Ситора Турдибекова аз Ӯзбекистон дар сабқати бокси Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Фаронса ба Ю Тинг Линг, намояндаи Тайбейи Чин, ки аз рӯи санҷиши Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (АББ) “мардона” унвон карда шуд, имкониятро аз даст дод.
Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (АББ) ба далели баланд будани сатҳи тестостерон ба варзишгари алҷазоирӣ Имане Хелиф ва Ю Тинг Лин, аз Тайбейи Чин иҷозаи ширкат дар чемпионати охирини ҷаҳонро надодааст.
Бояд гуфт, ки Умар Кремлев, раиси АББ, гуфт, ки ин ҳолат барои Кумитаи байналмилалии олимпӣ шармовар аст ва эълон кард, ки ба муштзанҳои зане, ки бо муштзанҳои мард мубориза мебаранд, аз ҷониби АББ ба миқдори 100 000 доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд.