Шӯрои собиқадорони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шофиркон чун анъана ба ҳурмату эҳтироми собиқадорони меҳнат эътибори махсус медиҳад.
Алҳол дар мамлакати мо ба куҳансолон беҳтар кардани шароити зист ва ҳифзи саломатии онҳо ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ҳоло дар Шофиркон 535 нафар собиқадороне, ки дар соҳаи корҳои дохилӣ фаъолият нишон дода, ба нафақа баромадаанд, умр ба сар мебаранд. Онҳо имрӯз ҳам дар маҳаллаҳои гуногуни ноҳия фаъолияти худро идома медиҳанд. Аз ҷумла 4 нафар раиси маҳалла, 6 нафар ҷонишини раис, 2 нафар ҳуқуқшинос-адвокат, 6 нафар омӯзгор, 9 нафар фермер, қариб 80 нафар соҳибкор ва корманди идораи давлатӣ мебошанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои 1975-1991 дар ҳудуди ноҳия ҷамъ 6 инспектори қитъа фаъолият дошт. Ба ҳар як нозири қитъа лозим меомад, ки дар ду хоҷагии ҷамоавӣ байни 18-20 ҳазор нафар аҳолӣ кор барад, 25-30 километр роҳро тай кунад. Ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия рӯзе як автомобил аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ омада навбатдорӣ мекард. Ба ҷойи воқеа саривақт расидан осон набуд. Ҳарчанд мушкилиҳо ҷой доштанд, кормандони соҳа собиқадорони имрӯзаи меҳнат баҳри кушодани гиреҳи ҷиноятҳо саъй мекарданд. Охири сол дар ноҳия танҳо як ё ду ҷиноят сарбаста (нокушода) мемонд.
Ба туфайли масъулиятшиносии кормандони шуъба Бӯрӣ Ҳамдамов, Турсун Султонов, М. Мустақимов, Эгам Зойиров, Телмон Қурбонов, Исмоил Нурмуродов, Ҷумъа Шоев, Рустам Носиров гиреҳи қонуншиканиҳо боз гардида, онҳо сазовори мукофоти давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ шудаанд.
Ҳоло бо ташаббуси Президент масъалаи ғамхорӣ ба куҳансолон ва собиқадорони меҳнат ба равияи устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Солҳои сипаришуда мақомоти корҳои дохилӣ роҳи пуршарафро тай карда, ба сохтори хидматрасони манфиатҳои мардум мубаддал шуд, дорои воситаҳои моддию техникавии муосир ва кадрҳои соҳибилму таҷрибаи касбӣ гардид. Имрӯз барои хидмати самараноки кормандони соҳа имконияту шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Солҳои охир барои бо манзил таъмин кардани кормандони соҳа корҳои зиёди эҷобӣ татбиқ мешаванд.
Дар ноҳия қариб 50 автомобил ба кормандони хидмати профилактика хидмат мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки осоиштагии мардуми маҳалҳо табъи дил ҳифз карда шавад.
Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 27 сентябри соли 2019 ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи октябр «Ҳафтаи куҳансолон» гузаронида мешавад, дар ин асос як қатор чорабиниҳо, аз қабили хабаргирӣ аз ҳоли пирамардон, нафақахӯрони танҳо, ҳал кардани муаммоҳои иҷтимоии онҳо, ташкил намудани мулоқоту суҳбат, вохӯриҳои «Се авлод» ва ғайра сурат мегиранд.
Роҳи зиндагӣ – рӯзгори собиқадорони меҳнат, ҳаёти ибратбахши нурониёни соҳа, садоқату ватандӯстии онҳо, барои ҷавонон, аз ҷумла кормандони имрӯзаи соҳа намунаи ибрат мебошанд.
Ботир СОЛИЕВ, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шофиркон.
Таҳияи Амрулло Авезов.