«СИРРИ МУВАФФАҚИЯТ...»

Худшиносиву худогоҳӣ аз омӯзиши таърих ибтидо мегирад.

Таърихи гузаштаи хешро наомӯхта, имрӯзу фардоро омӯхта намешавад. Омӯхтани шаҷараҳои таърихӣ ба бедоршавии хотираи таърихӣ сабаб мегардад. Мешавад, ки ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои фанни таърих ба азхуд намудани шаҷараи Рюриковҳо, Романовҳо ё Темуриҳо истода гузашта, ба аз худ намудани намояндагони ин сулолаҳо, солҳои зисту давраи ҳукмронии онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳем. Инҷо гуфтанием, ки агар шаҷараи авлодии худамонро низ донем нур болои нур мегардад. Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд: «Ҳафт пуштатро дон!». Пас ривоҷи хотираи таърихӣ аз оила оғоз мегирад. Бисёр шунидаем, ки ҷавонони мо танҳо се ё чор насли гузаштаи худро медонанду халос. Инҷо ҳадаф танҳо айбдор намудани насли ҷавон набуда, таъкиди он дорем, ки бояд ҳар як фарди худогоҳ, баҳри худу авлоди ояндаи хеш шаҷараи авлодиашро ҷамъоварӣ намуда, боқӣ гузорад. Ногуфта намонад, ки ин кори саҳл нест, шуҷоату ҷасорат мебояд. Баҳри ба мақсад расидан пайваста кӯшишу ҷустуҷӯ намудан лозим аст. Ба ин маънӣ Ҳусайн Воизи Кошифӣ фармуда: «Бе азми дурусту саъйи комил, Касро нашавад мурод ҳосил». Сабаби бо пуррагӣ то ба мо расида омадани сулолаҳои таърихӣ дар он аст, ки онҳо сари вақт рӯйи коғаз сабт гардидаанд. Агар мо хоҳем, ки минбаъд насли оянда шаҷараи авлоди худро аз худ кунад ва давом диҳад, навиштани онро аз ҳоло шурӯъ намоем. Барои ин моро хоҳиши қатъӣ лозим аст. Умед аст, ки ин гуна ҷасоратро аз посухи файласуфи Юнони қадим Суқрот ба саволи, «сирри муваффақият дар чист?», ки дар поён манзури шумо мегардонем, пайдо карда метавонед. 
Овардаанд, ки ҷавоне аз Суқрот пурсид, ки сирри муваффақият дар чист? Суқрот гуфт, ки фардо субҳ ба назди дарё биёяд ва дар он ҷо ба саволаш ҷавоб медиҳад. Пагоҳӣ ҷавон ба соҳили дарё омад. Суқрот ба ӯ фармуд, ки ба дарё фурояд. Онҳо якҷоя ба дарё фуромаданд. Вақте ки об то гардани онҳо расид, Суқрот ногаҳон сари ҷавонро ба об ғӯтонид. Ҷавон ҳарчанд аз об берун шудан мехост, вале Суқрот пурқувват буд. Суқрот ҷавонро то нафастанг шудан дар об нигоҳ дошт, пас ӯро аз об берун кард. Ҷавон нафаси чуқур кашид. Суқрот пурсид: Вақте ки саратро дар об зер карда меистодам аз ҳама зиёд чиро хостӣ? Ҷавон ҷавоб дод: «Ҳаво». Суқрот дар ҷавоб гуфт: «Сирри муваффақият дар ҳамин аст! Шумо бояд комёбиро ба он андоза хоҳед, ки ҳаворо дар қаъри об мехостед. Дигар сирре нест». 
Хоҳиши шарора гирифтан оғози муваффақият аст. Тавре ки оташи хурд наметавонад гармии зиёд диҳад, хоҳиши заиф наметавонад асоси ҳадафҳои бузург бошад.

Дилдор ИБОДОВ,
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: