СИРАШ АЁН ШУД

Соли нав омад,

Мо базм кардем.
Ёд аз навою
Аз назм кардем.

Бобои Барфӣ,
Бо мо суруд хонд.
Гаҳ даст бардошт, 
Гаҳ пой афшонд.

Ба ман хирсак дод.
Ба Шаҳло кулча.
Хурсандӣ кардем,
Дар гирди арча.

Бобо ногаҳон,
Ба замин афтод.
Ришаш раҳо гашт,
Хандид Фарҳод.

Зеро боборо,
Сираш аён шуд.
Вақте ба по хест,
Аз нав ҷавон шуд.

Ҳама донистанд,
Донист устод.
Будаст бобо,
Акои Фарҳод.

А. КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: