СОДИРОТ МЕАФЗОЯД

Солҳои охир дар мамлакат барои соҳибкороне, ки корхонаҳои гуногунро ба кор андохта, ҳамдиёронашонро бо кори доимӣ банд ва баҳри ривоҷи иқтисодиёт саҳм мегузоранд, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад.

Солҳои охир дар мамлакат барои соҳибкороне, ки корхонаҳои гуногунро ба кор андохта, ҳамдиёронашонро бо кори доимӣ банд ва баҳри ривоҷи иқтисодиёт саҳм мегузоранд, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад.
Корхонаамон моҳи феврали соли 2013 бо 4 нафар дӯзанда ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳоло дар ин ҷо 106 нафар занону духтарони маҳаллӣ ва хатмкардагони коллеҷҳои касбу ҳунар меҳнат мекунанд. Шиму костюм ва палтоҳоямон аввалҳо дар бозори маҳаллӣ ба фурӯш мерафт. Аз соли 2015 маҳсулотамон ба хориҷ бароварда мешавад. Соли гузашта содиротамон 533 ҳазор долларро ташкил кард.
Корхона бо дастгоҳҳои ҳозиразамони дӯзандагии Олмон, Ҷопон ва Чин таъмин аст.
Бо саъю кӯшиши сардори сех Анварҷон Раҳимбердиев, дизайнер Баҳромҷон Абдураҳмонов, дӯзандагон Малоҳат Қӯчқорова, Кимёхон Худоёрова, Муаззам Умарова, Фотима Мӯъминова, Сабоҳат Ёқубҷонова, Довуд Усмонов, Абдувоҳид Мамасиддиқовҳо маҳсулоти корхонаамон харидоргир буда, торафт шумораи миҷозон меафзояд. Ба шароити ҳозираи карантин нигоҳ накарда, ҳар моҳ 500 миллион сӯмина маҳсулот бароварда мешавад.
Барои омаду рафти кормандону хидматчиён мошинҳо ҷудо карда шудааст. Ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ, хонаи истироҳат мавҷуд буда, барои хотирҷамъ меҳнат кардани кормандон ҳамаи қулаиҳо фароҳам оварда шудааст.
Оилаҳои камтаъмин ва муҳтоҷ низ таҳти эътибори мост. Аз  ҳоли онҳо хабар гирифта, масолеҳи хӯрокворӣ пешкаш менамоем.
Ба тараққиёти мамлакатамон ва фаровонии халқамон ҳисса гузоштан ва занону духтарони хонанишин ва хатмкунандагони коллеҷҳои касбу ҳунарро бо кори доимӣ банд кардан ба мо мамнунӣ мебахшад.

Аъзамҷон ИНЪОМОВ,
сардори корхонаи «Само тикув сервис»-и ноҳияи Уйчии вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: