Сироҷиддин РАУФ

Гулдастаи дӯстӣ

Яке аз шоирони пештози адабиёти муосири ӯзбек Сироҷиддин Рауф зодаи шаҳри Қаршӣ буда, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд (алҳол ДМӮ), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкандро хатм намудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Моҳи гирён», «Гунбади сабз», «Шумо ба ман даркор», дафтари шеърҳо барои бачагон «Мусобиқаи аҷиб» мебошад. Соҳиби медали «Шуҳрат». Алъон чун сармуҳаррири маҷаллаҳои «Шарқ юлдузи» ва «Звезда Востока» фаъолият мебарад.

 

         

 

         ТАЪБИР

 

Наҷуста мӯъҷизот аз фардо,

Ҳамчу модар-замин ягона бувад

З-ибтидо то ба интиҳо ин роҳ.

 

Бир ба шохи дарахт – бо ларзиш,

Хонда лаънат ба қисмати талхаш

Вопасин барг мекашад чун оҳ.

 

Мешитобӣ куҷо, фищони ман?

Хобҳои ба об ногуфта,

Интизори чӣ таъбиранд, эй воҳ?!

 

 

              БО ТУ

 

Саҳаргоҳон занад чун тифл лабханд,

Фишонад нур хуршеди ҷаҳонгард.

Фараҳмандист ҳар ҷо дастболо,

Фақат андар дили ман щуссаву дард.

 

Суруру шаън собит ҳар куҷо, лек,

Набошӣ, шаҳд заҳре дар даҳон аст.

Чӣ битвон кард, асное наӣ ту,

Дамиданҳои субҳи дил гумон аст.

 

 

           СЕ ҚАТРА

 

Дунё васеъ

Ба он бар

Мешавам магӯ.

 

***

Ба роҳҳои умрам

Ҳазин нурфишон

Мавҳумист.

 

***

Назар дар ёди ту будан,

Будан дар паҳлуят оё,

Бигӯ, боқадртар, эй ёр?

 

***

Нимтабассум ҳам

Азоб аст

Баъзан.

 

***

 

Сари хами падар

Падарро

Афтонд.

 

***

 

Ду соат буд дар минбар,

Вале бечораи нотиқ,

Нагуфт аз хештан як ҳарф.

 

 

    СУРАТИ ВАТАН

 

Кашидан нест осон сурати ту,

Вале онро, Ватан, хоҳам кашидан.

Паи дарёби як ранги мувофиқ,

Дил омода ба ҳар заҳре чашидан.

 

Бузургии чунин маъвои дерин,

Кашам, аммо қаноатманд дил ҳаст?

Куҷо ранге, ки бинмояд ифода

Туро? Ҳар ранг, охир, назди ту паст!

 

Нагардад сер чашмам… Инчунин ранг,

Магар бошад, Ватан, дар осмонҳо

Ҷилои туст дар рангинкамонҳо!

 

Кашам ман сурати ту, варна армон,

Диҳад як умр озорам, муқаррар.

Барои он ки тарҳи ту кашам ман,

Намоям мӯқалам бо хуни дил тар.

 

Мутарҷим Муҳаммад ШОДӢ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: