Он солҳо мактабиён аз Сӯх асосан ба «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и ҳозира) ва «Машъал» обуна мешуданд.
Чопи шеър ё ҳикояи мактаббачагон аз ҳар гӯшаи диёр аксариятро бефарқ намегузошт. Мо, хонандагони синни хурди мактабӣ, падидаҳои қаламии Зулфия Атоуллоеваро ҳам, ки дар синфи болоии яке аз дабистонҳои таълими умумии ноҳияи Ғончӣ (феълан ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд) таҳсил мекард, бо шавқ мехондем, азёд мекардем. Қаҳрамони яке аз шеърҳои вай хеле «чолок ва серғайрат»: ба Мошон алаф медиҳад, ба мурғон палав медиҳад, коса мешӯям гуфта як табақро мешиканад, оташдонро ҳам мерӯбаду нӯги ҷорубро месӯзад... Ва аз модар мепурсад: «Корҳо шуд дар як нафас, оча, боз чӣ корат ҳаст?»
Баъдтар шунавем ба машқҳои Зулфияи он вақт мактабхон устод Турсунзода низ таваҷҷуҳ намуда, ба вай нома навишта, ба истеъдодаш баҳои баланд дода будааст.
Зулфия Атоуллоева баъди хатми мактаби миёна ба риштаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Лозим омад духтари эҷодкорро ба Маскав фиристанд. Таҳсилро дар Институти ҷаҳонии ба номи Горкий давом дод. Дар арафаи хатми институт аввалин дафтари шеърии худро бо унвони «Ҷиҳоз» ба чоп омода намуд.
Ба «Ҷиҳоз»-и Зулфия шоири номвар Гулчеҳра Сулаймонӣ сарсухан навишта буд, ки тақрибан ин тавр оғоз меёфт: «Дар яке аз рӯзҳои зимистон шоири рангинхаёли мо Лоиқ дар роҳрав маро нигоҳ дошт ва гуфт, ки дар кабинети ман як даста гул ҳаст, дароед ва бубинед чӣ гулҳое...»
Он як даста гул як даста шеърҳои Зулфия будааст.
Шоири он вақт ҷавони тоҷик яке аз шеърҳояшро ба ду хоҳари худ бахшидааст. Гулчеҳра қайд мекунад мо низ дар оила «се хоҳаракон» будем, ба назарам чунин намуд Зулфия дар ин шеър аз олами тифлии ману хоҳараконам ҳарф задааст.
Ба ҳамдарсҳои ман низ («Ҷиҳоз» моҳи майи соли 1977 ба дасти мо расид, курси аввалро ба охир мерасондем) он шеър бисёр писанд омада буд:
Се тори пуртарона, се шамъи хона
будем,
Наврӯзи тифлии мо дар кӯҳҳо
гузашта.
Тифлӣ вале чу шадда бар байни
сабзаҳо рехт,
Тифлии мо куҷо рафт аз пеши мо
гузашта?
Аз дур чун фасона метофт Қалъаи мо...
Қалъаи Азим – зодгоҳи Зулфия Атоӣ. Чанд бор ба Ғончӣ (Деваштич) сафар кардам. Дар чанд деҳааш, ки ҳатто номашонро нашунида будам, меҳмон шудаам. Ман танҳо номи як деҳаро медонистам аз ин ҳудуд – Қалъаи Азимро. Ба туфайли Зулфия. Дил мехост он деҳаро низ бубинам. Вале иттифоқ наафтод. Чӣ деҳе будани Қалъаро аз як шеъри Зулфия тасаввур кардаам:
Ба дӯшаш кӯза меояд саҳаргоҳ,
Хиромон бар сари сарчашма духтар.
Чу ошиқ рӯбарӯяш мебарояд
Зи пушти қуллаҳо хуршеди ховар.
Қаҳрамони лирикӣ мегӯяд деҳае чун деҳаи ман нест, бовар накунӣ омада бин, вале агар диле чун дили ман надошта бошӣ, надиданат беҳтар.
Қисмате аз шеърҳо дар «Ҷиҳоз» давраи беғубор, нотакрор, афсонамонанди кӯдакиро зинда мекунад дар пеши назари мо. Кай ва дар куҷо бори аввал ба зебоӣ дучор шудани худро ба ёд овардани инсон душвор. Ба вай ҳамин маълум, ки вақте бача буд, тӯйро бисёр дӯст медошт, тӯйҳои арӯсиро. Арӯс парии афсонавӣ метофт ба назараш. Хонаи арӯс-чӣ?
Бӯи мушку бӯи ҳино мекунад,
Хонаи чун бӯстони наварӯс.
Лолаи боғу чаман бишкуфтааст,
Бар дару бар остони наварӯс.
Аллакай дар солҳои ҳафтодум, давраҳое, ки Зулфия ҳанӯз ниҳоли навбар буд, хонандаи тоҷик ҳис мекард тасвиркорӣ, хусусан, истеъдоди манзаранигорӣ дар вай хеле баланд. Аввали шаб, ширмаҳтоб, духтарак баҳри об омадааст. Дар об – акси маҳтоб:
Духтарак гарми хаёл,
Кӯзаро бар об зад.
Кӯзаи нақшини ӯ
Бар рухи маҳтоб зад.
Зулфия Атоӣ ба сифати ходими адабӣ, мудири шуъба, муовини сардабир ва сармуҳаррир дар «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор»), «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза») самаранок фаъолият бурд. Дар соҳаи журналистика ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор шуд. Дар наср, айни замон, табъ озмуд ва қатори чанд ҳикоя қиссае навишт бо унвони «Ғамро намефурӯшанд». Вале асосан чун шоир ба адабиёти халқи хеш хидмати сазовор кард. Дар роҳи шиносондани шеъри тоҷик ба дунё саъйҳо намуд.
Сермаҳсул аст – «Дидор», «Меваи сабр», «Духтари дарё», «Ишқи як зан», «Ситораи ваҳшӣ», «Ситораи муштарӣ», «Зан агар ошиқ шавад», «Зулфи парешон», «Парандаҳои баҳорӣ», «Сояи зулф», «Девони Зулф», «Беситора нестам», «Фасли орзуву андеша» барин китобҳояш аз тариқи нашриёти гуногун ҷомаи табъ ба бар кардаанд. Як вақтҳо, асное мактаб мехонд, ба додару хоҳаракони худ шеърҳои шавқовар нависад, баъди гузаштани солҳо падидаҳои қаламии ба завқу салиқаи ба «наберачаякон»-и онҳо созгор эҷод намуд. Яке аз беҳтарин маҷмӯаҳо дар адабиёти кӯдаки Тоҷикистон «Зочаи хушрӯи ман» ном китоби ӯст.
Чанде пеш Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар расонд, ки дар кайҳон номи ситорае ба шарафи адиби тоҷик Зулфия Атоӣ «Зулф» гузошта шуд. Иқдоми мазкурро Маркази ҷирмҳои осмонӣ дар Лондон (Англия) ба қайд гирифтааст.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Парвини Эътисомӣ ва Мукофоти адабӣ-фарҳангии «Товуси тиллоӣ» (Санкт-Петербург) Зулфия Атоӣ айни вақт бо ордени «Шараф» (Тоҷикистон) ва «Дили Данко» (Русия) мукофотонида шудааст. Ба ИМА, Покистон, Олмон, Ҳулланд ва кишварҳои дигари дунё сафарҳои эҷодӣ кардааст.
Чанде пеш дар Тошканд низ буд. Мулоқотҳояш ба дӯстдорони адабиёт хотирмон сурат гирифтанд. Зулфия хусусан ба эҷоди шоирони ӯзбек, ки як вақтҳо дар Маскав ҳамроҳ таҳсил гирифта буданд, баҳои муносиб дод. Ҳасанбой Ғоиб ва Ҷамшед чанд шеър аз «Девони Зулф»-и ӯро ба ӯзбекӣ баргардондаанд.
Вай ба чӣ қодир будани зани тоҷикро дар яке аз қаламиҳояш ин тавр ифода кардааст:
Ту муштипар гуфтӣ маро, куштӣ маро,
куштӣ маро,
Оё надидӣ, бехабар, зӯри
сарангушти маро?
Мушти парам, мушти парам, аммо ба
гардун мепарам,
Охир бубин, эй бебасар, мастона
арғушти маро.
Ман оташам, ман беғашам, то осмон
пар мекашам,
Дар ман бубин расму раҳи дерини
Зардушти маро.
Вале дар бораи баробарҳуқуқӣ ва мавқеи марду зан дар оила Зулфия ақидаи худро дорад. Вай, албатта, ҷонибдор нест, ки мард ба зан зулм кунад. Вале мегӯяд зану мард ҳеч вақт баробар нест. Хусусан, дар хирад, ақл, меҳнатдӯстӣ бартарияти мард баръало ҳис мешавад. Назар ба ақидаи олимон дили зан нисбат ба дили мард 12 фоиз хурдтар. Дар оила мард – соҳиби сари зан, саробони оила. Тарбияи шарқона низ ҳаминро тақозо менамояд.
Барои Шоири мардумии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ назар ба кори давлат ва кулли корҳои дунё муҳимтар – оила ва эҳтироми соҳиби сар (шавҳараш Абдуғаффор Абдуҷабборзода – хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, адиб ва мутарҷим, ду қиссааш дар маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» низ чоп шудааст, Нависандаи халқии Тоҷикистон). Ва бо ҳамин фазл наздик ним аср инҷониб вай ба подории яке аз оилаҳои тоҷик сабаб мегардад.
Падар ва модари хушбахт соҳиби ду фарзанд ва чанд набераанд.
Зани тоҷик, модари тоҷик, шоири тоҷик Зулфия 70-сола шуд. Худованд барояш барорҳои тоза Ато созад.
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри Тошканд.