СИРРИ ЗИНДАГИИ ФАРОВОН

ба омӯзиши илм, фан ва технология вобаста аст

ба омӯзиши илм, фан ва технология вобаста аст

Камина соли 2016 пас аз хатми мактаби рақами 40-уми деҳаи Қизилтепаи ноҳияи Чуст, аз рӯйи интернет ба Донишгоҳи байналхалқии иқтисодиёти Шанхайи Чин шинос шудам ва бо тарзи онлайн ҳуҷҷат супурдам. Имтиҳони қабул низ аз рӯйи онлайн дар Тошканд баргузор гардид. Ба донишгоҳ аз рӯйи грант қабул шудам ва аз ин хурсандиам ҳадду канор надошт.
Таҳсил дар Шанхай бароям мактаби ҳаёт, омӯзиши илм ва соҳиби ихтисоси дуюмин гашт. Дар ин ҷо таҳсил бештар гуворотар ва баҳогузорӣ низ нисбат ба дигар таълимгоҳҳои олӣ фарқ мекунад. Охири ҳар моҳ донишҷӯёне, ки холи муайяни пешниҳодкардашударо гирифта наметавонанд, дар курсашон мемонанд. Барои ҳамин ҳам донишҷӯён кӯшиш мекунанд зиёдтар хол ҷамъ оваранд.
Мобайни чор соли таҳсил дар хориҷ баробари омӯзиши илм ва такмили ихтисос дӯстони зиёд пайдо кардам.
Камина баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиамро дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самира Амир», ки дар минтақаи озоди саноатии «Юксалиш»-и шаҳри Намангон воқеъ мебошад, сар кардам. Корхонаамон дар Ӯзбекистон ягона буда, рӯзе 125 тонна дар 170 номгӯй масолеҳи коғаз истеҳсол мекунад. Дар корхона ба 5 нафар инвесторони Чин вазифаи тарҷумониро дар ӯҳда дорам. Дар оянда таҳсилро дар магистратура идома дода, аз ҳисоби омӯзиши илм, фан ва технологияҳо ба равнақи диёрамон ҳисса гузоштан мехоҳам.

Муҳаммадалӣ ШАРОПОВ,
корманди ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самира Амир»-и шаҳри Намангон.

БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР «НАВБАҲОР»
Узви тими яккачини Тоҷикистон ва футболбози «Истиқлол» (Душанбе) Эҳсони Панҷшанбе ба сафи «лочинҳо» қабул гашт.


Мувофиқи шартномаи баимзорасида легионери тоҷикистонӣ метавонад байни дуним сол шарафи «Навбаҳор»-ро ҳимоя кунад. Эҳсони Панҷшанбе чанде пеш баъди вохӯрии рафиқонаи тими Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Тошканд ба сафи «Навбаҳор» даъват гашт. Вай дар Тошканд аз муоинаи тиббӣ гузашта, дар машғулиятҳои «Навбаҳор» иштирок кард.
Эҳсони Панҷшанбеи 21-сола фаъолияти футболбозиашро аз соли 2016 сар кардааст. 
Ӯ дар муддати кӯтоҳ чор карат чемпиони Тоҷикистон, соҳиби ҷоми мамлакат мебошад. Ду сол пеш ҳамчун беҳтарин футболбози Тоҷикистон шинохта шудааст.
Соли 2018 дар сафи тими яккачини ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун сардор дар чемпионати Осиё иштирок кардааст. То ҳол дар сафи тими яккачини Тоҷикистон 20 маротиба иштирок намудааст.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: