СИРПИЁЗ – МАНБАИ ДАВО

Ҳар сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна беш аз 27 миллион тонна сирпиёз парвариш карда мешавад, ки қисми асосии он ба Хитой, Ҳиндустон, Бангладеш, Миср, Куриёи Ҷанубӣ ва Русия рост меояд.

Пас аз муайян шудани хусусиятҳои нави давоии сирпиёз, ки дар табобати мардумӣ аз қадим истифода мешавад, талабот ба он чанд маротиба афзудааст. Дар мамлакати мо ҳамчун маҳсулоти бозоргир онро фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлӣ парвариш менамоянд. 
Тавсияҳои нигоҳубинӣ, тухмӣ ва агротехнологӣ аз ҷониби Шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлии Ӯзбекистон таҳия карда шуда, дар ҷойҳо тибқи барномаҳои пешбинишуда семинарҳои амалӣ, мизи мудаввар, курсҳои таълимӣ баргузор мегардад. 
Бо мақсади ташкили кишт, парвариш ва агротехникаи сирпиёз ҳамчун маҳсулоти сердаромади бозор барои деҳқонону заминдорон тавсияҳо дода мешавад.
Навъҳои тавсияшаванда барои кишт «Майский вир» ва «Рокамбл» мебошанд.
Сирпиёзчаҳои шинондашуда бояд серҳосил ва солим бошанд. Сир растании ба салқинӣ тобовар аст. Вай дар 3-50С мерӯяд. 
Зимни тайёр кардани майдон замин тадриҷан аз пасмондаҳои зироати пешина ва алафҳои бегона тоза карда мешавад. Ба ҳар сотих 150-200 кг поруи пӯсида меандозанд. Заминро дар чуқурии 20-25 см нарм ва ҳамвор карда, ҷӯяк мекашанд. 
Сирпиёз аввали тирамоҳ шинонда мешавад. Агар дертар шинонда шавад, дар тирамоҳ хуб сар намебандад.
Вобаста ба навъи хок ба 10 сотих замине, ки сир шинонда мешавад, 10-15 кг фосфор ва 5 кг нурии калиӣ меандозанд. Ба майдоне, ки сирпиёз кошта мешавад, поруи тару тоза андохтан мувофиқи мақсад нест, зеро ин пухта расидани ҳосилро кашол медиҳад.
Сирпиёз ҳар қадар калон ва суръати кишт ҳар қадар боло бошад, ҳосилнокӣ низ баланд мешавад. Ҳангоми дар 2-3 қатор шинондан масофаи байни ҷӯякҳо 50-60 см, масофаи байни қаторҳо 10-15 см, байни ниҳолҳо аз 6 то 8 см ва чуқурии он 3-4 см бояд бошад.
Сирпиёзро дар тирамоҳ як-ду маротиба об медиҳанд, баҳору тобистон 5-6 маротиба об додан, байни қаторҳоро нарм кардан, аз алафҳои бегона тоза кардан, гулпояҳоро шикастан, бо нуриҳои минералӣ ғизо додан ва пошидани поруи пӯсида ҳосилро зиёд мекунад.
Дар мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон, аз қабили магаси пиёз, трипси тамоку, шабнами тирамоҳӣ, аз доруҳои карате, мосплан истифода мебаранд. Ҳангоми мубориза бар зидди касалиҳои шабнам, пӯсиши реша, мозаика, зарпарвин тухмиро гарм карда растаниҳои беморро нест кардан, дар 60 литр об моеъи бордо, топаз ёки курзотро омехта мепошанд.
Ҷамъоварии ҳосил. Сирпиёзро дар моҳҳои июн-июл ҷамъоварӣ кардан лозим. Дар ҷамъоварии он дер набояд кард, зеро пӯсти сирпиёз кафида, дандонакҳо меафтанд. Дар натиҷа ҳосил кам шуда, сифати маҳсулот паст мешавад. Ҳосилро бо бел аз замин бардошта, дастӣ мечинанд.

М. МУҲАММАДИЕВ, 
Б. ОРТИҚОВ,
мутахассисони Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва 
соҳибони замини наздиҳавлии Ӯзбекистон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: