СИТОРАШИНОСИ БУЗУРГ

Мирзо Улуғбек 22 марти соли 1394 дар шаҳри Султония (ҳудуди Озарбойҷони ҳозира), дар оилаи фарзанди хурди Амир Темур–Шоҳрух Мирзо таваллуд ёфтааст.

Ҳарчанд модари ӯ Гавҳаршодбегим – зани Шоҳрух дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ карда бошад ҳам, вай дар тарбияи ҳамсари Амир Темур– Сарой Мулкхоним (Бибихоним) дар Самарқанд ба воя расид.
Баъд аз вафоти Амир Темур соли 1405, талош дар байни Темурзодагон авҷ гирифта, соли 1409 бо ғалабаи Шоҳрух Мирзо анҷом ёфт. Ҳамон сол Шоҳрух Мирзо фарзанди калони худ Мирзо Улуғбекро ҳукмрони Мовароуннаҳр таъин карда, худ боз ба шаҳри Ҳирот – Хуросон баргашт.
Мирзо Улуғбек аз даври ҷавониаш шавқманди илму санъат, хусусан илмҳои астрономияю математика буд. Ӯ қариб ҳамаи китобҳои китобхонаи подшоҳӣ, ки аз бобояш Амир Темур мерос монда буд, мутолиа кардааст. Ба забонҳои арабӣ, туркӣ, форсӣ-тоҷикӣ балад буд. Вай дар атрофи худ бисёр олимони замонааш математикҳо Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошӣ, Алӣ Қушчӣ, муаррихон Ҳофизи Абрӯ, табиб Мавлоно Нафис, шоирҳо Сироҷиддини Самарқандӣ, Саккокӣ, Лутфӣ, Бадахшонӣ ва дигаронро ҷамъ овард.
Мирзо Улуғбек дар солҳои 1417-1420 дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва баъдтар дар Ғиҷдувон мадрасаҳо барпо кард, ки дар онҳо асосан фанҳои дақиқи дунявӣ ва иҷтимоиро меомӯхтанд. Дар пештоқи яке аз ин мадрасаҳо ӯ ҳадиси шарифи «Ҳаракат ба омӯхтани илм вазифаи ҳар як муслим ва муслима аст»-ро навишта буд.
Мирзо Улуғбек соли 1428 дар баландҷойи Кӯҳаки Самарқанд расадхонаи машҳури замонашро барпо намуда, дар ин ҷо бо ҳамроҳии мударрисони мадрасаи Мирзо Улуғбек – Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошӣ, Алӣ Қушчӣ ба тадқиқоти сайёраҳо шурӯъ кард. Дар ин ҷо Мирзо Улуғбек бо ҳамроҳии олимон ҳаракати 1018 сайёраро тадқиқ карда, соли 1444 асари илмие бо номи «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ» таълиф намуд. Ин асар баъд аз асари астрономи машҳур Гиппарх асари мукаммалу дақиқе буд.
Мирзо Улуғбек баъд аз бисёр санҷишу тадқиқотҳо дар соли 1437 ба хулосае омад, ки дарозии астрономии сол 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқаю 8 сония мебошад. Санҷиши замони ҳозира нишон дод, ки  Мирзо Улуғбек фақат ба 58 сония иштибоҳ карда будааст. Ин буд барҷастагии олими машҳури ҷаҳон.
Ин асар аз 4 қисм иборат буда, қисми аввал ба хронология – тарзи солшумории шарқӣ, қисми дуюм ба астрономияи амалӣ, сеюм ба ҳаракати сайёраҳои дурахшанда, чорум ба астрология ва баҳои илмӣ додан ба ҷаҳонбинии асри миёна бахшида шудааст.
Асари «Зичи Кӯрагонӣ» чандин аср ба астрономҳо ва муаррихон барои омӯхтани солшумории қадим чун дастуруламал хидмат кардааст.
Баъд аз вафоти Мирзо Улуғбек вазъияти сиёсию иҷтимоӣ, корҳои илмӣ дар расадхона хеле суст, китобхонаи олим аз эътибор соқит карда шуд. Дар натиҷа шогирди содиқи ин аллома Алӣ Қушчӣ асари «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ»-ро бо худаш ба Аврупо бурд ва дар он ҷо аҳли илму маърифатро бо ин асар ошно кард.
Дар Аврупо ин асарро аввал ба забони лотинӣ, аз асри XVII сар карда ба дигар забонҳо тарҷума карданд. Ин асар бори аввал соли 1648 дар Англия аз ҷониби профессори астрономияи Донишгоҳи Оксфорд Ҷон Гривс ба забони англисӣ тарҷума карда шуда буд. Нашри ин асари барҷастаи Мирзо Улуғбек дар Аврупо ба замоне рост омад, ки дар ин ҷо акнун бо ёрии асбобҳои мукаммали астрономӣ омӯхтани коинотро сар карда буданд.
Баъди 25 соли нашри асари Томас Хайд «Зич»-и Мирзо Улуғбек аз саҳифаҳои асари олими поляк Ян Гевелий «Башоратгари астрономия», ки соли 1690 дар шаҳри Гданск нашр шуда буд, ҷой гирифт. Дар ин асар олим осори астрономҳои пешин чун Птоломей, Мирзо Улуғбек, Тихо Браге, Ричолли, шаҳзода Гасса ва Гевелийро мавриди муқоиса қарор медиҳад. Ин буд эътирофи умумиҷаҳонии Мирзо Улуғбек.
Дертар дар соли 1839 шарқшиноси франсуз  Л. А. Сейидо «Зич»-ро ба забони франсузӣ тарҷума карда, интишор дод.
Завқу шавқи олимони дунё ба ин асари ҳамватанамон торафт афзуда, дар бисёр давлатҳои Ғарбу Шарқ онро омӯхта нашр кардаанд. Яке аз инҳо олими амрикоӣ Э. Б. Нобл буд, ки ӯ 8 нусхаи ин асарро дар китобхонаҳои Британияи Кабир омӯхта, тадқиқ намуд ва соли 1917 дар ИМА нашр кард.
Дар асри ХХ омӯхтани мероси илмии Мирзо Улуғбек аз тарафи бисёр олимони машҳур идома ёфт. Аз он ҷумла, дар ватанаш Самарқанд бисёр корҳо амалӣ гардиданд. 
Баъд аз истиқлолиятро ба даст даровардани Ӯзбекистон муносибат ба аҷдоди гузашта, аз он ҷумла, ба ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Улуғбек куллан дигар шуд.
Соли 1944 дар Ӯзбекистон соли Мирзо Улуғбек эълон карда шуда, 600-солагии ӯ дар тамоми дунё ҷашн гирифта шуд. Бо муносибати ин ҷашн дар бисёр ёдгориҳои меъмории вобаста бо номи Мирзо Улуғбек корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ авҷ гирифтанд, анҷуманҳои илмӣ барпо гардиданд.
Ин кори нек дар соли 2009 бо муносибати 615-солагии таваллуди Мирзо Улуғбек давом дода шуда, маълумотҳои нав дастраси мухлисони илму адаб гардид.
Дар ин рӯзҳо ба муносибати 625-солагии Мирзо Улуғбек дар ватанамон, хусусан дар Самарқанд, корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Дар осорхонаи Мирзо Улуғбек мо нашр кардани китоби илмию оммавии «Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Улуғбек», соати офтобии Мирзо Улуғбек, Барномаи электронии мултимедиявии «Мирзо Улуғбек», экскурсияи виртуалии осорхонаи Мирзо Улуғбек ба шакли 3Д, конференсияи илмӣ бахшида ба ин санаро ба нақша гирифтаем.

Раҳим ҚАЙЮМОВ,
мудири илмию 
амалии осорхона-лабораторияи ДДС.

Хонқул САМАРОВ,
директори осорхонаи Мирзо Улуғбек.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: