СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОД» БА КОР МЕОЯД

Кишваре, ки дар як вақту дар як фазои иқтисодиву сиёсӣ бо дигар ҷумҳуриҳои парокандагаштаи шӯравӣ ба истиқлолияти давлатӣ даст ёфтааст, дар марҳилаи аввали ин роҳ дар тафовут аз дигарон бо далели нооромиву даргириҳои дохилӣ фурсат пайдо накард, ки чун диёри озоду осуда ба ободонӣ ва фараҳманду бахтиёр намудани ҷамъияташ андармон гардад.

Чунин имконият ва замина пас аз аҳду паймони мусолиҳаи ҷонибҳои даргири дохилии сиёсӣ тобистони соли 1997 фароҳам омад ва сулҳи фарогир ба имзо расида, он сана чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими сиёсии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи муҳим дорад.
Баъди чунин таҳаввулоту нобасомониҳои даҳ соли охири асри ХХ дар ҷумҳурӣ ҷомеаву давлат ба ободониву фароҳам овардани шароит ва муҳити муносиб барои рушду равнақи саноат ва иқтисодиёту ҳаёти маданӣ ва иҷтимоӣ оғоз намуд. Мебоист тамоми соҳаҳои харобу валангоргаштаву осебдидаи иқтисодиёт, ҷомеаи аз лиҳози маънавиву моддӣ қашшоқгашта аз нав қомат ва қадри худро барқарор намуд. Аммо ба иллати вуҷуд надоштани захира ва заминаи моддӣ мақомоти расмии мамлакат водор мегардид барои гузоштани таҳкурсии ҳама бозсозӣ ва бунёдкориҳо ба ниҳодҳои байналхалқии молия ва сандуқҳои дигари вомдиҳанда муроҷиат намояд. Мардуме, ки тоза ба рӯзгори осуда расида буд, таҳаммулӣ ва бурдбориро пеша мекард, зеро аз неъмати ҳаёти собиту боэътимод пас аз солҳои зиёд баҳра бурдан барояш гуворо буд ва қадр дошт.
Дар ин қариб ду даҳсолаи охир захмҳо марҳам гардида, рӯ ба ҷониби равнақи иқтисодиву мардумсолорӣ ниҳода шуд ва қадам ба қадам кишвар қиёфаи собиқаи худро касб менамуд ва ҳоло дар ҷиҳати иқтисодӣ гомҳои назаррас гузошта мешавад ва бинобар натиҷаи давраи гузаштаи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 фоизро ташкил намудааст.
Барои пешрафти ин ё он соҳа роҳбарияти ҷумҳурӣ дар алоҳидагӣ барномарезӣ менамояд ва аз ҷумла соли ҷорӣ – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштааст. Дар робита бо ин соҳаҳо барномаҳои махсуси давлатӣ низ қабул гаштааст, ки тибқи он қиёфаи мамлакат аз лиҳози ҷолибияти сайёҳӣ ва инкишофу густариши ҳунарҳои халқӣ бо суръати баланд дар назари чашм тағйир меёбад.
Дар чанд рӯзи сафар мо – гурӯҳи журналистони ӯзбекистонӣ як моҳ қабл аз ин дар шаҳру ноҳияҳои шимолу марказ ва ҷануби ҷумҳурӣ ба ин дигаргуниҳо шоҳид гардидем.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд раиси ҳукумати он Зариф Назирӣ нақл намуд, ки дар ноҳия 7 ҳазор нафар ҳунарманд дар ҷиҳати 40 намуди ҳунармандӣ фаъолият дорад. Дар ноҳия 17 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атлас ва чор чунин маркази дигар ба қолинбофии дастӣ ихтисос ёфтааст. Бинобар суханони раиси ноҳия барои зинда намудани баъзе ҳунарҳои азбайнрафтаи мисли косибӣ, кулолгарӣ, шонасозӣ, кордсозӣ дар маҳал саъй зиёд аст.
Қобили қайд аст, ки аз аввали соли ҷорӣ фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ бо амри Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар гуна пардохти андоз ва дигар навъҳои он озод карда шудааст. Ин табиист, ки меҳнати хонаводагӣ, хусусан занону духтаронро рағбатнок месозад, ки бо ҳунарҳои маҳаллии занона ва ғайра машғул гарданд.
Чӣ дар ноҳияҳои вилояти Суғд ва чӣ дар шаҳри Истаравшану қалъаи Ҳисору шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар маҳсули дастони ҳунармандонеро дидем, ки аз қадим дар эҷодиёти даҳонакии халқ васфу тараннум гаштаанд. Шоистаи таҳсин аст, ки решаи бисёре аз ин ҳунарҳои мардумӣ дар ин марзу бум ҳанӯз дар об будааст ва ба ин далел масъалаи дубора зинда намудани ин пешаҳо гузошта нашудааст. Мисли ин ки вобаста ба минтақаву маҳал фарҳанг ва ҳаёти маишии мардум тафовут дорад, ҳамчунин маҳсули дастонашон низ бо намуд ва муқаррароти худ аз ҳам фарқ доштанд.
Дар бобати фурӯши ин маҳсулот низ дар дараҷаи мақомоти расмии мамлакат чораҳо андешида мешавад. 
Табиист, ки сайёҳони хориҷӣ қисми зиёди харидорони ин дастранҷҳо мебошанд. Аз ин боис ҳоло эътибор ва кор рӯйи рушд бахшидани сайёҳӣ зиёд аст. Дар ин росто инфрасохтор ҷанбаи муҳим ба шумор меравад ва ҳоло аз роҳу нақлиёт кашида то ободонии маконҳои диданӣ ва меҳмонхонадорӣ дар маркази эътибор қарор гирифтаанд. Мо ба ин дар панҷ рӯзи сафари заминии худ итминон ҳосил намудем, ки ин низ, агарчи сафари хидматӣ буд, бо роҳпаймоиву боздид аз намоишгоҳу растаҳои ҳунарӣ ва маконҳои зиёративу ёдгориҳои таърихӣ ва буду бош дар меҳмонхонаҳо вобаста буд.
– Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 120 ширкати сайёҳӣ фаъол аст, – мегӯяд раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода. – Дар ёздаҳ муассисаи олии таълимӣ барои соҳа кадрҳои соҳибмалака тарбия карда мешавад. Дар айни ҳол сайёҳони хориҷӣ дар зарфи 1-2 рӯз имкон доранд раводид (виза)-и электрониро соҳиб гарданд, ки ин имкон дод низоми раводиди электрониамон ба панҷгонаи беҳтарини ҷаҳон дохил гардад.
Шаҳри Душанбе аз рӯйи амнияти шабона ба даҳгонаи беҳтарин, ҷумҳурӣ аз рӯйи саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ ба ҳафтгонаи беҳтарин тавсия гаштаанд. Боз он нукта қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Шоҳроҳи Помир се маротиба ба даҳгонаи шоҳроҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гаштааст, – илова мекунад раиси кумитаи сайёҳӣ.
Табиист, ки ҳамаи ин заминаҳои мусоид ва шароити муносиб омили асосии рушди соҳа мегардад ва рақамҳо аз ин далолат менамоянд – дар як соли охири тақвимӣ аз 150 кишвари дунё қариб ним миллион сайёҳ аз ҷумҳурӣ боздид намудааст, ки ин афзоиш соле 25 фоизро ташкил намудааст. Сайёҳии дохилӣ низ миқдоран аз он кам нест. Ба ҷои хулоса гуфтан мумкин аст, сиёсати «дарҳои кушод», ки роҳбарияти мамлакат ба амал татбиқ менамояд, чӣ дар сайёҳӣ ва чӣ дар дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ба кор меояд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: