СИҲҲАТГОҲИ «ОМОНХОНА» – МАСКАНИ ШИФО

Ҳар рӯз аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳуриамон садҳо нафар ба орзуи шифоёбӣ, ба умеди нӯшидани оби ҳаётбахш ба сиҳҳатгоҳи «Омонхона» меоянд ва бо як ҷаҳон орзую умедҳо ба манзили хеш бармегарданд.

 Қобили қайд аст, ки пас аз кушодашавии  марзҳои  ҷумҳуриҳои бародарии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ беморон ба ин ҷо омада, саломатии худро барқарор мекунанд.
– Ман аз Қароқалпоқистон омадам,– мегӯяд Тилаб Ҷасбеков. – Зиёда аз 15 сол ба касалии гепатит мубталоям. Чанд сол пеш ҷигарам сахт шуда шикамам варам кард. Мувофиқи тавсифи ҳолдонҳо ба ин маскани шифо омада, фақат оби шифобахши онро нӯшидам. Бовар мекунед, дар муддати 15 рӯз саломатиам беҳ гашт, бемалол аз боло ба поён, аз поён ба боло ҳаракат мекардагӣ шудам. Бинобар тавсияи табибон ҳар сол мунтазам дар ин сиҳҳатгоҳ табобат мегирам, оби шифобахши онро дувоздаҳ моҳ менӯшам. Худоро сад шукр, ки саломатиам дубора барқарор гашт.
– Оби чашмаи Амонхона натанҳо ба ҷигар, – ба суҳбати мо ҳамроҳ гашт шаҳрванд аз ноҳияи Ҳазорасп Қувондиқ Ортиқов, – балки ба меъда, рӯда, диабети қанд ҳам як ба як даво будааст. Чанд сол қабл аз ин дар меъдаам ҷароҳат пайдо шуд. Шабҳо хоб надоштам. Хӯрокро дуруст истеъмол карда наметавонистам. Се сол боз ба ин ҷо омада, фақат обашро менӯшам, бо тавсияи шифокорон оббозӣ мекунам. Ҳоло аз он захмҳои меъдаам асаре намондааст. Мувофиқи ташхиси шифокорон дар таркиби хунам асорати диабети қанд низ буд. Ҳоло таркиби хун як меъёр буда, аз диабети қанд асаре нест. Бинобар ҳамин ҳам мо, беморони шифоёфта «Омонхона»-ро «Сиҳҳатгоҳи шифобахш» меномем. 
– Беморон метавонанд бо воситаи пули нақд, ё роҳхат дар сиҳҳатгоҳи мо табобат гиранд, – гуфт дар суҳбат директори он Шавкат Эрназаров. – Оре, оби ин чашма баҳо надорад. Вай ба бемориҳои диабети қанд, серроз, касалиҳои меъдаву рӯда ва ғайра давои беҳтарин аст.
Ният дорем то охири сол сехи шарбатҳои гуногуни давоиро сохта, ба истифода супорем.

Нуралии РАҶАБ,хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: