СИЁСАТИ ИНВЕСТИТСИОНӢ ВА ДАРАҶАИ ҲАЁТИ МАРДУМ

Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ сармоягузорӣ аҳамияти калон дорад.

Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ сармоягузорӣ аҳамияти калон дорад. Зеро ҳар чӣ қадар инвеститсия афзоиш ёбад, ҳамон қадар иқтидору иқтисоди мамлакат пурсамару пурзӯр хоҳад шуд. 
Таҷрибаи кишвар исбот кардааст, ки афзоиши иқтисод аз молия вобаста мебошад.
– Мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки дар соли нав қисми даромадҳои буҷетиро боз ҳам барзиёд иҷро намоем, – гуфт сардори Садорати идораи молияи вилояти Самарқанд Ботур Мирзоев, – охир афзоиши иқтисодиёт имконияти  ривоҷдиҳии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб, таълим, нав кардани инфрасохтор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро васеътар мекунад. Аз ин сабаб, дар соли 2022 роҷеъ ба такмили сиёсати андозу буҷет даромадҳои буҷети маҳаллӣ дар Самарқанд 3 триллиону  956 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Боз як навиди муҳим – ба мақсади бо тадбиркорӣ ва шуғли фоиданок таъмин кардани аҳолӣ сохтори нави кори маҳаллабайъ, яъне барои роҳандозӣ кардани фаъолиятҳои ёрдамчиёни ҳоким дар маҳаллаҳо аз буҷаи вилоят қариб 84 миллиард сум маблағ ирсол хоҳад шуд.
Кишвари мо бо шароити мураккаби демографӣ, яъне афзоиши аҳолӣ низ фарқ дорад. Масалан, ҳар сол аҳолии ҷумҳурӣ ба 600-650 ҳазор нафар меафзояд. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки барӯихатгирии аҳолӣ гузаронида шавад. Аз ҳамин сабаб моҳи феврали соли 2019 фармони сарвари давлатамон дар бораи гузаронидани  рӯихатгирии аҳолӣ ба имзо расид.
Аксарияти мардуми мо фикр мекунанд, ки чунин тадбир барои муайян намудани чӣ қадар будани аҳолӣ гузаронида мешавад. Ин рост, вале боз афзалияти тадбир дар он аст, ки мо боз ба маълумоти чӣ қадар мардум бо кори фоидаовар машғуланд, кӣ ба чӣ муҳтоҷ шудааст, масъалаҳои таъминот бо манзили зист, истифода аз қитъаи назди ҳавлӣ дар кадом сатҳ ва ғайра соҳиб мешавем.
Бешубҳа, маъракаи муҳими сиёсӣ – рӯихатгирии аҳолӣ ба бисёр саволҳо ҷавоб хоҳад дод.
– Статистика илмест таҳлил ва тадқиқи ҷиҳатҳои миқдори ривоҷи истеҳсолоту ҷамъият ва таносубу тағйироти онҳоро меомӯзад, – мегӯяд устоди Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд Илҳом Вафоев.
Чанде пеш  мо аз таҷрибаи таҳлилу баҳодиҳӣ ба  ривоҷу равнақи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ бепарво будем. Хушбахтона, бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон дар мамлакат таваҷҷуҳи хоса ба инвеститсия нигаронида шудааст. Ҳукумат ба нақша гирифтааст, ки дар солҳои 2022-2026 ба кишварамон 70 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дохил шавад. Ин маънои онро дорад, ки  иқтисод мустаҳкам гардида, некӯаҳволии мардум афзун мегардад.
Дар сессияи навбатии шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд таъкид гардид, ки соли равон бо такмили сиёсати андозу буҷет даромад ба 4,5 триллион сӯм хоҳад расид.
Ин маънои онро дорад, ки дар Соли гиромидошти инсон ва рушди маҳалла  сатҳи зиндагӣ боз ҳам баланду беҳтар мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: