СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ – МАНБАИ АСОСИИ ДАРОМАД

Ҷамъияти саҳҳомии «Бешариқтекстил» аз корхонаҳои саноатие ба шумор меравад, ки дар замони шӯравии собиқ арзи вуҷуд кардааст.

Он соли 1981 ба сифати филиали комбинати бофандагии Фарғона таъсис ёфтааст. Дар солҳои салтанати шӯравӣ дар маркази яке аз ноҳияҳои минтақаи Қӯқанд барпо шудани чунин як корхонаи бофандагӣ таҳаввулоти бузург шумурда мешуд. 
Аммо бо мурури вақт ин корхона ба сабабҳои гуногун заиф гардид ва коргарони зиёд  маҷбур шуданд, ки шуғли дигар пайдо кунанд. Ба гуфтаи директори генералии «Бешариқтекстил» Мухторхӯҷа Қобилов танҳо тантанаи истиқлолияти кишвар мусоидат намуд, ки ин корхона беш аз пеш фаъолтар гардад ва ба яке аз ҷойҳои асосии бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ табдил ёбад.
– Соли 1998 корхона, ки комилан бозсозӣ карда шуд, ба корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия табдил ёфт ва «Бешариқтекстил» унвон гирифт. Ҳамон солҳо теъдоди коргарони  корхонаамон сесаду панҷоҳ нафарро ташкил мекард. Ин дар ҳолест, ки акнун шумораи коргарони мо аз ҳафтсад нафар бештар мебошад, – тазаккур дод Мухторхӯҷа Қобилов.
«Бешариқтекстил» соле як ҳазору дусад тонна пунбаро мавриди коркард қарор медиҳад. Айни замон корхона аз ҳисоби содироти маҳсулот даромади калон ба даст меорад.
– Солҳои аввал мо калоба содир мекардем. Аммо бо фарох намудани домани фаъолият муваффақ шудем, ки маҳсулоти тайёрро низ ба хориҷи кишвар содир намоем. Ин маҳсулот либосҳои кӯдакон ва занонаро ташкил медиҳанд, – қайд намуд директор.
Маълум шуд, ки корхона дар шаҳри Маскав «Хонаи савдо»-и худро низ ҳамчун ширкати алоҳида таъсис додааст. Дар айни замон ширкат фурӯши маҳсулоти корхонаи мазкурро барои сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия ба роҳ мондааст.
– Президенти мамлакат ҳамеша таъкид менамояд, ки танҳо афзоиши содироти маҳсулот метавонад нерӯи иқтисодии корхонаҳои хурду бузургро пурқувват созад. Мо ба манзури густурдатар шудани домани фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва содироти он талош карда истодаем. Аз тариқи «Ипотекабанк» ба даст овардани даҳ миллиард  сӯм кредити дарозмуддат барои амалӣ сохтани ин нақшаҳои мо асоси молӣ ба вуҷуд меорад. Ин маблағро ҷиҳати харидории дастгоҳҳои рангмолӣ, хушккунӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва чопкунӣ сарф хоҳем кард, – ба суҳбат пайваст мушовири корхона Паскуале Сколотси.
Мавсуф қайд намуд, ки ин дастгоҳҳо дар Олмон, Италия, Хитой ва ИМА тавлид мешаванд ва харидории дастгоҳҳои зерин имкон фароҳам меоранд, ки сифат ва миқдори маҳсулоти корхонаи «Бешариқтекстил» ба даҳ фоиз, ҳамчунин коркарди ҳаҷми наху калобаи он ба ду тонна афзоиш ёбад. Аз ин ҳисоб боз дусад ҷои нави кор фароҳам оварда мешаванд. Коргарон он вақт дар се баст машғули кор хоҳанд шуд.
Ногуфта намонад, ки дар айни замон корхонаи муштараки «Бешариқтекстил» шаст фоизи маҳсулоти худро ба хориҷа содир менамояд.
– Пахта аз чунин маҳсулоти кишоварзист, ки коркарди он метавонад намуди зиёди маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро ба вуҷуд орад. Аммо дар айни замон барои мо бо усули кластер ба парвариши пахта машғул шудани деҳқонони шуҷоаткор муҳим мебошад, зеро он имкони интихоби навъҳоеро фароҳам меорад, ки маҳз барои истеҳсолоти мо заруранд. Ин усул ҳатто дар мавриди интиқоли ашёи хом то корхонаи мо низ афзалиятҳои худро дорад. Гузашта аз ин, робитаи корхонаи мо бо кишоварзон боз ҳам наздик хоҳад шуд, – гуфт Мухторхӯҷа Қобилов.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки корхонаи «Бешариқтекстил» кори сехҳоро дар чаҳор марҳила ба роҳ мондааст, ки аз ресандагӣ, рангмолӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ иборатанд. Усули мазкур дар мавриди иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои онҳо мусоидат менамояд. Ба ибораи дигар, маҳсулоти хом ё нах маҳсулоти тайёр шуда мебарояд, ки барои содирот мувофиқ мебошад.
– Панҷ тамоили устувори Стратегияи ҳаракати рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар ҳар маврид сармашқи кори моро ташкил медиҳад. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев зимни сафарҳои корӣ ва мулоқотҳо бо меҳнаткашон ба он нукта таъкид намудааст, ки аз пахта танҳо маҳсулоти тайёр бояд истеҳсол ва содир шавад. Маҳз ҳамин нукта вазифаи моро мушаххас намудааст, – ишора намуд Мухторхӯҷа Қобилов.
Бар асоси шаҳодати мавсуф танҳо дар сехи дӯзандагии корхонаи муштараки «Бешариқтекстил» сесад нафар зан машғули дӯхтани либосҳо мебошанд, ки асосан барои содирот ихтисос дода шудаанд. Онҳо ин либосҳоро дар машинаҳои дӯзандагии тамғаи «Juki»-и истеҳсоли Япония медӯзанд.
– Нӯҳ сол мешавад, ки дар сехи дӯзандагии корхонаи мазкур кор мекунам. Дар айни ҳол маро устои сех таъин кардаанд. Ин вазифаро низ сарбаландона иҷро карда истодаам. Ба духтароне, ки ба корхонаи мо тоза ҷалб шудаанд, усулҳои дӯхтани либосҳои кӯдакон ва занонаро ёд медиҳем. Вақте ки худашон мустақилона кор мекардагӣ шуданд, оҳиста малакаашон зиёд шуда рафтан мегирад. Аз маоше, ки бароям муқаррар кардаанд, қаноатманд ҳастам, – мегӯяд Озодахон Ҳошимова.
Дизайнерҳои корхонаи мазкур Ҳилола Йигиталиева ва Дилноза Каримова дар интихоби ранги матоъҳо, чопи тасвирҳо ба рӯи матоъ ва фасони либосҳо кайҳо ба дараҷаи устои кори худ расидаанд. Ҳилола Йигиталиева мегӯяд, ҳар як рангу тасвири матоъ тибқи дархости муштариёнашон интихоб карда мешавад ва ин усули кор теъдоди муштариёнро танҳо афзоиш хоҳад дод.
Дар сехи бофандагии корхона яксаду бист нафар машғули кор мебошанд. Дар он дастгоҳҳои бофандагии истеҳсоли Олмон «Mayer Cie» гузошта шудаанд, ки матоъҳои наваду панҷ дарсад пахтагӣ ва панҷ дарсад нахи синтетикӣ мебофад. Дар сехе, ки шаст нафар коргаронаш машғули рангмолии матоъҳо мебошанд, ба воситаи дастгоҳҳои истеҳсоли Италия, Олмон ва Туркия дар се баст кор иҷро карда мешавад. Ҳамчунин дар сехи ресандагӣ низ яксаду панҷоҳ нафар коргарон машғули ресидани калобаҳо мебошанд.
Интизор меравад, ки корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия- «Бешариқтекстил» дар солҳои наздик бо корхонаҳои беҳтарини бофандагӣ ва дӯзандагии кишварҳои хориҷӣ вориди рақобат хоҳад шуд. Зеро барои пешрафт ва ривоҷи кор ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитро фароҳам кардааст. Аз дастандаркорони он танҳо эҳсоси масъулият ва хоҳишу ирода тақозо мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик» 
дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: