СИРҲОЕ, КИ МЕДОНЕМ ВА НАМЕДОНЕМ

Гиряи Валентинаю духтараш

Гиряи Валентинаю духтараш

Нахустин кайҳоннавардзани дунё Валентина Терешковаро Ассотсиатсияи Британияи Кабир «Машҳуртарин зани асри ХХ» номида буд. На ба ҳар шахс насиб мекунад чунин шуҳрат ва бахти бузург. Вале ӯ аз бахти оилавӣ низ бархурдор буд ё набуд?
Якдигарро дӯст дошта, оила барпо кардани Валентина ва «кайҳоннаварди сеюм»-и иттиҳод Андриян Николаев ба аксарият маълум.
Солҳои аввали хонадорӣ хушу хуррам зиндагӣ карданд, фарзанддор шуданд, саодати оилавиашон ҳаваси ҳамаро меовард.
Вале баъд чӣ шуд? Чаро ҷудо шуданд?

Наврасии пур аз орзу

Терешкова дар деҳаи Болшое Масленниковои вилояти Ярославл ба дунё омад. Падараш Владимир – тракторрон, модараш Елена коргар дар корхонаи бофандагӣ. Номи хоҳарбузургаш Людмила, додараш – Володя.
Баъди вафоти падараш дар ҷанги фин, модараш дигар ба шавҳар набаромад, ба парвариши фарзандони хурдсол ҳаёташро бахшид.
Ба миёнафарзанд – Валя (Валентина) меҳри хосае дошт Елена. Ҳамроз буданд.
– Ба падарам чӣ хел шинос шуда будед? Дӯст дошта, оиладор шудаед?
Елена бо табассум гуфт:
– Раҳмам омада ба падарат расидаам.
– Раҳмам омада? 
– Ӯ дугонаи наздикамро дӯст медошт. Якҷо будани онҳоро бисёр мехостам. Вале яктарафа буд ин муҳаббат. Дугонаам Владимирро рад кард. Ба чӣ аҳвол афтодани ӯро ҳис намуда, дунё ба назари ман ҳам торик тофт. Володя, маро ба занӣ гиру мон, – гуфтам шӯхиомез. Вай ба фикр фурӯ рафт. Баъд:
– Розиам, – гуфт бо нимтабассум. Ин тавр гуфтанашро, ки интизор набудам, якбора ба ҳаяҷон омадам...
Ҳамин тавр, шӯхӣ ба шӯхӣ, аҳду паймон бастем. Тӯйи арӯсиамон оддӣ, вале фараҳангез сурат гирифт.
Бо шунидани калимаи «тӯй» Валентина хаёле табассум намуд. Рӯзе омада ӯ ҳам либоси арӯсӣ мепӯшад? Ҳамқисматаш кӣ аст? 
– Чиро фикр кардӣ, маликам? – Елена ба бар кашид Валентинаро. Вай ҳис мекард ин лаҳза чиҳо мегузарад аз дили духтаракаш.
– «Маликам» мегӯед?
– Ҳа, малика мешавӣ ту рӯзе. Дар тан либоси арӯсӣ, зеботарин келин. Маликаҳо ҳавас мекунанд!
Як орзу даҳ орзу гашт дар қалби Валентина. Парвоз мекард бо пару боли онҳо.

Кӯмак ба модар

Зиндагӣ – вазнин. Ҷароҳатҳои баъдиҷангӣ ҳанӯз пурра шифо наёфтаанд. Валентина баъди хатми синфи ҳафт як муддат дар завод кор кард. Ба духтараке, ки ҷуссаи нозук дошт, кор вазнинӣ мекард. Вале маоши хуб таъин карда буданд. Ба хотири кӯмак ба модар дар масъалаи таъминоти рӯзгор ба ҳар мушкилӣ тоб меовард. Аҳд намуд дар поезд машинист шавад. Аммо модар розӣ нашуд дар роҳи оҳан кор кунад: «Ту бояд хонӣ!»
Валентина дар шуъбаи ғоибонаи техникуми саноати сабук таҳсил кард. Дар комбинати «Красний переков» ҳафт сол чун бофанда фаъолият намуд. Айнан дар ҳамин давра ба спорт ҷиддан машғул шуд. Хусусан, бо аспронӣ ва ҷаҳиш бо парашут.

Муҳаббат

Дар остонаи синни балоғат шарораҳо гоҳ пайдо, гоҳ хомӯш мешуданд. Ҷавононе, ки дар машғулоти аэроклуби маҳаллӣ иштирок мекарданд, ба ҷасурона бо парашут пастҷаҳӣ, савори аспи бодпо дарёро буридагузарии Валентинаи чолоку шуҷоъ аҳсант хонда ва ба ӯ харидорона менигаристанд. Дар Ярославл ҳамшаҳриаш Роберт, баъде Маскав рафт Валентин ном ҷавон аз пасаш тохтанд. Вале онҳоро рад намуд. Муҳаббат дертар омад. Баъди фатҳи коинот. Андриян чун худаш кайҳоннаварди номӣ. Вай чаҳор маротиба атрофи Заминро давр зад, дар тадқиқоти ҳарбии бескафандр иқтидор нишон дод. Валентина ва Андриян дар санаторияи «Чемитоквадҷе»-и Сочи истироҳат карданд. Дар сайру саёҳатҳои якҷо якдигарро то андозае омӯхтанд. Чувашписари чеҳракушод ва чашмуабрӯсиёҳ бо хулқу одоби хуш ва меҳру самимият Валентинаро ром намуд.
Чӣ тавр мафтуни Валентина шудани худро Андриян дар китоби ёддоштиаш «Дар мадор вомехӯрем» зебою шево баён намудааст. Хусусан, як сурати зебо – Валентинаи ба бар либоси арӯсӣ ва бари ӯ домоди бисёр хушандом эътибори китобхонро ба худ мекашад.
Тӯйи арӯсиашон ноябри соли 1963 баргузор гардид. Лаҳзаҳои фаромӯшнопазир дар фотосуратҳо – муҷассам. Дар байни меҳмонон роҳбари онвақтаи мамлакат Хрушевро низ дидан мумкин. Дарвоқеъ, ба никоҳ дар вазъи тантанавӣ, ки дар Хонаи ҳукумат барпо гашт, шахсан Никита Сергеевич сарубар гардид. Ҷашни арӯсӣ дар Ленинские Гори ҳақиқатан фараҳангез буд. Бо пироҳани арӯсӣ Валентина малика не, маликаи маликаҳост, изҳор дошт Ю.Гагарин.

Хурсандӣ ва ташвишҳои ҳаёт 

Хуррам ва хушбахт буд оилаи ҷавон. Вале баъде Валентина ҳомила гашт, як ҳисси ба тарс монанд осоишашро пайваста халалдор сохт. Духтурҳо гуфтанд, ин таъсири изтиробҳо дар киштии кайҳонӣ. Боз гуфтанд тифл эҳтимол нуқсдор ба дунё ояд. Ваҳмаш бештар шуда ва ҳомилааш вазнин гузашт.
Июни соли 1964 духтарчадор ва ӯро Елена ном гузоштанд. Нуқсдор не, сиҳат ва саломат буд кӯдак. Аз ин бисёр хурсанд шуданд зану шавҳар. Вале баъдтар...
Елена баъде ақли худро шинохт, сиёҳ ва сафедро ҷудо мекардагӣ шуд, як чизро – як ҳақиқати талх ва азиятангезро идрок намуд: падару модараш носоз буданд. Ҳаракат мекарданд инро аз дигарон пинҳон доранд, аммо Елена мефаҳмид. Мефаҳмид бо як ҳисси дардзо. Аз худ ва аз падару модар мепурсид: «Чаро? Чаро?..» Аммо «чаро»-ҳо беҷавоб, қалби духтарак хун. Ин ба асаби ӯ таъсир мекард.

Ҷудоӣ

Валентина ва Андриян то ҳаждаҳсолагии Елена сабр ва соли 1982 ҷудо шуданд. Наздик нуздаҳ сол Николаева-Терешкова буд фамилияи қаҳрамони мо. Ба фамилияи духтариаш баргашт ва худи ҳамон сол мутахассиси соҳаи тиб Юлий Шапошниковро шавҳар ихтиёр намуд. То вафот кардани Юлий (1999) онҳо зану шавҳар буданд. «Зани танҳо» гардид Валентина. Духтараш Елена дуборарӯз шуд. Аз ду шавҳар вай ду писар дорад... Дар қалбаш як армон, як дарди сӯзнок: кош духтари шахсҳои машҳур не, духтари оилаи оддӣ, вале аҳл ва мустаҳкам мебуд. Ҷудошавии падару модараш ӯро азоби сахти рӯҳӣ дод. Асабаш ончунон хароб. Маҳзун, шикастарӯҳ, одамгурез шуда буд Елена...

Андриян зан гирифт ё нагирифт?

Андрияне, ки наздик 19 сол бо Валентина зиндагӣ кард, баъди ҷудоӣ 22 сол танҳо умр ба сар бурд. Чи қадар хостанд хонадор шавад, аммо рад намуд. «Падар, зан гиред», мегуфт Елена ҳам бо оби чашм. Розӣ нашуд.
– Барои чӣ зан намегирӣ? – мепурсиданд дӯстон.
Андриян сабаби заннагириашро солҳои зиёд ошкор накард. Тавре ки ӯву Валентина сабаби ҷудошавиашонро ба касе нагуфтанд, ин низ сир монд.
Ниҳоят, рӯзҳои охири умр ба кайҳоннавард А.Леонов дил кушод Андриян. Гуфт, ки баъди Валентина Валентинаи дигар нест!

Оромгоҳи Андриян дар зодгоҳаш

Леонов ин суханонро ба Валентина расонду... вай ҷо ба ҷо шах шуд. Эҳсосе дар ҳастиаш ба туғён омад. Боз шунида буд, Андриянро қалб азият медиҳад. Ҳисси раҳм, як идроки ба пазмонии сахт монанд...
Хост дарҳол ба назди Андриян равад. Вале дар Маскав не, дар Чебоксари буд он лаҳзаҳо А.Николаев. Кайҳоннавардро барои доварӣ ба яке аз мусобиқаҳои варзишӣ даъват карда буданд. Баъди ҷамъбасти мусобиқа якбора дилаш хурӯҷ ва... ҷон таслим намуд. Қарор карданд ба қабристони маҳаллӣ гӯронанд. Валентинаю духтараш дарҳол расида омаданд. Чӣ қадар хостанд Андриянро ба Маскав баранд. Гапашон, ки нагузашт, зӯрашон ба гиря расиду халос.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: