СИЁСАТМАДОР ВА ДУРӮҒГӮ

(Муколама)

Дар чорроҳае сиёсатмадор ва дурӯғгӯ вохӯрданд ва ба якдигар салом надода, ба баёни фикр сар карданд. Вазъи зиндагии мардум, гуфт сиёсатмадор, маро ба ташвиш овардааст, мехоҳам баъзе принсипҳои ҳаётии мардумро тағйир диҳам, то ки мардум аз тангноии зиндагӣ раҳо ёбанд.
Шумо сиёсатмадорон, ҷавоб дод дурӯғгӯ, фақат вазъи зиндагии мардумро халалдор мекунеду халос. Дар амал корро ба хубӣ иҷро карда наметавонед. Шумо ростгӯй нестед. Гапҳои шумо бениҳоят фиребангез, бесару нӯг, дилхунук, оғӯшта бо худситоию худсозист. Бадбахтии шумо, сиёсатмадорон, давом дод дурӯғгӯ, дар он аст, ки моҳияти дурӯғи худро дарк карда наметавонед ва онро ба як намуди фарҳанг табдил додаед. Бесабаб нест, ки сиёсатро омиён кори касиф мегӯянд.
Агар холисона гӯям, ҷавоб дод сиёсатмадор, дар асл ман шумо барин дурӯғгӯ нестам, аммо зиндагӣ маҷбур мекунад, ки дурӯғ гӯям. Дар натиҷа дурӯғгӯӣ ба касби дувуми ман табдил ёфт. Ман аз дурӯғгӯии худ розӣ ҳастам, зеро ба василаи он норасоиҳои маишии худро комил мекунам. Боз аз он ифтихор дорам, ки дурӯғгӯӣ дар замони мо мақоми баланди байналмилалӣ гирифтааст ва ба он номи «фейк»-ро додаанд. Агар ба гӯиши омма ифода кунем «фейкхола». Фейкхола ба расонаҳои иттилоотӣ ҷон мебахшад, онҳоро аз бекорию муфлисӣ наҷот медиҳад. 
Шумо – сиёсатмадорон, гуфт дурӯғгӯ, манфиати шахсӣ, гурӯҳиро бо манфиати давлатӣ ва ҷомеа омехта, тарзе вонамуд мекунед, ки замонати некуаҳволии халқ бошед. Дар асл бошад, ин баръакси кор аст. Шумо саъй мекунед, ки дурӯғгӯии худро аз лиҳози илмӣ асоснок кунед ва иддао доред, ки дурӯғ пояҳои ҳастии кунунии шахс ва ҷомеаро шакл медиҳад. Барои шумо ростгӯӣ гӯё баробари беадабӣ, ғайриахлоқист. Ростгӯӣ пояи мақомталабии шуморо мешиканад. Дурӯғи ман бошад, давом дод дурӯғгӯ, мақомталабӣ нест. Дурӯғи мо мастиовар аст. Мо тибқи фармудаи Шайх Саъдӣ, «Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез» амал мекунем. 
Шунидаем, ки дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто», гуфт сиёсатмадор, дурӯғ ва рост бо якдигар доимо дар муборизаи шадид ҳастанд. Замоне мерасад, таъкид мешавад дар он, дурӯғ ҳама ҷоро мисли меғи ғализ (туман) фаро мегирад ва ба «шараф»-и одамӣ табдил меёбад. Масалан, дурӯғ дар замони мо дар тамоми истеҳсолоти амволи зиндагӣ: ҷуворимакка, соя, равғани рустанӣ, маргарин, майонез, шоколад, пахта ва ғайра, дар нӯшокӣ, шарбат, дар рисолаҳои илмӣ, дар минбарҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дар саҳнаҳои ҳунарӣ, дар доруворӣ, дар радио ва телевизион ва ғайра ва ҳоказо ҷой дорад. Хулоса, дурӯғ дар замони мо ба категорияи воқеии фалсафӣ, муқтазои ростӣ ва ҳақиқат, табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки дурӯғ як қисмати чудонопазир ва раднашавандаи ҳастии имрӯзаи моро ташкил медиҳад. 
Фарқи дурӯғи сиёсатмадорон, ба фикрам, гуфт дурӯғгӯ, аз дигар намудҳои дурӯғ дар он аст, ки дурӯғи шумо аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои муайян, яъне аз худи халқ маблағгузорӣ мешавад. Мантиқан метавон чунин хулоса баровард, ки мардум барои фиреб хӯрдани худ дар шакли андоз пул месупоранд. Ҳанӯз дар асри XVII Балтасар Грасиан – нависанда ва файласуфи испанӣ дар «Сиёсат»  ном асараш  навишта буд, ки ман барои қурбони дурӯғ шудани худ пул месупорам ва барои баландтар ҷилва кардану фаввора задани он кӯшиш мекунам, зеро ин амал бароям хушоянд аст. 
Гап дар сари он аст, ки, гуфт дурӯғгӯ, одамон ё аз камсаводӣ, ё аз содадилию бетаҷрибагӣ ба дурӯғ зуд бовар мекунанд. Ин, дар навбати худ, барои амали дурӯғгӯён майдони васеъ фароҳам меоварад. Мо барои дурӯғи худ аз давлат ва аз ягон ширкати хусусӣ пул талаб намекунем. Мо, чун шумо – сиёсатмадорон, ранҷи якеро ба роҳати дигар табдил намедиҳем. Дурӯғи мо – фитрист. 
Шумо, гуфт сиёсатмадор, бо асари журналист ва нависандаи итолиёӣ Ҷонни Родарии асри ХХ «Ҷелсамино дар кишвари дурӯғгӯён» шинос нестед. Дар мағозаҳои нонфурӯшии ин кишвар ба ҷои булочка ранг мефурӯшанд, роҳзанонро чун шахсони поквиҷдон муаррифӣ мекунанд, одамони беақлро пешво мегӯянд ва ғайра. Албатта, идома дод сиёсатмадор, дурӯғ барои шахс, мардум зарар ҳам меоварад: обрӯи касро мерезад, ахлоқ ва маънавиятро халалдор мекунад, дер ё зуд аз вазифаю мансаб барканор месозад ва ғайра.
Бо вуҷуди ин, гуфт дурӯғгӯ, мо ҳарду ин корро мекунем ва чун одат аз он даст намекашем, зеро боз ба таъбири ҳамон Грасиан Балтасар, сиёсатмадор ва дурӯғгӯ бародару додаранд. Агар бо мафҳуми имрӯз ифода кунем ДНК-и мо ягонаест, генҳои мо бо генҳои ростию ростгӯӣ мувофиқат намекунанд.

Ҳақназар 
ҚУРБОНМАМАДОВ.

Ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: