СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН – ДАР АМАЛ

Солҳои охир бобати тарбияи комили насли наврас, барои ба ҳаёти мустақил тайёр кардани ҷавонон фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Солҳои охир бобати тарбияи комили насли наврас, барои ба ҳаёти мустақил тайёр кардани ҷавонон фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ба мақсади мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. 30 июн дар мамлакат «Рӯзи ҷавонон» эълон карда шуд. Ба мақсади рағбатноксозии ҷавонони кишвар, ки дар ҷабҳаҳои гуногун ба комёбиву натиҷаҳои баланд муваффақ мегарданд, мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» ва медали «Келажак бунёдкори» таъсис ёфтанд.
Алҳол дар мамлакат панҷ ташаббуси муҳим амалӣ мегарданд, ки ба васеъ ҷалб кардани ҷавонон ба соҳаҳои маданияту санъат, тарбияи ҷисмониву варзиш, афзудани саводнокии онҳо бинобар технологияҳои олии иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар байни ҷавонон, таъмин кардани занону духтарон бо шуғл нигаронида шудаанд. Соли 2021 дар мамлакат «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ» эълон гардид ва дар ин бобат Барномаи давлатӣ қабул шуд. Дар пояи дастурҳои иловагии вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон барои вусъат додани иқтидору салоҳияти онҳо, мутахассиси шоистаи соҳаи писандидаи худ шудани ҷавонон ва инкишоф додани иқтидорашон дар байни доираи васеи ҷавонон баргузор кардани чораву тадбирҳои шавқмандкунӣ пешбинӣ гардидаанд.
13 апрели соли 2021 таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд, ки дар он ба масъалаҳои бо шуғлфарогирии ҷавонон, пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо эътибори махсус зоҳир гардид. Дар ин ҷамъомади видеоӣ махсус таъкид шуд, ки бояд ба баргузор кардани ҷашнвора ва мусобиқаҳои гуногун, ҳавасманд намудани ҷавонон ба варзиш, маданият ва санъат, таъмин кардани иштироки онҳо дар озмунҳои бонуфузи байналхалқӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Рӯзҳои 14-16 майи соли равон ба ҳамин мақсад дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд таҳти сарпарастии ҳокими вилоят ва оҷонсии корҳои оид ба ҷавонони Ӯзбекистон ҷашнвораи «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид бошем!» баргузор гардид. Дар он аз тамоми ҳудудҳо бисёр ҷавонон фаъолона иштирок карданд.
Ҷашнвораи мазкур бо риояи комил ба қоидаҳои карантин гузашт ва дар он бисёр барномаҳои шавқовар, тренинги тоҷирони машҳур, сабақҳои варзишгарон, намунаҳои мӯд ва дизайн намоиш дода шуданд. Дар ҷашнвора барои чорабиниҳои умумӣ бо мақсади пурсамар гузаронидани вақти холии ҷавонон бозиҳои зеҳнӣ, майдони рақс, клуби махсус барои занон, шаҳраки таомхурӣ ва бачагона барпо карда шуданд.
Ҷашнвора бо барномаҳои шавқовар маҳдуд нагардид. Дар ин ҷо барои иштирокдорони ҷашнвора ба мақсади намоиш додани асрори корҳои эҷодии худ ҳунармандони ҷавон ҷалб карда шуданд. Иштирокдорони тадбир ва ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо тақдир карда шуданд.
Ҳамчунин барои тарбиятгарони хонаҳои меҳрубонӣ, фарзандони оила-ҳои эҳтиёҷманд, умуман барои 50 нафар писарон иқдоми «Тӯйи суннат» гузаронида шуд.
Дар бозори ҷойҳои холии корӣ корхонаву ташкилотҳо бо 10-12 ҷойи холии кор иштирок намуданд, рӯзҳои ҷашнвора беш аз  300 нафар ҷавонон барои кори дилхоҳи худ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин бинобар омӯзондани пайвандгарӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагӣ барин касбҳо роҳхатҳо супурда шуданд.
Беҳуда нест, ки ин ҷашнвораи ҷавонон, ки бори аввал баргузор мегардад, дар вилояти Тошканд ва боз дар шаҳри Чирчиқ гузаронида шуд. Дар ин шаҳр бобати бо шуғлфарогирӣ, ҳамчунин бо манзил таъмин намудани оилаҳои ҷавон корҳои бунёдгарӣ бо суръат идома доранд.
Ба тарзи хулоса, агар гӯем, ки ҷашнвораи дар шаҳри Чирчиқ баргузоршудаи ҷавонон барои вусъат бахшидани иқтидору салоҳият, мутахассиси сазовори соҳаи писанддидаи худ гардидани онҳо ба сифати тадбири шавқмандгардонӣ хидмат хоҳад кард, муболиға намешавад. Ҷашнвораи мазкур, ки се рӯз идома дошт, 16 май навбатро ба вилояти Андиҷон супурд.

Моҳира ХӮҶАЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: