Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо рафти ислоҳот, корҳои созандагӣ, лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо, инчунин мулоқот оростан бо халқ 19 феврал ба вилояти Сирдарё ташриф овард.
Дар асоси супоришоти Президенти мамлакат, ки 13 апрели соли 2018 ҳангоми ташриф ба вилоят дода шудааст ва ҷамъбасти ҷамъомади васеъ дар ноҳияи Сайҳунобод дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар солҳои 2018-2019» дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хидматрасонӣ ва сервис татбиқи 302 лоиҳаи арзиши умумиаш 6,3 триллион сӯмина, инчунин созмон додани 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент сафарро аз шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сирдарё универсал ойна»-и ноҳияи Сирдарё оғоз намуд. Дар корхонаи мазкур, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Сирдарё» ташкил карда шудааст, барои саноати дорусозӣ ва хӯрокворӣ зарфҳои шишагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар корхона, ки моҳи июни соли гузашта ба фаъолият оғоз намудааст, лоиҳаи арзишаш 50,1 миллион доллар ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд.
То айни ҳол дар мамлакатамон ҳар сол ба миқдори 4 миллион доллар флаконҳои шишагии фармасевтикӣ ворид карда мешуд. Баъди ба кор даромадани корхонаи мазкур имконияти ба корхонаҳои дорусозии тамоми кишварамон расонда додани зарфҳои шишагӣ пайдо шуд.
Дар корхонаи мазкур, ки дар Осиёи Марказӣ ягона ба ҳисоб меравад, технологияҳои замонавии истеҳсоли Олмон, Чехия ва Фаронса васл карда шуда, маҳсулот пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонае, ки соли ҷорӣ бо иқтидори пурра ба кор оғоз менамояд, соле 102 миллион дона зарфи шишагӣ истеҳсол карда шуда, ба содирот баровардани маҳсулот ба арзиши 2 миллион доллар ба назар гирифта шудааст. Дар корхона 450 нафар бо кор таъмин карда шудааст.
Президент ҷараёни технологии истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, намунаҳои маҳсулоти тайёрро аз назар гузаронд.
Дар ин ҷо дар бораи лоиҳаҳо оид ба гузаштан ба усули кластерии кор, ки аз ҷониби корхонаҳои «Сирдарё универсал ойна» татбиқ мегарданд, маълумот дода шуд.
Дар шафати корхона аз ҷониби ҶММ «Сирдарё гласс» лоиҳаи ташкил кардани истеҳсоли зарфҳои шишагии ранга дар як вақт ҳам барои саноати дорусозӣ ва ҳам озуқаворӣ татбиқ карда мешавад. Дар корхона, ки соли оянда ба кор дароварда мешавад, созмон додани 500 ҷойи корӣ ва соле ба содирот баровардани 3,7 миллион долларина маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷониби ҶММ «Сирдарё шиша» барои зарфҳои шиша азнавкоркарди реги кварс ба роҳ монда мешавад. Барои корхонае, ки соле 438 ҳазор тонна регро аз нав кор мекунад, «Асака банк» ба миқдори 5 миллион доллар вом ҷудо хоҳад кард, боз 5,1 миллион долларро корхона аз ҳисоби худ мепардозад.
Дар корхонаҳои «Сирдарё универсал ойна» ва «Сирдарё гласс» аз энергияи гармии ҳосилшуда истифода бурда, созмон додани гармхонаҳои намунаи аврупоӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи он дар паҳлӯи корхонаи «Сирдарё универсал ойна» гармхонаи даҳгектара барпо карда мешавад. Лоиҳа аз 5 зина иборат буда, низоми пурра автоматиконидашудаи идоракунии гармхона, гардиши азнави об ва истифода бурдан аз обҳои борон, назорати сифат, истеҳсол ва таъминоти захираҳоро фаро мегирад.
Дар гармхонаи мазкур соле истеҳсол намудани 2,5 ҳазор тонна маҳсулот, ба миқдори 6 миллион доллар ба даст овардани даромади соф ва ба содирот баровардани маҳсулот ба миқдори 5 миллион доллар ба назар гирифта шудааст.
Аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сирдарё фиш техноложи» ба воситаи низоми ҳавзи сарбаста парвариш ва азнавкоркарди моҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи лоиҳае, ки соли 2020-ум ба кор дароварда мешавад, соле беш аз 2 ҳазору 750 тонна моҳӣ рӯёнда хоҳад шуд.
Аз ҷониби корхонаи «Сирдарё гласс» азнавкоркард ва нигоҳдорӣ ва консерви маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Ба воситаи лоиҳаи мазкур соле 3 ҳазор тонна маҳсулот азнавкоркард шуда, 140 ҷойи корӣ офарида мешавад. Ин дар вилоят имкони азнавкоркард, нигоҳ доштан ва содироти меваву сабзавоти вилоятро фароҳам меорад.
Дар худи ҳамин ҷо муаррифисозии лоиҳаҳо оиди дар вилоят истеҳсол намудани маҳсулоти дорусозӣ, бофандагӣ, электротехникӣ ва масолеҳи сохтмон аз ҳисоби сармояҳо, навсозии ГЭС-и Фарҳод, сохтмони ГЭС-и хурди обанбори Сардоба, маркази серсоҳаи логистикӣ аз ҷониби ҶММ «Сирдарё голден фрутс» ба амал омад.
Сафирони мамлакатамон дар Чин, Италия ва Қазоқистон дар бораи лоиҳаҳои истиқболноке, ки оид ба ҷалби сармояҳои бевосита ба вилоят, васеъ гардондани ҳамкории байниҳудудӣ ва вусъат додани ҳаҷми содирот амалӣ мегарданд, ба роҳбари давлатамон маълумот доданд.
Роҳбари давлатамон таъкид намуд, ки тамоми дигаргунсозиҳо, лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ барои халқ мебошанд, бино бар баланд бардоштани самарабахшии иқтисодӣ ва тезтар ба кор даровардани лоиҳаҳои сармоягузории пешниҳодшуда супоришот дод.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё ташриф оварда, бо нақшаи асосии шаҳрчаи Хавос шинос шуд.
Бунёди маркази нави шаҳри Хавос дар асоси «таҷрибаи Мирзочӯл» ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳудуди майдонаш 42 гектари шафати роҳи нақлиёти автомобилии М-39 бинои ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти идоракунӣ, маркази хидматрасонии давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, манзил, мактаб, боғ, майдони хотира, кинотеатр, китобхона, масҷид, бозор, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ сохта мешаванд. Инфрасохтори роҳ беҳтар гардонда мешавад.
Дар тӯли 50 соли охир дар Хавос ягонто ҳам манзили бисёрошёна сохта нашудааст. Одамон дар хонаҳои фарсуда, танг ва заҳ зиндагӣ менамоянд. Минбаъд ҳар сол манзилҳои бисёрутоқа сохта шуда, шароитҳои иҷтимоиву маишии аҳолӣ зина ба зина беҳтар гардонда мешавад. Боварии инсоне, ки дар шароити мусоид зиндагӣ ва кор мекунад, ба фардо баланд мегардад.
Боз як ташаббуси неке, ки ба ин мақсади хайр хидмат мекунад: аз ҷониби ҷамъияи саҳҳомии «Ӯзпахтасаноат» ташкил намудани 32 маҷмӯи дӯзандагӣ дар вилояти Сирдарё ба нақша гирифта шудааст. Сехҳои мазкур асосан беш аз 4 ҳазору 200 бонувонро бо кор таъмин мекунад.
Президент дар ин ҷо бо оқсақолони хавосӣ, фаъолони маҳаллаҳо ва ҷавонон суҳбат орост.
Таъкид гардид, ки дар мамлакатамон дигаргуниҳои бузург рух медиҳанд, баробари давлат одамон низ аз хоби гарон хеста, бояд барои зиндагии фаровон саъй намоянд. Сокинони Хавос аз нақшаҳои наве, ки ба рушди вилоят, беҳтар гардондани зиндагии аҳолӣ нигаронда шудаанд, изҳори хушнудӣ менамоянд.
Сарвари давлат гармхонаи гидропоникаи корхонаи «Gran ruta de la seda»-и ноҳияи Хавосро аз назар гузаронд. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои мамлакат дар асоси гидропоника гармхонаҳо ташкил карда мешаванд. Чунин гармхонаҳо обро сарфа намуда, ҳосилнокии баландро таъмин мекунанд.
Бино бар ақидаи мутахассисон агар бо усули анъанавӣ аз як ниҳоли помидор се килограмм ҳосил гирифтан мумкин бошад, дар асоси гидропоника ҳосилнокӣ 12 килограммро ташкил медиҳад. Пухта расидани сабзавот ба 25-30 рӯз кӯтоҳ мегардад.
Дар гармхонаи мазкур навъҳои баландҳосили помидор ва бодиринги Голландия шинонда шудааст. Тамоми ҷараён автоматиконида шудааст.
Дар гармхонаи гидропоники таҷҳизоти замонавии Куриёи Ҷанубӣ васл карда шудааст. Ҳарорат, ба ниҳолҳо додани об ва воситаҳои озуқаворӣ ба тариқи автоматӣ ба танзим оварда мешавад. Оби бо минералҳои гуногун ғанӣ гардондашуда бо усули чакрагӣ бевосита ба низоми решаи растанӣ расонда мешавад.
Дар як сол дар гармхона 1,5 ҳазор тонна помидор рӯёнда мешавад. Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ корхона ният дорад боз дар 10 гектар гармхона ташкил намояд.
Шавкат Мирзиёев бино бар васеъ гардондани шабакаи чунин гармхонаҳо, маҳаллигардонии истеҳсоли масолеҳи барои фаъолияти онҳо зарур супоришот дод.
Президент Шавкат Мирзиёев ба майдони сохтмони завод оид ба истеҳсоли аммиак ва карбамид, ки бунёди он дар шаҳри Янгиер ба нақша гирифта шудааст, ташриф овард.
Дар мамлакатамон ба диверсификатсияи кишоварзӣ, вусъат додани ҳаҷми тайёркунӣ ва содироти маҳсулот эътибори алоҳида дода мешавад. Ин баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва истеҳсоли нуриҳои минералиро тақозо менамояд.
Ба ин муносибат аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» якҷоя бо ширкати «Samsung Engineering» сохтмони заводи истеҳсоли аммиак ва карбамид ба нақша гирифта шудааст. Заводи арзиши умумиаш 600 миллион доллари ИМА дар як сол 400 ҳазор тонна аммиак ва 660 ҳазор тонна карбамид истеҳсол хоҳад кард. Технологияҳои замонавӣ васл карда шуда, «ноу-хау»-ҳои навтарин истифода хоҳад шуд. Созмон додани 500 ҷойи доимии корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои сохтмони завод ҷойи қулай интихоб шудааст. Дар ин ҷо коммуникатсияҳои зарурӣ бо дастрасӣ ба таъминоти газ, электр ва об, роҳҳои нақлиёти автомобилӣ ва оҳан мавҷуд мебошанд.
— Чунин инфрасохтори қулай мисли Сирдарё дар ҳеҷ куҷо нест. Ин имкониятҳо ба сохтмон ва кори устувори завод мусоидат намуда, ҷозибадориро дар чашмони сармоягузорон баланд мебардорад. Ин лоиҳаи ниҳоят даромаднок ва истиқболнок мебошад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба сарвари давлат дар бораи самарабахшии иқтисодии корхонаи оянда, ҷадвали корҳои сохтмонӣ маълумот дода шуд. Президент нақши муҳими заводро дар таъмин кардани талаботи дохилӣ ва баромадан ба бозорҳои хориҷӣ таъкид намуда, ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дод.
Президент инчунин ба заводи азнавкоркарди пахта, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бек кластер» дар ноҳияи Мирзоободи вилояти Сирдарё баҳрабардорӣ шудааст, ташриф овард. Бо кормандоне, ки дар ин ҷо кор мекунанд, суҳбат орост.
Соли гузашта корхона дар ҳамкорӣ бо ширкати туркии «SUMER» заводи азнавкоркарди пахтаи иқтидораш соле 60 ҳазор тоннаро сохта буд. Дар корхона 200 ҷойи корӣ созмон дода шудааст.
Дар рафти сафари пешинааш ба Сирдарё Президент ба корхонаи «Бек кластер» ташриф оварда, бино бар рушди минбаъдаи он супориш дода буд.
Дар корхонаҳое, ки ба таркиби ЧММ медароянд, қариб ҳазор ҷойҳои доимии корӣ ташкил карда шудаанд. Боз 1800 кормандон ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.
Корхонаи нав ашёи хоми пахтаро бештар аз нав кор карда мебарояд. Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гаштааст, натанҳо азнавкоркарди босифати ашёи хомро таъмин менамояд, балки электроэнергияро низ сарфа мекунад.
Ба Президент дар бораи нақшаҳои ояндаи ҶММ «Бек кластер» нақл гардид. Аз он ҷумла, дар сурати кластер ташкил намудани коллеҷ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба нақша гирифта шудааст, ки мутахассисони баландмалакаро барои корхонаҳои кластер тарбия менамояд.
Тақдимоти лоиҳаҳое баргузор гардид, ки дар хоҷагии қишлоқи вилояти Сирдарё татбиқ намудани онҳо ба нақша даромадааст. Лоиҳаҳо оид ба рушди паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва токпарварӣ, татбиқи технологияи сарфакунандаи об, ташкили истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлӣ дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» дар ҷумлаи онҳост.
Дар ҳамин ҷо зотҳои аспҳои қарабойир, ҳайвоноти шохдори калон, буз, шутурмурғ, харгӯш ва бедона намоиш дода шуд.
Дар солҳои охир Гулистон боз ҳам зеботар мегардад. Иморатҳои нав, иншоотҳо, хиёбонҳо, роҳҳои босифат бунёд гардида, маҳаллаҳо обод мегарданд.
Таҷассумгари ҳусни тозаи шаҳр мавзеи «Буюк келажак» ба ҳисоб меравад. Соли гузашта дар ин ҷо 8 иморати панҷошёна ба баҳрабарӣ супурда шуда, 360 хонавода бо манзил таъмин гардид, сохтмони 10 иморати ҳафтошёнаи 420 ҳуҷрадор идома дорад.
Президент аз ин мавзеъ боздид ба амал овард ва бо корҳои сохтмон шинос гардид.
Ин биноҳо бояд босифат ва аз ҳар ҷиҳат муносиб бошанд, то ки ҳар як оилае, ки ба ин манзилҳо кӯчида мегузаранд, аз мо розӣ бошанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба роҳбари давлат лоиҳаҳо доир ба татбиқи «Таҷрибаи Сирдарё» намоиш дода шуд, истиқболи кор дар ин самт муҳокима гардид.
Сохтмони Guliston city дар се марҳала сохта мешавад. Шаҳраки замонавӣ қариб 45 гектарро фаро мегирад. Дар он сохтмони иморатҳои бисёрҳуҷра, маҷмӯаҳои савдову шодкунанда, марказҳои маданияту корчаллонӣ, қасрҳои маҷлисороӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, меҳмонхона, дукони ҳунармандон ва объектҳои дигар дар назар дошта шудааст.
То соли 2020 дар шаҳр 10 иморати ҳафтошёна, бинои хидматӣ барои ходимони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳарбиён якҷоя бо мактаб, кӯдакистон, инфрасохтори ногузир ба баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд.
Президент бо лоиҳаҳое шинос гардид, ки ба амал татбиқ намудани онҳо дар соҳаҳои таълим, маданият, маърифат ва варзиш ба нақша гирифта шудааст.
Консепсияи тарғиботи васеи мутолиа дар вилояти Сирдарё пешкаш карда шуд. Дар бораи нақшаҳо доир ба ба вуҷуд овардани мағозаи марказии китобфурӯшӣ зери унвони «O’qituvchi» дар шаҳри Гулистон нақл гардид.
Дониш, маданият, шуҷоат – пеш аз ҳама. Мо барои он ки фарзандонамон солиму босавод ва ватанпарвар ба воя расанд, ҳеҷ чизро дареғ намедорем. Маҳз аз чунин ҷавонон фардои мо вобаста мебошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки беҳтар гардидани иқтисодиёт барои рушди дигар соҳаҳо хизмат менамояд, камолоти маънавӣ дар шароите, ки одамон аз оилаи худ хотирҷамъ бошанд, ҷавонон аз фардои худ хотирҷамъ бошанд, танҳо дар ҳамин сурат таваҷҷӯҳ ба мутолиа зиёд мегардад.
Инчунин маълумот дар бораи нақшаи кор доир ба рушди шабакаи оби ошомиданӣ ва канализатсия дар вилоят, бо кор таъмин намудани ҷавонони бекор ва оилаҳои ва ҷиҳати иҷтимоӣ заиф, сохтмони иморати бисёрошёна, иншооти варзишӣ, ташвиқи китобхонӣ ва ташкили дуконҳои китоб пешниҳод гардид.
Дар шаҳри Гулистон ҷамъомад бо иштироки ҳокимон ва фаъолони вилояти Сирдарё ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорат ва идораҳо баргузор гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки потенсиали вилояти Сирдарё дар соҳаи саноат ва хидматрасонӣ пурра истифода намегардад, дар деҳот тақрибан саноат вуҷуд надорад. Бино бар ин дар поёни кори гурӯҳи махсуси омӯзишӣ барномаи татбиқи 342 лоиҳаи миқёси миёна ва бузург таҳия гаштааст.
Аз он ҷумла татбиқи 3 лоиҳа ба қимати умумии 275 миллион доллар – такомули нерӯгоҳи гармии Сирдарё ва нерӯгоҳи барқии оби Фарҳод, сохтмони НБО-и хурд дар обанбори Сардоба шурӯъ гаштааст.
Ғайр аз ин аз ҷониби сафирони Ӯзбекистон дар Чин, Италия ва Қазоқистон пешниҳодоти мушаххас доир ба 30 лоиҳа ташаккул ёфтааст. Президент доир ба ҷалби сармояҳои иловагӣ ба вилоят, ҳамдастӣ барои татбиқи ташаббусҳои соҳибкорӣ, босамар истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлӣ супоришҳо дод.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои маънавият, маданият, таълим ва тарбия эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Роҳбари давлат ташкил намудани мактаби эҷодиро дар шаҳри Гулистон пешниҳод намуд, ки он номи Шоираи халқии Ӯзбекистон Ҳалима Худойбердиеваро хоҳад гирифт. Ҷамъомадагон ин ташаббусро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.
Бо ҳамин сафари Президенти мамлакат ба вилояти Сирдарё ба поён расид.
ӮзА.