СИЁСАТИ ИҚЛИМ ДАР МАЙДОНИ МУЛОҚОТИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ

26-27 июли соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаҳои тағйироти иқлим Конфронси чаҳоруми Осиёи Марказӣ (КТИОМ) баргузор шуд.

26-27 июли соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаҳои тағйироти иқлим Конфронси чаҳоруми Осиёи Марказӣ (КТИОМ) баргузор шуд. Мақсад аз баргузории он дасгирӣ намудани мулоқоти минтақавӣ, истифодаи дониш ва маълумотҳои вобаста ба тағйироти иқлим, табодули таҷриба, дақиқ намудани имконияти ҷонибҳо бинобар саъю кӯшишҳои ҳамкорӣ буд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ мулоқоти тарафайни вакилони парлумони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар назар дошта шуда, дар вохӯриҳо ҳаллу фасли мушкилоти тағйироти иқлим дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои такмил додани асосҳои қонунгузории миллӣ дар ин соҳа таҷдиди назар гардиданд. Дар чорабинии мазкур, ки барои таъмин сохтани пешрафти устувори Осиёи Марказӣ муҳим ба шумор меравад, вакилони парлумони Ӯзбекистон низ ширкат ҷустанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар натиҷаи саъю ҳаракатҳои конструктивие, ки дар миқёси байналхалқӣ иҷро мешаванд, бо ташаббуси роҳбари давлати мо дар анҷуманҳои байналмилалӣ барои минтақаи Наздиарал дар асоси шарикии бисёрҷанба бунёди трасти СММ ташкил гардид ва минтақаи Наздиарал ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон карда шуд.
Бояд таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли равон дар ҳамоиши дуюми байналмилалии анҷумани видеоие, ки дар шаҳри Сеул таҳти мавзӯи «Ҳамкорӣ барои рушди сабз ва ҳадафҳои ҷаҳонӣ 2030» баргузор гардид, махсус таъкид намуд, ки барои қабул кардани қарорҳои самарабахш бинобар таъмин сохтани пешрафти «сабз» ва устувор бояд саъю кӯшишҳои тамоми ҷомеаи байналхалқӣ муттаҳид карда шаванд. 
Дар он таъкид шуд, ки Ӯзбекистон дар доираи Шартномаи Париж ба ӯҳдадории то соли 2030-юм ба зимма гирифтааш бобати кам кардани ба ҳаво хориҷ намудани гази гармхонаҳо содиқ мебошад. Вобаста ба ин қайд шуд, ки дар Ӯзбекистон тайи даҳ соли наздиктарин технологияҳои «сабз» ва лоиҳаҳои «сабз»-и соҳаи энергетика амалӣ мешаванд, онҳо имконият медиҳанд, ки саҳми манбаъҳои энергетикӣ се баробар зиёд гардад.
Зикр шуд, ки соли оянда дар Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Энергетикаи сабз барои кишварҳои ривоҷёбанда» гузаронида мешавад, ҳамчунин бо мақсади ташаккул додани маданияти истеъмоли «сабз» барномаи махсус барои ҷалб сохтани ҷавонон ба бунёди иқтисодиёти «сабз» татбиқ мегардад.
Маданияти истеъмоли «сабз» ин, пеш аз ҳама, дарки масъулияти экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ, ба мақсади рушди «иқтисодиёти сабз» инкишоф додани истеҳсолот ва маданияти истеъмолро дар бар мегирад. Аз синни хурдӣ ба шуури инсон ҷойгир кардани хислатҳои мазкур, бешубҳа, самараи хуб медиҳад.
Бинобар ҳамин ҳам ба бунёди иқтисодиёти «сабз» ҷалб намудани ҷавонон ва баҳри ин коркарди барномаи махсус, ки аз ҷониби роҳбари давлат пешниҳод гардид, ба афзудани маданияти экологии ҷамъият имконият фароҳам меоварад.
Дар Конфронси байналхалқие, ки ба қарибӣ таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ: ҳамгароии минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» баргузор шуд, низ 10 ташаббуси асосии Президенти мо бинобар таҳдидҳо ва имкониятҳо, ҳамчунин инкишофи устувор пешниҳод гардиданд. Дар байни ташаббусҳои мазкур ба масъалаҳои мувофиқ шудан ба тағйироти иқлим, дар минтақа инкишоф додани иқтисодиёти «сабз», минбаъд роҳ надодан ба хушкшавии ҳаммонанди Баҳри Арал, ҳамчунин дар ҳамкории тарафайн ва СММ дар ҳудуд таъмин сохтани бехатарии хӯрокворӣ эътибори махсус дода шуд.
Ба сифати хулоса метавон гуфт, ки мақомоти давлатӣ ва вакилони парлумон, ки дар ин анҷумани байналхалқӣ иштирок доштанд, ташаббусҳои пешқадами сарвари Ӯзбекистонро, ки дар соҳати байналхалқӣ пеш гузошта шуданд, таъкид карданд.

Ислом ХУШВАҚТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи Ҳизби экологии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: