СИРРИ ОШПАЗИИ МАН

Рӯзи истироҳат бо ҷӯраҳо аз назди хонаамон мегузаштему мани нодон як даҳон гуфтам, ки дароед, як пиёла чой мекунам.

Аслан, ин таклифи ман аз рӯйи таомули миллӣ буд. Дар ин хел вақтҳо ҳамроҳон мувофиқи одат, “ташаккур, насиб бошад, ягон рӯзи дигар” гуфта, бояд монда мерафтанд. Не, падарқусурон таклифи маро рост пиндошта, “ҳозир” гуфтанд. Аъзамҷон мошинашро дар канори роҳ гузошт. Ҳамкорон дарозу кӯтоҳ шуда, пешопас ба ҳавлӣ даромаданд. 
Занак дар хона набуд. Бачаҳо ҳам дар боғчаву мактабашон. Аҳвол расво. Бо вуҷуди он, сир бой надода гуфтам:
– Марҳамат, шумо бо ҳузуру ҳаловат дар болои кат шишта истед, ман ҳозир ягон чиз ташкил мекунам.
Баъди дуои дурударози Муҳаммадраҷаб дар пешашон дасторхон кушодаму худам ба ошхона даромадам. Пешгири занакро ба пеши барам баста, ҳама ҷойро хабар гирифтам: дар яхдон гӯшт набуд, ки ба пеши меҳмонон ҷиз-биз карда барорам. Ин хел шармандагиро дида, забони ба хона таклифкардаамро аз беху бунаш канда партофтанам омад. Вале чӣ илоҷ? Дар берун ҷӯраҳо мунтазири зиёфат. Эҳ-е, ин ҳамкорони муттаҳаму хушқилиқи ман аз ҳисоби дигарон хӯрданро шараф медонанд. Ба онҳо кайфу маишат бошад, шуд. Яке аз ин хел зотҳо, дурӯғ нашавад, худам мебошам... Хайр, одамизод аз доми чӣ қадар баду бало мераҳаду ман-чӣ?! Худоё, мадад!
Бинам, дар таги дег каме шӯрбои шабмонда. Онро болои плита гузошта, оташи газро гирондам. Дар яхдон ним тос мошкичирии серӯза, дар як коса картошкабирён. Ҳимматбаландӣ карда, онҳоро ҳам ба даруни дег андохтам. Ҳамин вақт чашмам ба табақчаи болопӯшидаи рафи ошхона афтод. Дарунаш салати помидору бодиринги чалахӯрдаи бачаҳо. Ҳайф нашавад, онро ҳам ба даруни дег чаппа кардам. 
Чашми  бачаҳо наафтодаастдия, бинам дар болотари ҷевони ошхона қуттии консерви моҳигин ва ним бонка себқоқи мағорзада. Бо онҳо дег нимпур шуд. Барои чашмбандии ҳамкорон ба болояш ҳар хел зираворӣ, мурчу қаланфур ва намак ҳам пошидам. Баъд камтар об андохта, бо сарпӯши дег ҳамаашро буғдам кардам. 
Ҳусни ҳар гуна дасторхон арақи сабилмонда! Меҳмононро хурсанд карданӣ шуда, як шиша арақро бо хӯришҳои туршаку тандакаш баровардам.
– Ана зебидааст! – пешгири маро дида, хандиданд онҳо.
– Мисли занҳо бо пешгир ош пазед, таом бомаза мешавад, – барои пешгирии айби ош даҳони онҳоро пешакӣ бастанӣ шудам. – Шумо ашки булбул барин биста-биста зада истед, ман ҳозир ошро кашида меоям. Янгаатон нестанд, айб намекунед...
– Арақа, ки баровардед, вай ҳамаи камбудиҳоро рӯпӯш мекунад, – гӯён Комили мулоимхнук даҳони шишаи арақро кушод ва деҳ-қонӣ карда, ба пиёлаҳо рехт. Баъди якпиёлагӣ гирифтан, ман боз ба ошхона даромадам.
Табақи калонро гирифта, дар тагаш як қатор нонҳои қоқи буридамондаамро мисли плиткаҳои рӯйи суфа чиндам. Ба болояш кӯҳ барин карда оше, ки ягон номи аниқе надошт, кашида, ба пеши меҳмонон баровардам.
Бӯғаш ба боло баромада истода, бӯйи аҷиби хушаш димоғҳоро хориш мекард. Баробари ба рӯйи дасторхон гузоштани табақ ҷӯраҳо ба ҳуҷуми барқвор гузаштанд. Дилу бедилон ман ҳам чумчаро ба даст гирифтам. Хӯрда бинам, ош не, марҳами ҷон. Бо чақ-чақу ханда, шишаи дувум ҳам холӣ шуду чанги таги табақ баромад.
– Оши зӯр шудааст, – гуфт Асрор. – Номи ин хӯроки пухтаатон чист?
Ман чӣ гуфтанамро надонистам. Агар чӣ хел пухтанамро гӯям, боз зада накушанд. Бинобар ҳамин, гапро ғуҷола кардам:
– Рости гап, худам ҳам, намедонам. Янгаатон па-гоҳӣ андохта будааст. Ман фақат гарм карда кашида омадам.
– Аз янга ретсепташро пурсидан даркор, – хоҳиш кард Аъзамҷон. – Ин хел таомро ман бори аввал мехӯрам. Навишта ба хона барам, занаки бедасту панҷаи ман ҳам пухтани ошҳоро ёд гирад!
Ба вай пайравӣ карда, дигарон ҳам талабгори ретсепти ош шуданд. Ман сирро бой надода гуфтам:
– Занаки мо аноӣ не. Ретсепташро ба ҳеч кас намедиҳад. «Ин сирри пазандагии ман аст» мегӯяд.
– Ретсепташро нагӯянд, боз хубтар, – аз ҷавоби ман хулосаи ба худ даркорӣ бароварда, гуфт Комили мулоимхунук. – Хумори ин хел ош гирад, боз ба ҳамин ҷо меоем.
– Бемалол. Як ош аз шумо зиёд не, – гӯён ҷавоб додаму боз забонамро бурида партофтанам омад...

Бахтиёри ҶУМЪА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: