Дар чоряки аввали соли 2025 пас аз азназаргузаронии техникии пулҳо ва иншооти сунъӣ, ки дар шоҳроҳҳои умумӣ ҷойгир аст, базаи нави системаи электронӣ ба кор андохта мешавад.
Дар ин бора сардори Хидмати ахбори Кумитаи роҳҳои автомобилгард Нилуфар Ҷумъаева хабар дод.
Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаи санҷиши техникии пулҳо ва иншооти сунъӣ ҳолати онҳо муайян гардида, ба системаи ягонаи электронӣ чун қаноатбахш (сабз), таъмирталаб (зард), дар ҳолати садамавӣ(сурх) дохил карда мешаванд ва барномаҳо дар як муддати кӯтоҳ самаранок ташкил мегарданд.
Кластери “Ўзйўлкўприк” садамаҳои ғайричашмдоштро пешгирӣ мекунад, ҷойгиршавии пулро ба осонӣ муайян ва ҳама маълумоти умумиро дар бораи пул ва иншшоти сунъӣ тақдим менамояд. Сокинони маҳаллӣ метавонанд дархост ва пешниҳодҳои худро бо истифода аз барномаи мобилӣ тавассути коди синхронизатсия (QR) дар купрук ва сохтори сунъӣ фиристанд.