллиард сӯм маблағ харҷ шуд. Аз соҳибкорон Гулмурод Зарифуллоев («Синтабистон» – номи хона-меҳмонхонаи ӯ), Зокир Элмуродов («Манзараҳои Синтоб»), Шодибой Бобоев («Шахи Мустафо»), Бекмурод Амонов («Харсанги калон») дар ҷодаи рушду инкишофи сайёҳӣ фаъолияти хуб доранд.
– Дар давоми соли 2022 ба ин ҳудуд 300 ҳазор нафар меҳмонони дохилӣ ва 2,5 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, — гуфт ҳангоми сӯҳбат ҷонишини роҳбари Раёсати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилояти Навоӣ Дилшод Хоҷаев – Сайёҳонро бештар манзараҳои деҳа, чашмасорон, кӯҳсори он, боқимондаҳои Қалъаву ғор, зиёратгоҳҳо, кӯли воқеъ дар баландии 1650 метр аз сатҳи баҳр дар Фозилмон мутаваҷҷеҳ месозанд.
Синтобро барои дарёфти «Беҳтарин деҳаи сайёҳӣ» ба рӯйихати Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ворид намудем.
– Ман аз Маскав омадам. Бори дуюм аст, ки меҳмони ин деҳаи кӯҳӣ ва зебостам,– мегӯяд сайёҳи хориҷӣ Ваня Кривошеев. – Манзараҳо, кӯҳсорон, боғҳо, сарсабзиҳои он ба мо хеле маъқулу мақбуланд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамагонро бо ин рӯзи фирӯз, Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфт. Ӯ иброз дошт, ки халқҳои ӯзбеку тоҷик бародарвор чунин чорабиниҳои идонаро созмон дода, онҳоро пуршукӯҳ таҷлил менамоянд. Вай ба мактабҳои тоҷикии деҳа китобҳои бадеӣ армуғон намуд.
Устод Абдулло Субҳон – ҳамкори мо ҳам ба Ватани бобоӣ ҳисси эҳтиром дорад. Ӯ мегӯяд:
Файзу тараби замини
аҷдод дигар,
Он ҷо нафаси обу дами
бод дигар.
Мегуфт падар бар мани
саҳрозада,
Синтаб дигар асту
Сайҳунобод дигар.
Ӯ ба саҳна баромада аз ободониҳо, зебоиҳои диёр, неъмати дӯстӣ, баҳору Наврӯз чанд сухан гуфт. Шеърҳо қироат намуд.
Чемпиони ҷаҳон оиди шоҳмот дар байни ҷавонони ногиро Сироҷиддин Зайниддинов ҳамроҳи падараш омада аз ҳусну ободониҳои ватани бобоӣ ҳисси ифтихор кард.
Чорабинии идона бахшида ба мақоми сайёҳӣ гирифтани деҳаи Синтоб якҷо бо сайри наврӯзӣ хеле хотирмон буд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.