Ба ҷашнвораи байналмилалии мақом – «Зомин – 2024» меҳмонони зиёд даъват шуда буданд.
Аксарияти онҳо дар меҳмонхонаи «Вандҳейм», воқеъ дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Зомин, ки «Сӯфа» унвон дорад, маскун шуданд, ки мо низ он ҷо будубош доштем. Ҳар гоҳ барои хӯрок-хӯрӣ ба ошхонаи ин меҳмонхона фароем, чашмам ба зани калонсоли қоқинаи сафедрӯ меафтод, ки чеҳрааш басо бароям ошно менамуд. Аммо ҳаргиз ҷуръат намекардам, ки аз ӯ киву чикора буданашро пурсам.
Боре ӯро дар ошхона бо раиси ҳайати байналмилалии доварони ҷашнвора Абдувалӣ Абдурашидов дучор омадам. Ба гӯшам расид, ки ин зан бо Абдурашидов бо тоҷикӣ суҳбат мекунад.
Дар давоми чаҳор шабонарӯз ҳар субҳ мошинҳои қатор моро аз минтақаи кӯҳӣ ба маркази ноҳия интиқол медоданд ва ҳама раванди конфронси илмӣ-амалӣ, тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва овозхонҳову навозандагонро тамошо карда бармегаштанд. Рӯзи пӯшиши ҷашнвора фаро мерасид. Барои он ки аз вақти қулай истифода кунам, ба ин зан сӯҳбат кардам.
– Бубахшед, апаҷон, чеҳраатон бароям хеле ошно метобад. Агар шумо худро муаррифӣ мекардед, хушҳол мешудам, – гуфтам.
– Мо як гурӯҳ аз Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон ба ин ҷашнвора омадем. Шояд номи маро шунида бошед, Мастона Эргашева – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонам.
Ростӣ, андак хиҷолат кашидам, зеро солҳои таҳсил дар донишгоҳ борҳо дар шабакаи ягонаи телевизиони Тоҷикистон сурудхонии ӯро тамошо кардаам. Ҳатто боре ҳамроҳи хоҳарбузургам – Сайрамхон, ки дар бахши суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил мекард, ба консерти ӯ даромада будем.
– Дар чанд соли охир бемории қанд маро ба чунин ҳол мувоҷеҳ намудааст,– гуфт вай ва афзуд, ки бар асари ҳамин беморӣ аз Мастонаи пешин ҳоло ин ҷисми лоғару нозук боқӣ мондааст.
Вай ба тафсири ҳасби ҳоли худ идома медод ва ман якзайл ин суҳбатро сабт мекардам. Бо вуҷуди соҳиби унвони баланд будан, апаи Мастона хеле зани одӣ, фурӯтану хоксор будааст. Маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун) мебошад. Ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби миёна дар чорабиниҳои гуногун суруд мехондааст ва вақтҳои холӣ навохтани рубобро машқ мекардааст.
– Соли 1967 мавсими пахтачинӣ оғоз ёфт ва аз шаҳри Душанбе бо роҳбарии Санавбар Соҳибова як гурӯҳ духтарон-толибилмони техникуми омӯзгорӣ ба колхози мо омаданд. Баъди шиносоӣ ин шоира шеъри «Аҷаб ёри ситамгорӣ»-и худро дод, то ки ба он оҳанг бандам. Ин аввалин суруде маҳсуб меёбад, ки худам оҳанг бастаам, – гуфт Мастона Эргашева.
Ба таъкиди мавсуф рӯзе шоир Гулназар, ки ҳамон вақт дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард, бо як нафар ходими радиои ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи ӯ ба ноҳияи Қумсангир омадаанд. Ин вохӯриро Мастона Эргашева чунин ба ёд меорад:
– Он кас пурсиданд, ки номат чист?
– Гуфтам, Мастона.
Гуфтанд, ки суруд ҳам мехонӣ?
– Ҷавоб додам, ки бале.
Баъд ду суруд хондам ва ҳарду сурудро дар навори магнитофон сабт карда ба Душанбе баргаштанд, ки яке бар матни Санавбар Соҳибова буд. Баъди дар радиои ҷумҳурӣ пахш шудани он бисёриҳо маро шинохтанд. Ҳатто боре аз Кумитаи радиои ҷумҳурӣ як гурӯҳ навозандагон бо мошини сабти сайёр ба Қумсангир омаданд ва даҳ суруди маро сабт карда рафтанд. Байнашон ду суруди Олмахон Ҳайитова низ буд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ суруди дигаре, ки вай оҳанг баста хондааст ва ҳамеша дар радио садо медод, ин тавр шурӯъ мешавад:
Эй падари меҳрубон,
Бахт ба мо додаӣ,
Бар дили ҷӯшони мо
Сидқу сафо додаӣ.
Дасти муҳаббат дароз
Бар сари мо кардаӣ,
Мактабу илму ҳунар,
Ақли расо додаӣ...
Аввали солҳои ҳафтодуми қарни гузашта бартарии Мастона Эргашева аз тоифаи дигари занони овозхон дар он буд, ки худ рубобу тор менавохту суруд мехонд. Аммо таҳсил дар мактаби олии санъат барояш орзуи амалиношаванда менамуд.
– Аз Душанбе ба кумитаи ҳизбии ноҳияамон занг зада гуфтаанд, ки ман бояд дар мактаби олӣ таҳсил кунам. Раиси колхоз, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдурозиқ Раҳмонов назди падарам омада, он касро розӣ кунонидаанд, ки монеи духтарашон нашавад. Баъд ман ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон супоридам. Он замон факултае, ки мехостам, ҳанӯз мавҷуд набуд, барои ҳамин ба факултаи актёрӣ даромадам, то ки забони тоҷикиамро боз бештар сайқал диҳам, – иброз медорад Мастона Эргашева.
Дарвоқеъ, падари Мастона Эргашева зодаи шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон мебошад. Вай соли 1929 мисли ҳазорҳо одамони водии Фарғона ба водии Вахш барои ободии заминҳои нав рафтааст ва дар Қумсангир бо завҷаи ояндааш вохӯрда, издивоҷ кардаанд ва соҳиби ёздаҳ фарзанд шудаанд. Ба гуфтаи апаи Мастона дар Асака ҳанӯз хешу табори зиёдашон ба сар мебаранд ва ҳамеша ба хонаи ҳамдигар рафтуомад мекунанд. Бори охир моҳи октябри соли гузашта ӯву бародараш дар тӯйи арӯсии фарзанди яке аз амакдухтарҳояш ширкат кардаанд ва ӯ бо тор чанд суруди тоҷикиву ӯзбекӣ хондааст.
– Бори нахуст кай рӯйи саҳнаи калон баромадед?
– Дар курси дуюм мехондам, ки ҳамроҳи як дастаи ҳунарии касбии Тоҷикистон ба Полша ва дар курси чорум ба Югославия сафари ҳунарӣ кардем. Ин ҳам танҳо ба он далел буд, ки дар Тоҷикистон ягона зане будам, ки бо тор суруд мехонд. Баъд борҳо дар чорабиниҳои гуногуни ҳукуматӣ ҳамроҳи овозхонҳои дигар рӯйи саҳна баромадаву суруд мехондам.
– Шумо, ки факултаи актёриро хатм кардаед, оё дар ягон филми ҳунарӣ нақш бозидаед?
– Дақиқан бароятон мегӯям, ки бо ҳунари актёрӣ машғул нашудаам. Танҳо дар филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» як нақши эпизодиро бозидаам. Дар он зане бо мӯйҳои парешон ва гаҳвора дар сари шона суруди «Абдулмаҷидҷонам, балам»-ро нолакунон мехонад.
– Баъди хатми донишкада ба куҷо ба кор фиристода шудед?
– Театри давлатии драмаи Лоҳутӣ маро ба кор қабул кардааст, чунки аз курси дувум дар ин театр ба ҳайси ходими соатбайъ кор мекардам. Дар театр агитбригада фаъолият мекард ва ба муносибати санаҳои гуногун барномаҳои консертӣ намоиш медод, ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад, чорабиниҳои гуногун дар театр бидуни рақсу суруд барпо намешуд.
– Шумо ба ҷавоне издивоҷ намудед, ки минбаъд ҳамчун доиранавоз бо шумо ҳамроҳӣ мекард?
– Соли 1972 бо ибтикори устод Тӯҳфа Фозилова агитбригадаи мо ба вилояти Суғд (Ленинободи пештара) сафар намуд ва намоиши консертиро аз ноҳияи Исфара шурӯъ намудем. Бо амри тасодуф бидуни доиранавоз ба ин сафар баромадем. Тӯҳфаапа аз котиби ҳизби шаҳри Исфара хоҳиш карданд, ки як доирадасти хуб пайдо кунад ва ӯ дар ин сафар, ки вақташ бемаҳдуд аст, бо мо ҳамроҳӣ хоҳад кард. Дере нагузашта ҷавони хушандому хушахлоқи доиранавоз назди мо ҳозир шуд. Вай шавҳари ояндаам – Камолиддин Икромов буд. Аммо консерти мо дар ноҳияи Ашт қатъ гардид, чунки хабари марги Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди шуравӣ Муҳаммадҷон Қосимов ба мо расид ва сафарро кӯтоҳ карда, ба Душанбе баргаштем, – тазаккур дод апаи Мастона.
Ба гуфтаи апаи Мастона бо шавҳараш се сол фарқ доштаанд, бо вуҷуди ин танҳо баъди ду соли вохӯрӣ бо ӯ барои издивоҷ ризоият додааст. Тӯяшон аввал дар Қумсангир барпо шуда, баъд дар шаҳри Исфара давом кардааст. Баъди издивоҷ бо Камолиддин соҳиби ду фарзанд шудаанд. Духтарашон – Мақсадхон ва писарашон – Отабек машғули кору зиндагии худ ҳастанд. Вай шахси хеле меҳрубон ва дасткушоду саховатманде будааст. Дар давраи ҳаёт будан ба одамони зиёд дасти кумак дароз кардаву аз пайи хайру эҳсон мешудааст. Аммо апаи Мастона мегӯяд, ки умри чунин одамон тӯлонӣ намешудааст. Камолиддин дар синни 33 дар роҳи байни Қумсангир – Колхозобод бар асари садамаи сахт ба ҳалокат расидааст.
– Шумо барои издивоҷ бо шахси дигар розӣ нашудед ва ё сабабҳои дигар пеши шуморо гирифт?
– Бо шавҳарам зиндагии хубро паси сар мекардем. Ба назарам, дигар мисли ӯро дар ин ҳаёт пайдо нахоҳам кард. Хурсандам, ки рӯҳи Камолиддинамро безобита нанамудам. Дигар ин ки сарнавишти ду фарзандамро пеши назар меовардам ва, сеюм, шояд марди дигар розӣ намешуд, ки ман рӯ-рӯи саҳна дар минтақаву давлатҳои гуногун сурудхонӣ карда гардам.
– Шумо фидоии ҳақиқии санъати тоҷик ҳастед. Бо шумо барин зани санъаткор мешавад ифтихор намуд, ки дар ивази меҳнати ҳалоли худ соҳиби унвони «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» шудаед. Ба ин унвон кай сазовор шудед?
– Соли 1978 маро ба гурӯҳи «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизион даъват карданд. Соли 1980 дар баробари унвони «Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ» соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ шудам. Кор хеле зиёд буд, бо вуҷуди ин ба Зебо Аминзода кумак намудам, ки гурӯҳи рақсии «Зебо»-ро ташкил кунад. Соли 1989 дар 38-солагӣ ба гирифтани унвони «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» сазовор гардидам, – мегӯяд апаи Мастона бо ифтихор.
– Дар бораи теъдоди сурудҳои худ метавонед чизе гӯед?
– Дар ҷараёни фаъолияти худ бештар аз 50 суруд офаридам. Ҳудуди 200 суруди хондаам дар хазинаи тиллоӣ маҳфузанд. Аммо теъдоди сурудҳое, ки дар жанрҳои гуногун сароидаам, хеле зиёданд. Иҷрои суруд дар жанрҳои шашмақом, фалак, мусиқии анъанавӣ, вокали миллӣ ва амсоли онро имрӯз ба шогирдон ёд медиҳам.
– Имрӯз дар куҷо кор мекунед ва аз кори худ розӣ ҳастед?
– Соли 25-ум аст, ки дар Консерваторияи давлатии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба ҳайси устоди «Шашмақом» фаъолият мекунам. Дар тӯли ним асре, ки пушти сар гардид, хеле пастию баландиҳоро чи дар ҷодаи ҳунар ва чи дар зиндагии шахсӣ бо чашмони сар дидам. Аммо ҳамаи мушкилотро бо сабру қаноат ва бурдборӣ мегузаронидам. Чун омӯзгор ҳастам, шогирдони худро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунам.
Ногуфта намонад, ки Мастона Эргашева шахсияти дурахшони санъати тоҷик маҳсуб меёбад. Вай иҷрокунандаи сурудҳои классикии «Шашмақом» дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Бо бурдборӣ аз мактаби устодони бузург ва донандагони мусиқии классикӣ, мисли Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов гузаштааст. Имрӯз шогирдоне, ки аз мактаби мусиқии ӯ гузаштаанд, соҳиби обрӯ ва эътибор гаштаву барои рушди санъати мақом саҳми худро мегузоранд.
Маълум шуд, ки дар арафаи 55-солагии фаъолияти ҳунарӣ ва 70-умин солгарди умри ин ҳунарманди наҷиб, санъаткоре, ки дар Тоҷикистон солҳо бо тор суруд хондаву ба дилҳо роҳ ёфтааст ва соҳиби мақому манзалати хос шудааст, таҳти унвони «Мастона месарояд» китобе интишор гардидааст. Он ба қалами адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов тааллуқ дошта, ҷамъи фаъолияти ӯро дар тӯли беш аз ним қарн баррасӣ намудааст.
Мастона Эргашева ҳанӯз чолоку тануманд аст ва солҳои дароз дар рушди санъати мақом ва тарбияи шогирдон хидматҳои шоиста хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».