Одамоне ҳастанд, ки сад сол умр мебинанд, вале ба мақсади худ намерасанд, баробари дунёро тарк кардан зуд аз хотири дигарон сутурда мешаванд.
Одамоне ҳастанд, ки сад сол умр мебинанд, вале ба мақсади худ намерасанд, баробари дунёро тарк кардан зуд аз хотири дигарон сутурда мешаванд. Гурӯҳи дигаре бо вуҷуди умри кӯтоҳ дар дилу дидаи мардум абадан ҷой мегиранд ва кори неку номи некашон ҳамеша вирди забонҳост.
Исматулло Комилов (ёдаш бахайр!) ҳамагӣ 26 сол умр дид. Ӯ соли 1951 дар собиқ хоҷагии ба номи Сафар Кассиров таваллуд шуд. Ҳанӯз панҷсола буд, ки ба мактаби рақами 45, воқеъ дар деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Сариосиё қадам гузошт. Соли 1966 мактабро хатм намуд. Курси яксолаи ҳисобчигиро дар шаҳри Самарқанд ба охир расонда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тошканд дохил шуд. Ин ҷавони ташнаи илм ва чусту чолок дар донишкада низ бо баҳои аъло таҳсил мегирифт ва ба ӯ стипендияи дараҷаи олӣ дода буданд.
Тобистон ҳангоми таътил бо як дунё анҷоми варзишӣ ба хона баргашт. Азбаски ӯ аз модар ҳамагӣ семоҳа монда буд, бибии модариаш – кампири Қурбоной ва бобояш Абдулло Умедов парвариши ӯро ба зимма гирифта буданд. Падараш Абдураҳмон Комилов дар вазифаҳои роҳбари хоҷагӣ фаъолият дошт ва лаҳзае аз нигоҳубини ин тифли хурдакак дар канор набуд.
Ҳавлии васеъ дошт. Ин ба Исматулло имкон медод, ки майдончаи волейбол, тенниси рӯи миз ва дигар намудҳои варзишро тартиб диҳад. Писарбачагони деҳа дар ин ҷо бо завқ бозӣ мекарданд. Ҳатто бо фаро расидани таҳсил ҳамсолонаш моҳҳои зиёд ба деҳа баргаштани Исматуллоро интизор мешуданд.
Исматулло бо дониши хуб ва ҳаракатҳои чусту чолокаш диққати устодонро ба худ ҷалб мекард. Соли дувуми таҳсил ӯ ба дастаи волейболбозони донишкада аъзо шуд. Соли 1972 бошад, ба ҷамоаи яккачини мамлакат қабул карда шуд. Дар мусобиқаҳои бонуфуз шаъну шарафи ватанамонро ҳимоя мекард. Ба ӯ унвони «Устоди варзиши Ӯзбекистон» дода шуд.
Соли 1973 пас аз хатми донишкада ба деҳааш баргашт ва дар таълимгоҳи таҳсилкардааш ҳамчун омӯзгор ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар мактаби рақами 45, ки соли 1969 ба истифода дода шуда буд, ягон асбобу анҷоми варзишӣ мавҷуд набуд. Дар ҳавлии мактаб барои майдончаи варзишӣ ҷой буд, вале ҳанӯз холӣ.
Бо саъю кӯшиш ва ташаббуси ӯ ҳам толори варзишӣ ва ҳам майдончаи варзишӣ бо асбобу анҷом ҷиҳозонида шуд.
Барои Исматулло тартиб додани ҷамоаҳои футбол, волейбол, тенниси рӯи миз душвор набуд. Ин ҷамоаҳоро аз ҳисоби шогирдоне ташкил кард, ки дар хонаи бобояш чанд сол инҷониб машқ менамуданд. Соли 1974 мактаб дар ноҳия ва вилоят аз рӯи ин се намуди варзиш ҷойи аввалро соҳиб гашт. Соли 1975 волейболбозони мактаб дар мусобиқаҳои байни мактаббачагон, ки дар шаҳри Фарғона баргузор шуд, иштирок намуда шарафи вилоятамонро ҳимоя намуданд. М. Кассиров, И. Кассиров, Қ. Алиев, М. ва Ҳ. Қараевҳо иштирокчии ин мусобиқа буданд ва соҳиби ҷои дувум ва сазовори медали нуқра гардиданд.
И. Комилов дар мактаб ҳамагӣ 4 сол кор кард. Дар ин муддати кӯтоҳ шогирдонаш дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок намуда, ба мактаб 42 ҷом ҳадя намуданд. Ӯ ҳамроҳи инсонҳои наҷиб, варзишгарони хуб кору зиндагӣ мекард. Холбой Саидов, Файзулло Назиров, Иброҳим Нарзуллоев, Ӯктам Қаландаров, марҳумон Зиёратшо Нилобеков ва Аъзам Баҳриддинов (рӯҳашон шод бод!), Бордюжа, Зиёдулло Назаров ва дигарон аз ҷумлаи ин дӯстон ва наздиконаш буданд.
Моҳи январи соли 1977 ӯ директори мактаби варзиши бачагон ва наврасони ноҳия таъин гардид. Агарчи дар ин вазифа хеле кам фаъолият намуд, дар дилу дидаи ҳамкорон таассуроти хубе боқӣ гузошт.
Исматулло 17 июни соли 1977 аз садамаи автомобил вафот кард...
Кори ӯро шогирдонаш Абдусалом Ҷӯраев, Холмирзо Қараев, Шоназар ва Фахриддин Муродовҳо, ки мутахассисони соҳаи варзишанд, давом медиҳанд.
Ҳаёт қонунҳои нонавиштае дорад. Гоҳҳо ниҳолеро дар айни авҷи гул нобуд месозад. Исматулло Комилов низ ҷавоне буд, дилаш пур аз орзуву умед. Вале хеле барвақт бо зиндагӣ падруд гуфт. Номи ӯро ҳамдеҳагон, шогирдон, ҳамкорон ва дӯстонаш бо некӣ ба ёд меоранд.
Ӯ мисли ситора дурахшиду нопадид гардид.
Мелиқул КАРИМОВ.
Вилояти Сурхондарё.